Дар дар синфи нуҳуми мактаби рақами 94-и пойтахт таҳсил мекунад. Машғулияти варзиширо аз 11-солагӣ оғоз кардааст. Дар 14 солагӣ дар вазни 35 килограмм соҳиби медали тилло ва унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба таэквондо шуд. Барандаи ҷоизаи мусобиқаи кушоди Осиёи Марказӣ, нахустин тоҷикдухтари дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи наврасон, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст.
Аввалин олимпиада
Нахустин бор номи Шукрона дар матбуоти тоҷик пас аз гирифтани медали биринҷӣ дар аввалин бозиҳои Олимпии наврасон, ки дар Сингапур аз 14 то 26 август сурат гирифт, зикр шуд. Ӯ дар даври нимниҳоии мусобиқоти таэквондо WTF дар вазни 44 кг варзишгари чинӣ Жау Ли (қаҳрамони Осиё)-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда, танҳо дар даври ниҳоӣ аз ҷониби варзишгари украинӣ Ирина Ромолданова мағлуб шудааст.
Орзӯ
Ӯ аз кӯдакӣ серҳаракату бебок буд. Орзу дошт варзишгар шавад. Падару модар муқобил буданд. “Ба духтари тоҷик варзишгар будан хуб нест” – мегуфтанд. Вале барои орзӯяш талоши зиёд кард ва ниҳоят пирӯз шуд. Дар синни 11-солагӣ Шукронаро ба машғулияти гимнастика ва пас аз як сол ба варзишгоҳи таэквондо бурданд. Таҳти назари Ҷамшед Абдуҷабборов дар зарфи ду сол натиҷаҳои хубе ба даст овард.
Натиҷаҳо
Соли 2008 бори нахуст дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар намуди таэквондо – ВТФ, дар вазни 30 кг. иштирок карда соҳиби ҷойи аввал ва унвони чемпиони Тоҷикистон гардид. Соли 2009 дар мусобиқаи кушоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон қувваозмоӣ карда, медали тилло ва унвони чемпиони Осиёи Марказиро соҳиб шуд. Соли 2010 мухлисон бори дувум бо унвони чемпиони Тоҷикистон табрикаш гуфтанд.Соли 2010 дар мусобиқаи Осиё миёни бузургсолон, ки дар Ҷумҳурии Казоқистон баргузор шуд, бо мақсади боло бурдани малакаи ҳунариаш қувваозмоӣ кард ва услубу малакаи хуби спаринг (қувваозмоии ду варзишгар дар болои татами)-ро нишон дод.
Назари мутахассисон
Исматулло Хоҷаев – раиси Федератсияи таэквондо WTF: “Вақте ҷадвали қуръапартоии бозиҳои олимпиро дидам, хеле хавотир шудам, чунки рақиби нахустинаш Жау Лии пуртаҷрибаву қавиҷусса буд. Хушбахтона, Шукрона ӯро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Қобили тазаккур аст, ки бо вуҷуди надоштани таҷрибаи зиёди қувваозмоӣ дар мусобиқаҳои бонуфуз тавонист натиҷаҳои умедбахшо ба даст биёрад. Шукрона барандаи медали биринҷист, аммо биринҷие, ки барои Тоҷикистон нахустин аст.
Ҷамшед Абдуҷабборов – мураббии Шукрона: “Дар даври нимниҳоӣ Шукрона бо омодагии хеле ҷиддӣ ба татами баромад, чун медонист, ки ҳарифаш - духтари чинӣ варзишгари қавист. Аммо ҳарифи дувумаш Ромолдановаи укроиниро, ки нисбатан нишондодҳои заиф дошт, ба эътибор нагирифт ва дар натиҷа бохт. Дар мусобиқа ғайр аз омодагии ҷисмонӣ омодагии рӯҳӣ низ омили муҳим аст. Аммо боз ҳам барои духтараке, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ хеле кам иштирок кардаст, ин нишондоди хубест.
Ирода
Нигина Неъматова – модари Шукрона: “Аз кӯдакиаш миёни дигар фарзандонам фарқ мекард. Қавиирода ва пуртоқат аст. Пеш аз бозиҳои Осиёи Марказӣ устухони дасташ кафида буд, дасташро гаҷпеч карданд ва духтур 10-15 рӯз тамринро барояш манъ кард. Аммо пас аз 7 рӯз онро кушода, ба мусобиқа рафт ва бо ҳамон дасти дардмандаш барои ҷойи аввал мубориза бурд. Ҳамеша бо рақибони аз худаш калону вазнинтар қувваозмоӣ мекунад. Дар яке аз мусобиқаҳо ба миёнаш зарфҳои пластикии пуроб мебанданд, то ки вазнаш ҷавобгӯи меъёрҳои муайяншуда бошад. Баъзан аз тамрин он қадар хаста меояд, ки гурусна хобаш мебарад.
Исматулло Хоҷаев: “Дар мусобиқаи Осиё бо варзишгари куриёӣ, ки вазнаш 6 кг. Зиёдтар буд, қувваозмоӣ кард. Маълум буд, ки дар ин мӯсобиқаи нобаробар мебозад, аммо то охир бо тамоми қувваву нерӯяш мубориза бурд. Бозиро бохт, аммо хеле зебо. Аслан хеле қавиирода аст - вақте рӯйи татами мебарояд, дар чашмонаш нерӯ, боварӣ ва ҷасоратро мебинӣ.
Ҷамшед Абдуҷабборов: “Шукрона яке аз беҳтарин шогирдони ман ва умуман Тоҷикистон аст. Ӯ миёни духтарони ҳамвазну ҳамсолаш ҳамто надорад ва ман ӯро ҳамеша бо писарон дар рақобат мегузорам. Ва аксаран писаронро мағлуб мекунад. Баъзан машғулиятҳоро тӯлонӣ ва душвортар мегузаронам, фикр мекунам хаста мешаваду хоҳиш мекунад, ки таваққуф кунем. Вале рақобатро хастагинопазирона, бо нерӯву ҷасорат идома медиҳад. На ҳар кас ба чунин мушкилӣ тоб оварда метавонад”.
Бобоҷон Шарифов – падари Шукрона: “Иродаи қавиаш буд, ки маро водор кард ба варзишгоҳаш бибарам. Дар аввал аслан майл надоштам, ки духтарам ба варзиш машғул бошад ва то андозае нороҳат будам, аммо бубинед, ки имрӯз бо меҳнату талошаш коре кард, ки бо ӯ ифтихор мекунам”.
Манучеҳр Файзов – амаки Шукрона, гӯштингир: “Аслан ӯро барои баровардани хоҳишҳояш ба варзишгоҳ бурдем. Фикр намекардем, ки ин қадар ба варзиш ҷиддӣ машғул мешавад. Аммо исбот кард, ки гуфтаҳояш як хоҳиши кӯдакона нест, балки орзӯву омоли як духтари қавиирода аст. Дар мусобиқаҳо ман ҳамроҳиаш мекунам. Маъмулан ғолибон ҳангоми гирифтани ҷоиза ва ё лаҳзаи пирӯзӣ ашки шодӣ мерезанд, аммо Шукрона дар чунин ҳолат ҳам худро ба даст мегирад ва дар рӯйи подиум низ бо виқору ифтихор меистад.
Волидон
“Шукрона акнун фарзанди танҳо мо нест. Ӯ фарзанди миллату Ватан аст. Мо бо чунин духтар ифтихор мекунем ва ба ҳамагон мегӯем, ки волидон набояд монеъи орзӯҳои фарзандон бошанд. Мураббияш ҳам то ба ин дараҷа расидани Шукрона заҳмати зиёд кашид. Аз он кас миннатдорем, ки фарзанди моро фарзандвор тарбия мекунад.”
Шукрона
“Қаблан аз мурббии арҷмандам сипосгузорам. Агар заҳмати ӯ намебуд, ба ин дараҷа расида наметавонистам. Меҳрубонии модарам ва ғамхории падарам ба ман қувва мебахшад. Аз давлату ҳукумати кишварам ҳам сипосгузорам, ки ба ман бовар карданд. Қавл медиҳам, ки тамоми нерӯи худро барои муваффақиятҳои бештар сарф менамоям. Аз муаллимони мактабам бахшиш мепурсам, ки бино бар иштирок дар мусобиқаҳо маҷбурам аз дарсҳо дур бимонам.”
Шаҳноз КОМИЛЗОДА