Дар партави суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9.3.2024)
Дар дини мубини ислом омадааст, ки агар як мард соҳиби илму дониш шуд, як кас соҳибхирад мешавад, вале як зан агар соҳибмаълумот гардид, хонавода ва фаротар аз он, ҷомеа ба саодат мерасад. Дар ҳақиқат, ин андешаи созанда дар вохӯрии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин равшану возеҳ гардид. Сарвари давлат мақоми модарро дар ҳама ҷодаҳои рӯзгори мо, боло гузоштанд.
Ёдамон ҳаст, ки шайх Саъдии Шерозӣ ҳаққи устодро пеш ва беш аз падар дониста буд, дар ин замина Муҳаммад Иқбол, шоир ва мутафаккири овозадори тоҷику порс, тарбият ва ҷойгоҳи модарро бартар аз устоду мураббӣ медонад, ки кирои ҳамовозист:
Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,
Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.
Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон
Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳар гуна дафтар аст.
Сарвари кишвар дар баробари он ки мақоми зан-модарро дар сохтани ҷисму руҳи фарзанд муҳим арзёбӣ карданд, ҳамчунин ба баъзе масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи мо, ки ба бонувон бештар дахл дорад, руҷуъ карда, бонги изтироб заданд. Ба таври барҷаста таъкид варзиданд, ки ба ҷои хароҷоти беҳуда, такрор ба такрор ба ҳаҷ рафтан, беҳтар аст, ки барои фарзандон, бавижа духтаронамон шароити шоистаи зиндагӣ ва таҳсилро муҳайё созем: «Тибқи муқаррароти шариати ислом писарон ва бахусус, духтарон баъди расидан ба синни 9–10-солагӣ бояд ҳуҷраи алоҳидаи худро дошта бошанд, бояд алоҳида хоб раванд».
То ин ҳад бо назокат баррасӣ шудани масъала, руҳу равони фарзандони моро фикр кардани Сарвари давлат моро, аз ҷумла як зумра волидони ғофилу бепарворо бояд бедор кунад.
Ба камол расондани духтари боадабу донишёреро кулли олами ислом савоби ҷория таъин кардааст, ки баъди сари мо низ идома меёбад. Ҳар савобе, ки аз духтари мо чун ҳамсар ва модар ба пайвандону кӯдаконаш мерасад, бар мо ҳам мерасидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб ба ҳама ҷанбаҳои ахлоқӣ ишораҳои пурмаънӣ доштанд. Қайд гардид, ки оғози ҳама саодат модар аст, агар ӯ хато кард, фарзандон роҳ гум мекунанд, зеро аввалин устоду идеали фарзанд модараш аст. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат, «…Вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиё¬рати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад. Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд».
Дар вохӯрӣ Сарвари кишвар пешниҳод карданд, ки чандин қонунҳои марбут ба ахлоқи ҷомеа, ки пайванди ногусастанӣ бо падару модар доранд, аз ҷумла Қонуни миллии мо – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо таҳрир ва такмили нав пешниҳод гардад.
Ҳақиқат ин аст, ки ба ҷои ба ҳаҷ ё умра бурдани кӯдакон, ки аз 5 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ хароҷот дорад, барояш дар хона ҷои дарстайёркунӣ, мизу курсӣ, компютер ва гӯшаи хурди китобҳо боз кунем, ҳазор бор беҳтару босавобтар нест? Дар ҷаҳон беҳтар аз он амали хайре нест, ки чашми касеро дар шинохти дину дунё боз кунем ва роҳи нек нишон диҳем. Тасаввур кунед, кадом фарзанд даъвати модарашро рад мекунад, вақте мегӯяд, ки маблағи барои ҳаҷҷи ман харҷмешударо барои кори хайр, ободии як гӯшаи диёр ё ояндаи набераҳоям истифода бар, ман розиям. Дар ин ҳолат фарзанд ҳатман хулосаи зарурӣ мебарорад ва пайи савоби индунёӣ мешавад.
Ба ин таъкиди Президенти кишвар таваҷҷуҳ фармоед: «Агар ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд».
Ба андешаи мо, агар модар хоҳад ва тавоноии зеҳнии хешро дуруст ба кор гирад, на танҳо илмҳои муосир, балки Қуръону асолати диниро низ метавонад ба парвардагони домонаш омӯзонад. Фарде, ки зиндагиро омӯхт, дилҳоҳ донишу биниш–ҳам диниву ҳам дунявӣ метавонад омӯзонад. Ин аст, ки Муҳаммад Иқбол фармуда:
Ҳофизи рамзи ухувват модарон,
Қуввати Қуръону миллат модарон.
Ё ҷои дигар ба ин маънӣ ишорати равшане дорад, ки пояи аввалини мусулмон буданро низ аз забони модар омӯхтаӣ:
Модарат дарси нахустин бо ту дод,
Ғунчаи ту аз насими ӯ кушод.
Аз насими ӯ туро ин рангу бӯст,
Эй матои мо, баҳои ту аз ӯст.
Давлати ҷовид аз ӯ андӯхтӣ,
Аз лаби ӯ «ло илаҳ» омӯхтӣ.
Ҳатто қудрати ҷонофарини меҳри модар дар таърих фарзандони далерро ба ҳимояти марзу буми Меҳан хондааст. Бузургтарин сарлашкарон ва мардони ҷасур маҳз барои нангу номуси модар, зан ва духтарони худ бархостаанд, ба номи зан - модар корнамоиҳо нишон додаанд ва барои як ваҷаб хоки Ватан ҷон бохтаанд. Пирамарде, ки иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ин нақлро мекунад, ки ашк аз дида меҷаҳад: «Дар майдони ҷанг, ки ҳама ҷоро дуду бӯи борут гирифта буд, аз ҳар сӯ нидоҳои захмбардоштагон меомад, ки бо ҳар забоне танҳо ва танҳо «Модар» мегуфтанд».
Бале, мард дар ҳар синну соле, ки набошад, гирифтору пайванди модараш аст, модарро ба сахтиҳо мехонад, то мадад фармояд. Ҳамин хулосаи Пешвои миллат пеши мо – мардон собит мекунад, ки модар дар бунёди имрӯзу фардои Меҳан низ нақши калидӣ дорад: «Барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд. Исбот кунед, ки насли Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед!»
Дар маҷмуъ, вохӯрӣ ва суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин саропо раҳнамоӣ ва боиси андешаи жарф аст. Ин аст, ки онро барои фарзандонамон чун сармашқи одобу ахлоқи инсонӣ тарғиб кунем ва аз он худамон низ дар фаъолияти ҳамарӯза ба таври шоиста кор гирем.
Баҳодур САЛИМЗОДА