Адолатро дар Тоҷикистон касе бо номи аслиаш намешиносад. Номи аслиаш Айдула аст. ӯ соли 1978 дар кишвари ҳамсояи Туркманистон ба дунё омадааст. Агарчи мутобиқи шиноснома миллаташ туркман навишта шудааст, аммо дилаш бо номи тоҷикӣ метапад. Тибқи ташхиси пизишкон Адолат бо бемории нуқси дил ба дунё омадааст. Ва табибон иллати бемориашро ба иқлими Туркманистон марбут медонанд. ӯ ҳангоми чаҳорсолагиаш тӯли шаш моҳ ба бемории кома (беҳушӣ) гирифтор мешавад ва духтурон дар натиҷаи ташхис ҳамин натиҷаро барояш таъйин мекунанд. Волидон пас аз ташхиси қатъии духтурон аз пайи тағйири иқлим мешаванд. Ба чандин кишвари Шӯравии собиқ кӯч мебанданд, вале боду ҳавои Тоҷикистон ба ҷисми бемори Адолат созгор меафтад. «Вақте мегӯям, ки қалбам бо номи тоҷику Тоҷикистон метапад, ин сухан маънои маҷозӣ надорад, балки воқеан ҳам чунин аст», – бо самимият мегӯяд ӯ.
Дастовардҳо
Адолат аз рӯи 3 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунад. Армлеслинг (дастхобонӣ), бодибилдинг (бадансозӣ) ва паорлифтинг (вазнбардорӣ). Қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон дар ҳар се риштаи варзиш, ду карат чемпиони Осиё (соли 2006 ва 2009), барандаи роҳхати бозиҳои олимпист. Соли 2006 дар мусобиқаи Ҷоми Осиё иштирок карда, аз намуди варзиши армлеслинг соҳиби ду медали тилло (дасти рост ва чап) мешавад. Умуман, соҳиби 20 медал аст, ки 6-тои он тилло мебошад.
– Ҷоми Осиё-2006 аз нахустин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалие буд, ки ман иштирок кардам ва аслан интизори пирӯзӣ набудам. Вақте пирӯзиамро эълон карданд, хеле ҳаяҷонзада шудам, вале вақте парчами ватани азизам – Тоҷикистон барафрохта шуду суруди миллиамон садо дод, сахт ифтихор кардам. – мегӯяд Адолат. - Соли 2009 бори дуввум ғолиби Ҷоми Осиё шудам. Ин навбат ҳам бо ду даст қувваозмоӣ кардам ва соҳиби 2 медали тилло шудам. Ҳоло барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ омода мешавам.
Сарнавишти талх
Пас аз аз он ки Адолат мактаб-интернати махсуси шаҳраки Ҳисорро хатм кард, волидон хонаашонро дар шаҳри Душанбе фурӯхта ба Туркманистон баргаштанд. Аммо ӯ дар зодгоҳаш беш аз як ҳафта истода натавонист ва дубора ба Тоҷикистон омад. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон вай бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Аз як тараф мушкилоти рӯҳиву саломатӣ азобаш медод ва аз сӯи дигар мушкилоти рӯзгор. Вай пас аз талоши зиёд дар бемористони махсуси экспертиза барои маъюбон ба ҳайси физиотерапевт корро оғоз кард. Аммо маоши ин коргоҳ танҳо барои пардохти хонаи иҷорааш кифоят мекарду бас.
– Рӯзҳои сахтеро паси сар кардам. Хеле азият кашидам. Пуле намеёфтам, ки роҳкиро кунам, ғизо бихӯрам… 9 моҳ ба хотири зиндагӣ дар хонааш як пиразани барҷомондаро парасторӣ кардам, дар ҳоле ки худам ба парастор ниёз доштам, – бо дарду ҳасрат рӯзҳои талхи зиндагиашро ба ёд меорад Адолат.
Бародарони хунсард
ӯ дар хонавода фарзанди чорум ва аз ҳама хурдист. Ин духтари мушкилнописанд дар зиндагӣ ранҷу азоби зиёд кашидааст, аммо мегӯяд, ки ин ранҷу азоб дар баробари муносибати бади бародаронаш ҳеҷанд.
– Бародаронам ба ман ҷабри зиёде кардаанд. Онҳо ҳамеша маро лату кӯб ва таҳқир мекарданд. Чун гурехта наметавонистам, маро то поён шудани қаҳрашон мезаданд. Борҳо дар натиҷаи лату кӯб аз ҳуш мерафтам, аммо онҳо аз ин рафтори бад даст намекашиданд. Баданам дар натиҷи зарбаҳои бародаронам хеле захмӣ шудааст. Як бор се кабурғаам шикаст, чанд маротиба дасту пойҳоям баромад. Косахонаҳои зонӯҳоям аз чанд ҷой шикастаанд, чандин маротиба бистарӣ шудам. Баданам пур аз пайи он захмҳост. Ҳарчанд мехоҳам он амали нангини бародаронамро фаромӯш кунам, ин пайҳову захмҳои баданам намегузоранд… - бо чашмни пуробу садои ларзон саргузашти талхи кӯдакиашро ба ёд меорад.
Волидон мехостанд духтарашонро ҳимоят кунанд, аммо он замон солхӯрда буданду бародаронаш ба онҳо ҳам гардан намефуроварданд. Пас аз фавти волидон бародарон хонаашонро фурӯхта, ба Русия кӯч бастанд ва барои хоҳари маъюбашон ҳатто кулбаеро раво надиданд.
Президент падарвори соҳиби хонаам кард
Агар барои зинда мондани Адолат иқлими Тоҷикистон кӯмак карда бошад, меҳру муҳаббат ва самимияти мардуми тоҷик далели беҳ шудани зиндагиаш шудааст. Вале ғамхорие, ки Сарвари давлатам барояш кардааст, баҳо надорад.
– Чизе, ки маро дар он рӯзҳои сахт тасалло медод ва барои зинда монданам нерӯ ато мекард, муҳаббати мардуми тоҷик буд. Аммо оҳи дили дардмандамро Худованд шуниду бо Сарвари дилсӯзи миллати тоҷик рӯ ба рӯям намуд. Садои дили дардмандамро шунид, меҳнату ранҷамро қадр кард ва бо як таваҷҷӯҳаш ба ману ман баринҳо зани бесоҳибу сарпаноҳро соҳибхона кард – мегӯяд ӯ.
Адолат 10 сол мунтазири мулоқот бо Президенти кишвар буд. Мушкили бесарпаноҳӣ азобаш медод. Танҳо умед аз ӯ дошт. Тӯли ин 10 сол номаҳои зиёде ба сохторҳои мухталифи кишвар навиштааст, аммо ҳамааш бенатиҷа буданд. Ниҳоят 29 декабри соли 2010 бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси шаҳри Душанбе ба Адолат калиди хонаи дуҳуҷрагиро супурданд. Вай бо муҳаббат мегӯяд: «Ман аз мардуми тоҷик барои ҳамаи меҳрубониву самимият, аз ин фардони фарзонаи миллат- мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ғамхориву дастгирӣ, аз устодам Сафар Боев ва дигар ёру дӯстонам барои самимияту кӯмакҳояшон умре сипосгузорам».
Инсон бо орзӯҳо зинда аст
Орзӯҳои Адолат зиёд ва ҳамааш барои ӯ азизу муҳиманд. Ҳоло зиёд машқ мекунад орзӯ дорад барандаи медали тиллоии Ҷоми Ҷаҳон шавад. Орзӯи зебо ва пурмуҳаббате ҳам дорад: мехоҳад ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шавад ва пас аз хатми таҳсил ҳуқуқҳои маъюбони кишварро дифоъ кунад. Ва боз мехоҳад як мурабии хубе барои маъюбон шуда, онҳоро ба варзиш – ба зиндагӣ ва ҳаёти хубтаре раҳ бинамояд ва худи ӯ барояшон такягоҳе бошад. Аммо орзӯи аслиашро дар охир баён кард: мехоҳад модар шавад. Ният дорад аз хонаи ятимон кӯдакеро гирифта ба воя бирасонад.
Орзӯҳояш самимианд, нияташ пок аст ва мо низ барояш бахти сафеду комёбӣ орзӯ мекунем.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА