Субҳи сафобахш
Бароям хеле аҷиб буд дидани ин манзара.Соати 5- и саҳар гурӯҳи варзишгардухтарон ҳамроҳ бо устоди худ ҷониби кӯҳ роҳ гирифтанд. «Ба баландӣ баромада, рӯйи сабзаҳои махмалин варзиш мекунем.Барои ҳар варзишгар беҳтар аз чунин шароитро орзу кардан ғайриимкон аст. Кӯҳҳои сар ба фалаккашида, осмони нилгун ва табиати зебову мӯъҷизаангез қалбро фараҳ мебахшад. Тамрини субҳ ба ҷисму рӯҳ нерӯ мебахшад»,- ибрози андеша менамояд устоди варзиши байналмилалӣ Аҳтам Раҷабов.
Бонувони ҷасур
«Баъд аз се моҳи фаъолият ва шиносоӣ бо мардуми Дарвоз ба хубӣ дарк кардам, ки духтарону бонувони ин ноҳияи кӯҳистони ҷумҳурӣ дар ҷасорату диловарӣ аз мардон тафовуте надоранд. Аз ин рӯ, фурсати муносибе пайдо карда бо директори маркази варзишии «Вастан» Гулкарими Шоҳкарим сӯхбат кардам. Ғайричашмдошт ӯ пешниҳоди маро дар иртибот бо таъсис додани гурӯҳи варзишгарон аз ҳисоби духтаронро хуш қабул кард. Рӯзи дигар эълонҳои худро дар хиёбонҳои маркази ноҳия ва деҳот паҳн кардем. Инак се моҳ аст, ки гурӯҳи духтарони гӯштингир сабқат дорад»,- мегӯяд А. Раҷабов.
Орзуям ин буд
–Бо сафарҳои хидматӣ аз замони шӯравӣ то ба имрӯз аз кишварҳои зиёде дидан кардам, - мегӯяд модари яке аз варзишгардухтарон Шаҳрӣ Бодурова.- Орзу доштам фарзандонамро ба варзиш фаро гирам, то тан ва рӯҳи солим дошта бошанд. Ташкил шудани гурӯҳи духтаронро шунида, аввалин шуда ба варзишгоҳ рафтам.Ҳанӯз аз тифлӣ образи Гурдофарид аз филми «Рустам ва Сӯҳроб» дар қалбам ҷо гирифта буд. Қомати расо, тани солим, ҷасурӣ ва мардонагии Гурдофарид маро дар зиндагӣ мафтун сохта ба мубориза таҳрик менамуд.Сабқати семоҳа хулқу хӯи духтарамро ба куллӣ тағйир дод.Тарзи андеша, муносибат ба таҳсил ва атрофиён ва ҳатто роҳравии духтарам дигар шудааст.
Духтарони ҷасури дарвозӣ
«Се рӯз қабл аз баргузории мусобиқаи шаҳрии кушод оид ба гӯштини дзю-до барои гиромидошти асосгузори ин намуди гӯштӣ дар шаҳри Кӯлоб – А. Бадарғаев ба шаҳри Кӯлоб рафтем. Аз чандин шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ варзишгарон ба ин мусобиқа даъват шуда буданд. Ду рӯзи тамрин кори худро кард. Азбаски ҳама варзишгардухтарон дар як ҷо тамрин менамуданд, баъд аз дидани тарзи иҷрои усулҳои гӯштини духтарони мо, устодонашон ба назди ман омада, ибрози андеша намуданд, ки омодагии духтарони онҳо дар ин сатҳ нест ва наметавонанд дар мусобиқа бо мо қувваозмоӣ кунанд. Баъд аз машварат ҳайати ҳакамон ба хулосае омаданд, ки духтарони ноҳияи Дарвоз дар мусобиқаи шаҳрии Кӯлоб байни ҳам қувваозмоӣ намоянд, яъне бидуни муқовимат духтарони мо соҳибмедал шуданд. Чунин пешниҳод барои мо ғайричашмдошт бошад ҳам, хеле хушҳол шудам, ки омодагии шогирдони мо имрӯз дар сатҳи баланд қарор дорад,- мегӯяд устоди варзиш А. Раҷабов.
Истиқболи ғайриинтизор ва оби дида…
«Ба ноҳия тақрибан соатҳои даҳи шаб баргаштем. Сабқат ва дурии роҳ моро хеле хаста карда буд»,- сӯҳбатро идома медиҳад ӯ.- Вақти ворид шудан ба маркази ноҳия аз зиёдии одам дар тааҷҷуб мондам. Маъмулан рӯзҳои ид мардуми зиёдро дар маркази ноҳия дидан мумкин аст. Автобус ба назди варзишгоҳ расиду тааҷҷуби мо даҳчанд шуд. Мардум моро бо гулу гулдастаҳо ва дастгоҳҳои аккосӣ истиқбол менамуд.Аз дидани ин манзара аз дидаҳоям ашки шодӣ ҷорӣ шуд. Ба хубӣ дарк намудам, ки дурӣ аз фарзандон ва хешу табор барҳадар нарафтааст. Мардуми Дарвоз қадршинос будааст…
Духтарони паҳлавон
«Бо модарам рӯзи аввал ба варзишгоҳ омадаму баъд аз дидани тарзи иҷрои машқҳо вуҷудамро тарс фаро гирифт. Дастамро аз дасти модар раҳо карда, ба хона гурехтам. Модарам баргашта, насиҳат карду рӯзи дигар либоси варзишӣ харида, ба тамрин шурӯъ намудам.То ғолибият дар мусобиқа духтарони ҳамдарс ба ҳолам механдиданд, аммо баъд аз бо медал баргаштанам муносибаташон дигар шудааст, чанд нафари дигар ҳам мехоҳанд ба варзиш машғул шаванд», - мегӯяд Саёҳат Холназарова.
Варзишгари дигар Баҳринисо Бобиева бошад, бо ифтихор чунин ибрози андеша кард: «Падару модарам намехостанд, ки ман ба варзиш машғул шавам, аммо истодагӣ карда, онҳоро розӣ намудам. Вақте аввалин бор ба майдон баромада, ҳарифи худро дар чанд сония мағлуб намудам, муносибаташон дигар шуд.Онҳо имрӯз аз паҳлавон будани ман ифтихор мекунанд». «Дар хона мо ду писар ва як духтарем», - мегӯяд Дилангез Ҷӯрахӯҷаева. – Бародаронам барои ба варзиш машғул шуданам муқовимат накарданд. Баръакс дар хона барои аз худ кардани усулҳои дзю- до кӯмак менамуданд. Дар як рӯз се маротиба ҳамроҳ бо бародаронам барои тамрин ба варзишгоҳ меоем. Мехоҳам дар оянда дар навъи дэю- до қаҳрамони ҷаҳон шавам.
Шукрона Қарчиева бошад, хурсанд аз он аст, ки ҳангоми мусобиқа дар шаҳри Кӯлоб аз миёни варзишгардухтарони ҷумҳурӣ дугонаҳои зиёд ёфтааст. «Мо ба ғайр аз тамрин вақтҳои истироҳат дар пухтани таъомҳо низ бо ҳам мусобиқа мекардем. Мехоҳам ин дӯстӣ то охири умр идома ёбад»- илова мекунад ӯ.
Ирода ва варзиш
Ҳафтаи аввал ба устодон духтарони зиёде муроҷиат карданд, аммо баъд аз чанд рӯзи тамрин тоқат накарда, варзишгоҳро тарк гуфтанд. Аммо вақте духтарон дар чанд мусобиқа натиҷаҳои хуб ба даст оварда, бо медалҳо баргаштанд, муносибат дигар шуд, - мегӯяд Гулкарими Шоҳкарим директории маркази варзишии «Вастан». Имрӯз духтарони зиёде аз деҳоти дурдаст хоҳиши тамрин кардан доранд, вале аз сабаби дурии роҳ ба маркази ноҳия омада наметавонанд. Мо аз имконоти мавҷуда истифода намуда, ҳафтае чанд бор ба деҳот рафта, ба онҳо тарзи дурусти иҷрои усулҳои дзю-доро меомӯзем. Мутаассифона, барои пайваста анҷом додан ва таҳти назорат гирифтани ин кор мутахассис надорем. Дар маркази варзишӣ ҳамагӣ ду нафар тренер фаъолият дорад, ки барои тамрини 150 нафар варзишгар камӣ мекунад. Барои ҷалб кардани устодони варзиш маблағ надорем. Аммо барои дастгирии риштаи варзиш дар ноҳия ба корхонаву идораҳо ва шахсони соҳибкор муроҷиат намудем. Агар аз ҷониби онҳо дастгирӣ ёбем, фаъолияти худро густурдатар ба роҳ мемонем,- гуфт дар хотимаи сӯҳбат устоди варзишгар.
Гурди кӯҳистон
Дар охири қарни 19 ва ибтидои асри 20 дар водии Дарвоз Давлатпаҳлавон ном гурд зиндагӣ мекардааст. Овозаи паҳлавонии ӯ ба дарбори амири Бухоро мерасад ва барои мағлуб намудани вай амир се даъфа ба Дарвоз паҳлавон мефиристад. Баъд аз мағлуб шудани ин паҳлавонҳо амир Давлатпаҳлавонро ба Бухоро даъват менамояд. Ин яли кӯҳистон дар муддати шаш моҳ дар Бухоро тамоми паҳлавонони дарбор ва шаҳрҳои гирду атрофро мағлуб менамояд. Бо дастури амир Олимхон номи ин паҳлавон дар яке аз 12 дарвозаи Бухоро бо оби тилло навишта мешавад. Мардуми маҳаллӣ ривоят мекунанд, ки шабе навбати об аз Давлатпаҳлавон будааст. Аммо баъд аз муддати кӯтоҳе об қатъ мегардад. Паҳлавон ба назди сарчашма рафта, обро муҷаддадан мегардонад. Баъд аз баргаштан ба ҳавлӣ мебинад, ки об боз ҳам қатъ шудааст. Навбати сеюм ба сарчашма баргашта, дар онҷо паҳлавонеро мебинад, ки нишаставу ҷараёни обро назорат менамояд. Миёни онҳо чанд ҷумлае радду бадал мешаваду барои муайян кардани зӯрӣ бо ҳам гӯштин мегиранд. Ин қувваозмоӣ то дамидани субҳ идома мекунаду касе ғолиб намеояд. Ривоят мекунанд, ки Давлатпаҳлавон то охири умр нақл мекардааст, ки ҳамчунин ҳарифи қавиеро барнахӯрадааст. Ба гуфти мардум ин ял то рӯзи охирин нафаҳмидааст, ки он ҳарифи қавӣ хоҳари худаш буда, ки тағйири либос кардаву бо ӯ қувва озмуда будааст.
Такрори таърих
Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ мегӯяд , ки ҳаводиси таърих маъмулан такрор меёбанд. Агар чунин аст, умед бар он мебандем, ки баъд аз ду қарн дар таърихи Дарвоз ҳаводис такрор ёбанду бо заҳмати устодони варзиш Аҳтам Раҷабов ва Ёдгор Яқинов гурддухтароне парвариш шаванд, ки ҳеҷ яле онҳоро мағлуб накунад ва дар мусобиқоти варзишии сатҳи байналмилал бо шарофати ин гулдухтарон парчами Тоҷикистон партавафшон гардад.
Фароруни Сабзқадам