Суханони шодбошии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода
Бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону бонувони иззатманди тоҷик руҳу илҳоми тоза бахшида, гувоҳӣ аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Сарвари давлат дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занону духтарони тоҷик аст.
Ин ибтикору иқдоми наҷиби Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба шабзиндадориҳои модарон аст, ки тули ҳазорсолаҳо барумандфарзандони миллатро дар оғӯши гарму нарми хеш аз газандҳо нигоҳ дошта, бо аллаҳои гӯшнавозу ҷонбахш ба камол расондаанд.
Меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати зан-модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ пайдо кард.
Дар ҳар суханронӣ, дар ҳар анҷуман, дар ҳар Паёми худ Сарвари маҳбуби миллат аз мақому манзалати арзандаи модар бо муҳаббату эҳтироми беандоза сухан мекунанд. Дар Паёми имсола низ, ки 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии модарон аҳли толорро ҳидоят намуданд, ки: «Мову шумо нафақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Гуфтам, боз мегӯям, такрор ба такрор мегӯям, то вақте ки ҷон дорем, то вақте ки нафас боқист, ғамхорӣ кунед, меҳрубон шавед. Модар нисбат ба фарзанд доимо меҳрубон аст. Сухане, ки аз модар мешунавӣ, меҳрубоние, ки аз модар мебинӣ, ягон шахси дигар гуфта ва карда наметавонад. Бинед, вақте ман сафар мекунам ба ҳар як гӯшаю канори мамлакат, эътибор медиҳам ба модарҳои калонсол. Ба чеҳраи онҳо нигоҳ мекунам, мисле, ки модари худам бошанд. Забони ширин доранд, дуои нек мекунанд. Куҷое, ки равем, модарвор мову шуморо меҳрубонӣ мекунанд. Мисли писари худашон, фарзанди худашон меҳрубонӣ мекунанд».
Зимни сафарҳои корӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мулоқот бо аҳли ҷомеа модарон аз Сарвари давлат бо қалби саршор аз эътиқоду самимият ва шукргузорӣ чун аз фарзанди худ ном мебаранду дуояш медиҳанд, ки ҳамеша сиҳату саломат бошанд. Бо оғӯши гарми модарона пешвоз мегиранду дуогӯи онанд, ки бақои давлаташон то абад поянда бошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи модарону духтарони тоҷикро дар ҷомеа шоиста дониста, арз медоранд, ки: «Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромиву пос медорад ва ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад. Нақши занону бонувон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».
Имрӯз бонуи тоҷик аниқ медонад, ки дар ҳар куҷое, ки набошад, дар ҳифзи манфиатҳои қонунии хеш аз пуштибонии ҳамвораи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат бархурдор аст.
Бо такя ба дастуру супоришҳо, таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат зарур аст, ки бо кору пайкор ва ибтикорҳои тоза ба тоза чун созандагони Ватан, ободгарони Тоҷикистони азиз дар сафи пеш бошем. Риояи муқаррароти қонунҳои миллиро ба таври васеъ бо аҳли ҷамоатчигӣ мавриди корбарӣ қарор дода, Ҷашни пурифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоем, дар ҳифзу нигаҳдошти муқаддасоти миллӣ, рукнҳои фарҳанги давлатдорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпарвар аз ҳарвақта дида саҳми бештаре дошта бошем.