Наргисбону, чанде пеш шумо аз сафари Сингапур баргаштед. Ҳадаф аз ин сафар чӣ буд?
- Моҳи августи соли равон дар Сингапур нахустин Бозиҳои олимпии наврасон доир мешаванд ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои иштирок дар ин мусобиқа тайёрӣ мебинад. Мақсади ин сафар ширкат дар ҷаласаи роҳбарони гурӯҳҳо буд. Дар Бозиҳои олимпии наврасон варзишгарони 205 кишварҳои дунё, аз рӯи 27 намуди варзиш қувваозмоӣ хоҳанд кард. Умед дорем, ки варзишгарони тоҷик, аз ҷумла бонувони варзишгарамон, дар онҳо муваффақ мешаванд.
Имрӯз бонувони тоҷик ба кадом намудҳои варзиш бештар шавқ доранд ва дар кадоме аз онҳо муваффақтаранд?
- Аз сӯҳбат бо варзишгардухтарон бармеояд, ки онҳо хоҳиши бо тамоми намудҳои варзиш машғул шудан доранд. Мутаассифона, менталитети зани шарқӣ маҳдудиятҳо эҷод мекунад. Масалан, шиноварӣ яке аз намудҳои беҳтарини варзиш ҳисоб мешавад ва коршиносони соҳаи тиб табобати 90 фоизи бемориҳоро марбут ба он медонанд. Аммо набудани ҳавзҳои пӯшидаи шиноварӣ ва набудани либосҳои мувофиқ имкони дар ин ришта машқ кардани бонувонро намедиҳад.
Бонувон имрӯз бештар бо намудҳои каратэ, дзю-до, таэквондо, камонварӣ, тенниси рӯи миз ва баскетбол машғуланд ва то ҷое муваффақ ҳам ҳастанд.
Замоне бонуи камонвар Зебуннисо Рустамова бо шӯҳрати бемисли худ дар дили садҳо духтарони тоҷик меҳри ин намуди варзишро бедор кард. Шояд сабаби меҳри шумо низ ба камонварӣ ҳамин бошад?
- Бале. Падарам корманди маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» буданд ва аҳли хонаводаамон ҳар шумораи онро мутолиа мекард. Боре дар муқоваи яке аз шумораҳои маҷалла акси Зебуннисо Рустамова, ки дар даст камон дошт, чоп шуд. Ман шодон ба расм ишора карда, гуфтам: «Ман ҳам камонвар мешавам!» Худи ҳамон бегоҳ падарам ваъда доданд, ки фардо маро барои машқи камонварӣ ба назди мураббии камонварон мебаранд. Рӯзи дигар якҷоя ба варзишгоҳи «Динамо» омадем ва устоди варзиш Зубайдулло Салимов ба шогирдӣ қабулам карданд.
Имрӯз таваҷҷӯҳи бонувон ба камонварӣ чӣ гуна аст ?
- Пайравони Зебуннисо Рустамова ҳанӯз зиёданд. Ва умед аст, ки дар ин ҷода муваффақ хоҳанд шуд. Ман низ то сарварӣ камонвар будам. Соли 2005 бо таъин шудан ба вазифаи масъул, бинобар набудани фурсати машқ, иштирокам дар мусобиқаҳо қатъ шуд.
Ягон бону ҷавонӣ, зебоӣ ва қаду қомати расояшро бемаҳал аз даст додан намехоҳад. Мегӯянд, ки бо машғул шудан ба варзиш солимию ҷавониро дергоҳ метавон нигоҳ дошт. Пас, заноне, ки имкони варзиш надоранд, чӣ тавр метавонанд зебову ҷавон бимонанд?
- Бо номи «Зан ва варзиш» лоиҳае доштем ва дар чандин шаҳру ноҳияҳои кишвар байни ҷавондухтарон пурсиш гузарондем. Суол ин буд: «Шумо зебоии худро дар чӣ мебинед?» Тақрибан 98 фоизи онҳо посух доданд, ки зебоии зан дар пӯшидани либоси шинаму пероста ва пардози олии косметикӣ мебошад. Мо дар бораи манфиати варзиш машварат гузаронидем. Баҳонаи набудани шароит ва толорҳои варзиширо пеш меоварданд. Шарт нест, ки ҳамаи бонувон ба фитнес машғул шаванд. Ҳар субҳ аз ним соат кифоя аст, ки бо машқи тарбияи бадан (гимнастикаи солимгардонӣ) рӯҳу ҷисмро қувват бубахшанд.
Дар хориҷа иштирокчиёни семинарҳо барои солимгардонии мардуми кишварашон барномаҳое пешниҳод мекунанд, ки шояд хандаовар намоянд. Масалан, як зани бритониёӣ, бо нигаронӣ аз фарбеҳшавии бонувони ватанаш, барномаи бо сагча дар кӯчаҳо сайругашт карданро пешниҳод намудааст. Хайрият, бонувони мо чунин «мушкил» надоранд .
Барои рушди варзиш чӣ монеаҳо ҳастанд?
- Миёни бонувон варзишгарон кам нестанд. Мутаассифона, на ҳамаи онҳо маъруфу машҳуранд, агарчӣ дар мусобиқаҳои зиёде хориҷ аз кишвар муваффақ ҳам шудаанд. Аксари онҳо рисолати модариву ҳамсариро ба ҷо меоранду бархе донишҷӯянд. Тарғиби ин гуна бонувон дар ВАО кам дида мешавад. Ба ҷои онҳо бештар варзишгарони хориҷӣ экранҳои телевизиони моро пур кардаанд.
Мушкили дигар сол аз сол кам шудани соатҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ мебошад. Боре ҳатто шоҳиди он будем, ки дарси тарбияи ҷисмониро муаллими фанни химия мегузашт. Ҳар сол Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳуриро 300-400 нафар хатм мекунад, вале ҳанӯз мактабҳо бо мураббиёни варзиш пурра таъмин нестанд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод дорам, ки дар Вазорати маориф бахши тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шавад. Ба андешаи ман, он дар рушди варзиш ва солимии ҷомеа нақши муҳим дошта метавонад.Оре, варзиш омили муҳими солимии ҷомеа мебошад. Модари солим фарзанди солим ба дунё меорад. Фарзандони солим кафолати ояндаи солими кишвар ва обрӯи бештари он дар арсаи ҷаҳонанд.
Қутбияи Неъматулло