Мавзуна Чориева 1 октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Машғулият ба боксро аз 6-солагӣ оғоз кардааст.
Устоди дараҷаи байналмилалӣ, чемпиони Осиё-2010, барандаи медали нуқраи нахустин мусобиқаи бокс миёни занони Осиё-2009, ҷоизадори мусобиқаҳои байниминтақавии бокс миёни духтарон дар Россия, чемпиони Тоҷикистон аз соли 2008 то 2010. Донишҷӯи соли аввали факултаи бокси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ.Ба ҷои писар
Падари Мавзуна, ки ду духтар дошт, мехост соҳиби писар шаваду ӯро мисли худ варзишгар бикунад. Вақти дар батни модар будани Мавзуна қавл медиҳад, ки агар ин тифлаш ҳам духтар шавад, боке нест, ҳатман ӯро мисли писар ба воя мерасонаду муштзани бомаҳорате мекунад. Ва ин нияти нек амалӣ шуд. Мавзуна - нахустин муштзандухтари тоҷик аст барои ин кор аз падар сипосгузор аст.
Устодон
«Нахустин устодам падарам буд ва насиҳату васияте, ки дар ҷодаи варзиш ва зиндагӣ кардааст, як умр мададгорам хоҳад монд. Ҳамзамон, то ин дам устодони зиёде доштам, ки бароям ёриҳои зиёд кардаанд ва аз ҳамаашон сипозгузорам» - мегӯяд Мавзуна. Як муддат Носир Азимов машқаш дод, пас аз кӯч бастани ӯ ба Руссия тӯли як сол ба машғулиятҳои Василий Баланов рафт, ҳоло дар толори варзишии «Сомон» таҳти роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ мекунад.
Нахустмедале, ки надодандаш
Чун дар Тоҷикистон муштзании занона мавҷуд набуд ва ҳеҷ рақиби ҳамҷинс надошт, ҳамеша бо писарон қувваозмоӣ мекард. Хеле мехост дар ягон мусобиқа расман иштирок карда, соҳиби медал шавад ва орзӯи падарро, ки мехост як бор духтарашро дар подиум бубинад, амалӣ созад. «Қарор додам, ки дар чемпионати Тоҷикистон миёни писарон иштирок кунам, табассумкунон мегӯяд Мавзуна. - Мӯйҳоямро пушти сарам пинҳон кардаму аз номи писар ба майдон баромадам. Ҳеҷ кас пай набурд, ки духтар ҳастам. Пас аз тақдими медалҳо ногаҳ мӯям боз шуду диданд, ки ман духтарам ва… медалро бозпас гирифтанд. Вале он дигар он қадар муҳим набуд, орзӯи падарам муҳимтар буд, ки ниҳоят маро дар подиум дид…»
Рақибон
Баъд аз як соли тамрин дар мусобиқаи ноҳиявӣ соҳиби ҷои аввал мешавад. Пас аз он дар мусобиқаҳои зиёде ширкат кардааст. Ҳарчанд ҳанӯз навҷавон аст, дар мусобиқаҳои бузургсолон иштирок мекунад, зеро дар Тоҷикистон духтар ва ё зани муштзан надорем. Духтараки 16-сола ба хотири ҳифзи номи Ватан бо муштзанони касбии аз худаш то 15 сол калонтар қувва озмудааст. Масалан, дар мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни занон (бузургсолон) дар вазни 60 кило бо Нагисетти Уша аз Ҳиндустон, ки аз худаш 8 сол калон буд, қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад. Рақиби дигараш Ченг Донги чинии аз худаш 7 сол бузургро бо ҳисоби 7:4 мағлуб намуд. Сим Хонг Рю - муштзани Кореяи Шимолиро, ки низ 9 сол аз Мавзуна бузургтар буд, бо ҳисоби 10:7 шикаст дода, унвони чемпиони Осиёро ба даст овард. Ин буд, ки дар ин мусобиқа ба Мавзуна унвони «Беҳтарин муштзани Осиё»-ро сазовор донистанд. Бояд гуфт, ки соҳиби инунвон дар панҷ сол як маротиба интихоб мешавад. Дар Ҷоми Ҷаҳон низ бо рақибони аз худаш хеле калон ва касбӣ, ки таҷрибаи зиёди муштзанӣ доранд, қувваозмоӣ кардааст. Рақиби аввалаш - муштзани англис Аманду Сулсонаи 26-сола буд, ки бо ҳисоби 8:5 мағлубаш сохт (Аманда чемпиони Аврупо ва афсари полис аст). Ҳисобро бо рақиби дуюмаш Андервуд Куин баробар – 6:6 кард, аммо аз рӯи холҳо ғолибият ба муштзани амрикоӣ дода шуд. Андревуди 8 сол аз Мавзуна калон ҳам афсари полиси ИМА мебошад.
Бо ду карат чемпиони ҷаҳон
Соли 2009, пас аз танаффуси тӯлонӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон иштирок кард. Аввал бар Кристина Мурашова, ки барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳон буд, бо ҳисоби 18:3 ғолиб шуд. Рақиби дувумаш Наталя Тараенко, устоди варзишро бо ҳисоби 11:3 мағлуб кард. Вале қувваозмоиро бар Софя Очигаева, ки қаҳрамони дукарати ҷаҳон аст, аз рӯи холҳо бохт. «ӯ воқеан ҳам хеле қавӣ буд, - мегӯяд Мавзуна. - аммо ман то лаҳзаи охирин худамро дар ринг нигаҳ доштам... Баъдан дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки «Дар мусобиқаи Қазоқистон бо тоҷикдухтаре қувваозмоӣ кардам, ки хеле болаёқат буд, вале дар ринг худнамоӣ мекард ва ман ӯро ба ҷояш шинондам». Падарам, хеле нороҳат шуда, гуфт: «Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон бо духтари аз худаш шаш сол хурд қувваозмоӣ карда, ҳатто накдаунт (зарбае, ки варзишгарро аз по меафтонад) зада натавонисту боз, шарм надошта, гапҳо таҳқиромез мегӯяд!» Каме дертар падарам қувваозмоиамро бо ӯ баргузор кард ва ин дафъа ман бе «худнамоӣ» қувва озмудам. Баъди мусобиқа София наздам омада, даст дод ва гуфт: «Агар тамринатро идома бидиҳӣ, базудӣ аз ҷумлаи «лидер»-ҳо хоҳӣ шуд».
«Ман нони тоҷикӣ хӯрдаам!»
«Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон, қабл аз баромадан ба ринг, бо муштзани англис ҳамсӯҳбат шудам ва ӯ дар бораи витаминҳову хӯрокҳои серғизо зиёд қисса кард. Мегуфт, ки «чанд моҳ фалон хел витамин хӯрдаам, чанд моҳи дигар бисмадон хел, пеш аз Ҷоми ҷаҳон ба маблағи 500 доллар як витамин гирифтам, ки хеле бақувватам кардаааст. Бароям ҳамеша хурокҳои махсус омода мекунанд… Ту чӣ хел ғизову витаминҳо истеъмол мекунӣ?» Кӯтоҳ посухаш додам, ки ҳаргиз на витамин истеъмол кардааму на касе бароям хӯрокҳои махсус пухтааст. Дар тааҷҷуб шуду хандакунон ба ринг баромад. Тамоми вақти қувваозмоӣ бо ӯ «витаминҳову хӯроки ғизонок»-аш аз зеҳнам дур намешуд. Баъд аз чанд мушт дидам, ки мекалавид, аз миёни муштҳоям як нигоҳаш кардаму зарбае задам, ки накаут (зарбае, ки ҳарифро беҳуш мекунад) шуд. Болои сараш рафтам ва вақте ки чашмонашро базӯр кушод, гуфтам «Ман нони тоҷикӣ хурдаам!»
Ду андеша
Устодаш Мирзо Шамсиев: «Мавзуна хеле духтари самимӣ ва шогирди пуртоқат, ҷасур ва нотарс аст. Аз мушкилиҳо наметарсад. Ба хотири пирӯзӣ дар олимпиада бераҳмона машқ мекунад, чун иштирокаш дар он орзӯи падараш буд. Чун бузургсолон меандешад. Мушкилоти зиндагӣ бамаротиб бузургсолтараш кардааст…»
Модараш Нахшон Қурбонова: «Худамро модари хушбахт эҳсос мекунам, зеро чунин духтари азиз дорам. Ӯ ноил шудан ба ин комёбиҳо бисёр меҳнат кардааст. Хеле бо нангу номус, далеру ҷасур, самимиву меҳрубон аст. Қаблан ба мусобиқаҳояш намерафтам, чун тоби дидани зарбхӯрданашро надоштам… Аммо пас аз даргузашти падараш дигар маҷбур шудам дар паҳлӯяш бошам. Вақтҳои охир беихтиёр ба бокс меҳр бастаам, аксарияти муштзанони ҷаҳониро мешиносам, дискҳои набардҳои муштзанони касбиро ёфта, тамошо мекунам. Дискфурӯшон тааҷҷуб мекунанд, ки ин зани деҳотӣ боксро чи кор мекунад?»
Давоми орзӯ
Сари ҳар сухан Мавзуна аз падар ёд меорад. Падараш дар Русия, рӯи дастонаш ҷон бохтааст ва ӯро худ ба зодгоҳаш овардааст. Медонист, ки зан тобут намебардорад, аз ин рӯ, либосҳои писарона пӯшида, аз гӯшаи тобути падар гирифт… Падараш дар симои ӯ писари орзӯҳояшро медид ва хост ин орзӯи падар то охир иҷро шавад…
Шаҳноз КОМИЛЗОДА