21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
КУ САРПАРАСТЕ?
.
ҶОИЗАДОРИ БОЗИҲОИ ОСИЁӢ, УСТОДИ ВАРЗИШИ ДАРАҶАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ДАСТХОБОНӢ НИГОРА ГУЛМАТОВА ВА УСТОДИ ВАРЗИШИ ТОҶИКИСТОН САЙЛОПОЧЧО ҚУРБОНОВА МЕХОҲАНД ПАРЧАМИ КИШВАРИ АЗИЗИ ХЕШ – ТОҶИКИСТОНРО ДАР МУСОБИҚОТИ 11-УМИ ОСИЁӢ, КИ ИМСОЛ ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД МОҲҲОИ МАРТУ АПРЕЛ ДОИР МЕГАРДАД, БО ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ВАРЗИШӢ, БАЛАНД БАРДОРАНД.
ВАЛЕ ОНҲО ДАР ҲОЛИ ҲОЗИР ИМКОНИЯТИ ХУБИ ТАМРИН ВА ГИРИФТАНИ ҒИЗОИ ЗАРУРИРО, КИ БАРОИ ТАРБИЯИ БАДАН ВА АФЗУДАНИ НЕРӮМАНДӢ ЗАРУРАНД, НАДОРАНД.
Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Сайлопоччо Қурбонова тайи се сол аст, ки ба варзиши дастхобонӣ машғул аст. Ӯ соли гузашта дар шаҳри Уст-Каменегорски Қазоқистон миёни наврасон ва калонсолон ширкат варзида, дар ҳар ду даста ба гирифтани ҷойҳои дувум мушарраф гардид. Моҳи декабр дар шаҳри Алмаато мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба дастхобонӣ доир гардид, ки Сайлопоччо дар байни намояндагони 56 давлати дунё сазовори ҷойи шашум шуд.
Донишҷӯи соли чаҳоруми бахши тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нигора Гулматова, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аст. Панҷ сол аст, ки ба варзиши дастхобонӣ шуғл меварзад. Чаҳор карат ҷоизадори Осиё дар солҳои 2009 ва 2010 ва ду карат ҷоизадори чемпионати ҷаҳон ба шумор меравад. Соли 2010 дар Итолиё, дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба дастхобонӣ миёни намояндагони 62 давлат ҷойи панҷумро ба даст овард. Ба андешаи коршиносон, аз ҷумла мураббии Нигора, Зокирҷон Комилов ин беҳтарин нишондиханда дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Нигора дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ, ки соли гузашта дар шаҳри Алмаато доир гардид, ҷойи ҳаштумро ишғол намуд ва ба ҳайати даҳ нафар беҳтарин варзишгарони ҷаҳон шомил гашт. Вале имрӯз мушкилоти молӣ домангири Нигора шудаанд.
– Ман миёни чиҳил нафар донишҷӯи соли чаҳорум ягона духтар мебошам , – мегӯяд Нигора. – Дар шӯъбаи тиҷоратӣ таҳсил дорам. Падарам дар Русия муҳоҷир ва модарам бекор аст. Мо имконияти пардохти маблағи таҳсилро надорем. Ҳар бор пеш аз саршавии имтиҳонот таъкид мекунанд: «То маблағи таҳсилро напардозӣ, ба имтиҳон роҳ нест!». Ҳар сол маҷбур мешавам, ба раҳбарони сатҳҳои гуногун, аз ҷумла раиси вилоят муроҷиат намоям. Онҳо барои роҳ ёфтани ман ба имтиҳонот мусоидат мекунанд, вале аз пардохти маблағҳои таҳсили чаҳорсолаам озод накардаанд. Аз ин рӯ, он маблағ ҷамъ шуда, дар гардани ман мондааст. Ин қарз намегузорад, ки бо дили пуру хотири ҷамъ ба тамрин машғул шавам.
Нигора меафзояд: «Моро барои машқу тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳо шароити беҳтар зарур аст. Алҳол дар варзишгоҳи дармонгоҳи рақами 5-и шаҳри Хуҷанд тамрин дорем. Мо маблағ надорем, ки витаминҳои барои организм заруриро истеъмол намоем. Барои соҳиб шудан ба дастовардҳои бузург бояд машқу дарсҳои пешазмусобиқотии таълимӣ дар қаламрави вилоятҳои Суғду Хатлону шаҳри Душанбе гузаронем. Машқҳо дар минтақаҳои иқлимашон гуногун, яъне баландкӯҳу доманакӯҳҳо бояд доир гарданд. Вале бо сабаби маблағгузорӣ нашудан аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ин гуна машқҳои таълимӣ баргузор нагардиданд. Вале умед бар он дорем, ки
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ВАРЗИШ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2015»
қабул шудааст ва тибқи он варзишгарон метавонанд машқҳои таълимӣ ва барномаи ғизоиро пайваста амалӣ ва қабул намоянд. Зеро ҳадафи олӣ ва нияти деринаи мо ба даст овардани медалҳои тилло дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аст. Аз ҷумла, ният дорем дар мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар шаҳри Сан-Паулои Бразилиё баргузор мегарданд, ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои нахустин шавем. Вале моро масъалаи пайдо кардани маблағи роҳхат ба ин ва дигар мусобиқот ба ташвиш овардааст. Зеро чун ҳамеша маҷбурем худамон сарпараст пайдо намоем.
Ба гуфти
ЗОКИРҶОН КОМИЛОВ
, мураббии мактаби варзишии маҳораташ олии назди Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба дастхобониро асосан варзишгарони вилояти Суғд ташкил медиҳанд. Алҳол теъдоди онҳо 14 нафарро ташкил карда, 8 нафари онҳо духтарон мебошанд.
– Тайи даҳ сол аст, ки дар қаламрави вилояти Суғд дастаи мунтахаби ҷавонписарон ва духтарон оид ба варзиши дастхобонӣ амал мекунад. Дар маҷмӯъ теъдоди медалҳои ба дастовардаи онҳо беш аз 40 ададро ташкил медиҳад. Вале мутаассифона, то ҳол натавонистаем дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ медалҳои тилло ба даст орем. Ин вазифаи нахустинамон аст ва барои расидан ба ин мақсад пайваста заҳмат мекашем, – мегӯяд Зокирҷон Комилов.
– Асосан аз ҳисоби сарпарастон ва волидайни варзишгарон ин машқҳоро қисман ба ҷо меорем ва ё дар мусобиқаҳо иштирок менамоем,- иброз медорад Нигора Гулматова.
–
СОҲИБКОРОНЕ ЧУН САРВАРИ ШИРКАТИ СОХТМОНИИ «ТИНИАЛ» ОХУНҶОН ЗАФАРОВ, ШИРКАТИ «СОҲИЛ» БО САРВАРИИ АБДУЛЛОҶОН АБДУЛЛОЕВ, РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ СОДИҚҶОН МИРХОЛИҚОВ
то қадри имкон кӯшиш мекунанд, ки духтарон дар ин мусобиқот ширкат варзанд. Паҳлавондухтарон то ҳол маоши донишҷӯиву варзишгарӣ намегиранд.
– Моҳи январ зимни суханронии хеш раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар мавриди амалӣ шудани «Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ барои солҳои 2012-2015» таваққуф намуда, изҳор дошт, ки ҳамаи нишондодҳои он бояд амалӣ шаванд,- изҳор медорад Зокирҷон Комилов. – Таъмини тарбияи ғизоии бадан, баргузории машқҳои таълимӣ ҷузъи ин барномаанд ва бовар бар он дорем, ки он зина ба зина амалӣ мегардад. Мо Ассотсиатсияи амрестерлинги ҷумҳуриро дорем, ки сарварии онро
ФАРҲОДҶОН СУЛТОНОВ
бар ӯҳда дорад. Вай кӯшиш дорад, ки варзиши дастхобониро дар вилояти Суғд таҳким ва оммавӣ намояд. Алҳол дар 10 шаҳру ноҳияи вилоят ин навъи варзиш арзи вуҷуд дорад.
ФАРИДУН ҲОДИБОЕВ
, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, иброз дошт, ки ҳарчанд варзиши дастхобонӣ ба гурӯҳи бозиҳои олимпӣ шомил намешавад, вале бо вуҷуди он варзишгаронро дар ин соҳа дастгирӣ хоҳад кард. Маблағҳои мо бештар барои он чорабиниҳои варзишие масраф мегарданд, ки қаблан барномарезӣ шудаанд,– иброз дошт сарвари ҷавонони вилоят.
Бояд мутазаккир шуд, ки бинобар камбуди маблағ аксарияти варзишгарони вилояти Суғд наметавонанд дар мусобиқоти сатҳҳои гуногуни ҷаҳонию байналмилалӣ ширкат варзанд. Варзишгарон шиква аз он доранд, ки нафароне ба мусобиқот роҳ меёбанд, ки маблағгузор доранд ва ё аз хонаводаҳои сарватманд мебошанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ба ҷойи чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ, ки ба ғайр аз зоеъ рафтани вақти шаҳрвандон, исроф шудани маблағҳои буҷет чизи дигаре ба бор намеоваранд, хуб мебуд варзишгарон, аз ҷумла бонувони варзишгарро аз нигоҳи моддӣ таъмин ва дастгирӣ намоем. Зеро онҳо қодиранд дар роҳи баланд бардоштани имиҷи байналмилалии диёри маҳбубамон - Тоҷикистон саҳми шоистаи хешро гузоранд. Онҳо як навъ шиносномаи миллати тоҷик дар хориҷи кишвар ба шумор мераванд.
Тилав РАСУЛЗОДА
:.
Варзиш
16.03.2012 10:57
2595
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz