20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЛАМИ МУАММОИ САРБАСТА

«Дар даврони мактабхонӣ мунтазам бо ҳамсинфонам дастхобонӣ мекардам. Батадриҷ бо духтарони аз худам калонтар мусобиқа мекардагӣ шудам. Аз ин рӯҳ гирифта, ба қувваозмоӣ бо бачаҳо пардохтам ва аҷиб, ки боз  ҳам ғолиб омадам ва дере нагузашта, унвони чемпиони мактабро сазовор гаштам…»

Амаки Мамадазим бисёр мехост, ки духтараш мутахассиси хуби соҳаи гумрук шавад. Бинобар ин, баъд аз хатми мактаб бо фотеҳаи нек барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанд гуселаш кард. Хушбахтона, дуои падар мустаҷоб шуд ва Гулбегим бо ихтисоси дилхоҳ ба зодгоҳ баргашт. 

Вохӯрӣ бо Ҳусайнҷон Қурбонов – устоди дараҷаи байналмилалӣ, қаҳрамони секаратаи Осиё оид ба дастхобонӣ, ҷоизадори мусобиқаи байниминтақавии дастхобонӣ дар Булғория, Гулбегимро баъди танаффуси тӯлонӣ аз нав вориди дунёи варзиш намуд. Маҳз заҳмату дастгириҳои ин қаҳрамони нотакрори варзиш буд, ки ӯ дар як муддати кӯтоҳ барандаи ду медали тиллои мусобиқаҳои дастхобонии варзишгардухтарони кишвар гардид.

«Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ сурат гирифт. Бо дастгирии бахши вилоятии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ману устодам Ҳусайнҷон Қурбонов имконияти иштирок дар ин мусобиқаро пайдо намудем. Дар аввал бо шаш ҷавондухтари ҳамвазни худ қувва озмуда, ба шарофати толеи нек ғолибият ба даст овардам.  Баъдан боз даҳ нафар – ҳам аз дасти чап ва ҳам аз дасти рост – ба майдон баромаданд, вале дастболоӣ ҳамоно насиби ман буд.

Баъдан барои чемпиони мутлақ шудан қувваозмоӣ эълон намуданд. Ман, ки 60 кг. вазн дорам, бо заноне қувва озмудам, ки 100 кг. вазн доштанд. Оқибат чемпиони мутлақи Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ эълонам намуданд ва ману устодам бо медали тиллову диплом, муҳимтар аз ин – бо сари баланд ба Бадахшон баргаштем…»

29-30-уми майи соли 2010 дар шаҳри Қурғонтеппа навбати дуюми мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ барпо гардид. Гулбегим дар он муваффақиятҳои қаблиашро такрор карда, бори дигар сазовори медали тилло ва унвони чемпиони мутлақ шуд.

«Моҳи августи соли гузашта бояд аз номи дастаи яккачини Тоҷикистон дар чемпионати Осиё, ки дар Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок мекардам. Мутаассифона, имконияти иштирок фароҳам наомад.

Дафъаи дигар ҷиҳати иштирокам дар чемпионати ҷаҳон дар Амрико даъватнома расид. Ҳамдиёри саховатманду хайрхоҳ Толиб Айёмбеков маблағгузории сафарро ба ӯҳда гирифт. Вале, аз чӣ бошад, ки сафорати Амрико раводид надод. То ҳол алами ин муаммои сарбаста дар дилам аст. Охир «варзиш сарҳад надорад» мегуфтанд-ку…»  

Гулбегим ду дунёи дилписанд дорад – варзиш ва хонадон.  Фарзандонаш Азим ва Ҳаким низ пайрави модаранд. Ҳар субҳи содиқро бо варзиш истиқбол мекунанду ҳар шоми умедбахшро бо он гусел. Душанбе бошад, бо зани қаҳрамону кӯдакони рӯҳану ҷисман солим меболад. Ҳама боварии комил доранд, ки рӯзе Гулбегим парчами Тоҷикистони азизро чун чемпиони ҷаҳон баланд хоҳад афрошт…

                                                                                          Рӯдобаи Мукаррам

:.  Варзиш 18.04.2011 05:53 3381

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz