Падидаҳои баҳорӣ
Азиза Азизова ва Гулнора Насриддинова то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ берун аз шаҳри Сарбанд муаррифӣ нашуда буданд. Дар рӯзҳои ҷашн баргузории як мусобиқаи бошукӯҳи гӯштигирӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и маркази вилояти Хатлон сабаб шуду беш аз 20 ҳазор мухлис шоҳиди ҷасорату маҳорати паҳлавонии ин дугонаҳо гардид. Вақте дар майдон дигар духтарони гӯштигир пайдо нашуданду Гулнораву Азиза паҳлавонбачаҳоро ба набард даъват карданд, садову кафкӯбиҳои мухлисон ба фалак печид. Ғалабаи Азиза бар ҷавонписаре, ки қаблан Гулнораро мағлуб карда буд, гуворотарин лаҳзаи он мусобиқа буд. Маҳз дар ҳамин нерӯсанҷии бонуфуз устодони маъруфи гӯштии миллӣ эътимод ҳосил намуданд, ки тасмими духтарони сарбандӣ дар интихоби ин намуди варзиш хеле ҷиддист.
– Давоми ду сол дар мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок карда наметавонистем, – мегӯяд Азиза Азизова. Дар наврӯзгоҳ ману Гулнора аввал бо ҳам ва баъд бо писарон гӯштӣ гирифтем. Доварҳо иқдоми моро хуб пазируфтанд. Дастгирию кафкӯбиҳои бардавоми мухлисон барои мо, ки бори нахуст дар чунин мусобиқаи бонуфуз бо писарон қувваозмоӣ кардем, рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Қолабшиканиҳо дар гӯштии миллӣ
– Варзишгар танҳо бо иштироки пайваста дар мусобиқаҳо рушд кардаву таҷриба ҳосил менамояд, –мегӯяд Насрулло Иззатуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд. – Бо сабаби кам будани духтарон дар ин намуди варзиш, дар вилоят мусобиқаҳои байни онҳо доир намегардад. Шубҳае нест, агар духтарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ роҳ ёбанд, дар ояндаи наздик парчамбардори кишвари худ дар бозиҳои сатҳи байналхалқӣ мешаванд.
Аз сӯҳбат бо духтарони гӯштигир маълум шуд, ки онҳо дар роҳи расидан ба орзуҳои хеш монеаҳои зиёдро паси сар кардаанд. Гулнора Насриддинова нақл мекунад, ки соли аввал аз волидайн пинҳонӣ ба толори машқ меомадааст.
– Вақте дар як мусобиқаи шаҳри Сарбанд бо ҷавонписарон қувваозмоӣ намудем, волидайн огоҳ шуданд. Баъдан онҳо розигӣ доданд, ки ин машғулияти ба қавле бачагонаро идома диҳем. Албатта, аз як тараф қолабшиканиҳо ва аз ҷониби дигар таънаи баъзе ҳамсолон, метавонист боиси дилсардии мо гардад,– мегӯяд Гулнора Насриддинова.
Ба гуфти ӯ, агар инсон дар роҳи интихобкарда меҳру садоқат ва ҷаҳду талош дошта бошад, мушкилиҳо осон мегарданд. Акнун ҳамсояҳову ҳамсинфону ҳамдиёрон мухлисони асосии онҳо шудаанд.
Шуҷоати орзу кардан
Гулнора бо хоҳиши мо як лаҳзаи хотирмони ҳаёташро нақл мекунад: «Дар синфи ҳафтум бо як ҳамсинфам, ки бисёр бачаи шӯху беинтизом буд, сахт муноқиша кардем. Аз сари қаҳр бо як усули зебои самбо ӯро бардошта ба замин задам. Рӯзи дигар, вақте модаркалонаш ба мактаб барои шикоят омада, шунид, ки набераашро ман ба замин парчин кардаам, дар хиҷолат афтода, гуфт: «Агар набераи маро ҳамин духтар зада бошад, хуб кардааст, офарин». Баъди ин ҳодиса муносибати ҳамсинфонам, ба хусус писарҳо, бо ман тағйир ёфт». Гулнора мегӯяд, ки маҳз баъди мусобиқа дар назди мухлисон ва устодони ин намуди варзиш муаррифӣ шудаанд. Акнун масъулини Федератсияи гӯштии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро барои ширкат дар мусобиқаи байни духтарон, ки моҳи июн дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, даъват намудаанд.
Устодон дар иртибот ба ин духтарон мегӯянд, ки нисбат ба дигарон шавқу ҳаваси бештар доранд. Субҳ ба варзишгоҳ омада, баъд аз ҳама майдонро тарк мекунанд.
– Зиндагии худро бе машқи бадану майдончаи гӯштигирию қувваозмоӣ тасаввур карда наметавонам,– мегӯяд Азиза Азизова.– Шояд дигар кору машғулиятҳои хонагиро ба таъхир гузорем, аммо тамринро не.
Орзуҳои духтарони ҷасур
Гулнора орзу дорад, ки оянда сарҳадбон шуда, ҳаёти минбаъдаи худро ба муҳофизати Ватан бахшад.
– Мактаби миёнаро хатм намуда, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравам,– мегӯяд ӯ. – Баъди адои хизмат орзу дорам, ки мактаби олии ҳарбии Қазоқистонро хатм намуда, чун афсар фаъолиятамро идома бахшам.
Азиза Азизова орзуи таҳсил дар академияи Вазорати корҳои дохиларо дорад.
– Ҳамаи ҷаҳду талошҳои ман,–иброз медорад ӯ, – барои соҳиб шудан ба номи пурифтихори милитсия мебошад. Хаёл мекунам, корманди ҳифзи ҳуқуқ бояд шахси ҷасуру нотарс, чолоку қавиирода бошад. Ман исбот хоҳам кард, ки аз духтарони тоҷик ҳам кормандони хуби милитсия мебароянд. Варзиш ба инсон тавонмандӣ мебахшад.
Дар миёни 450 дастпарвари толорҳои варзишии назди бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд 50 нафар духтарон мебошанд. Феълан онҳо таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз онро надоранд, аммо барои гӯштигири хуб шудан шавқу рағбат ва ҷасорат доранд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ