Борҳо чун рӯзноманигор дидаву шунидаам, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода дар ҷаласаҳои машваратӣ ва ҷамъомадҳо роҳбарони идораву муассисаҳои хизматрасонӣ, раисони деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусиро вазифадор менамояд, ки масъалаи хизмат расондан ба бунёдгарони қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб-Ванҷ-даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро мунтазам дар мадди назар дошта бошанд.
Ба гуфтаи корманди масъул, намояндаи Вазорати нақлиёти кишвар дар қитъаи Қалъаихумб-Даҳанаи Оби Пшихарви ноҳияи Ванҷ Шамсиддин Назриев, аз ҷониби роҳдорони ширкати «Чайна Роуд энд Бриджен Корпарайшен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон бунёди нақбҳои мошингузари Кеврон-Ҷорф ва Тоғмай-мавзеи Пушинги деҳаи Курговад имрӯзҳо хуб ҷараён дорад. Аз ҳама муҳим, дар сохтмон коргарон ва механизаторони соҳибкасби маҳалро мебинем, ки дар байнашон бонувон низ ҳастанд. Онҳо дар бунёди як қисми шоҳроҳ, ки аз қитъаи аз ҳама хавфнок ва мушкилтарин – Даштак, мегузарад, фаъолияти густурда доранд.
Дар суҳбат сокини деҳаи навбунёди Ваҳдат (Сурхсангови пештара) Баҳра Неъматов нақл кард, ки ӯ пештар дар идораи почтаи ноҳияи Ванҷ иҷрои вазифа менамуд. Бо оғоз шудани сохтмони роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон ба роҳсозӣ камар бастааст.
Коргарони маҳаллӣ аз 2700 то 3000 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёдтар маош мегиранд. Бо ҷойи хоб ва ғизои гарм таъминанд. Сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз Алишер Қаноатов гуфт, ки ӯ ронандаи мошинҳои боркаши вазнинбор аст, вале қариб ду сол бекор буд. Баъди бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидани бунёдкориҳо дар ин қитъаи шоҳроҳ зиёда аз як сол аст, ки ронандаи мошини«Дулан» мебошад. Моҳе бештар аз 4000 сомонӣ маош мегирад. Ба дигар кишварҳо барои кор рафтанро тамоман аз фикру андешааш баровардааст.
Баҳра Неъматов, Алишер Қаноатов ва боз даҳҳо коргарони ҷавон аз он қаноатманданд, ки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо супориши Роҳбари давлат дар минтақаи сохтмонии мавзеъҳои Таги Пошхарв, оврингҳои Кӯчаи Рангун, Чапарако, Туғак, Дашти Сурхсангов, Хехаку Зелолак ва дар маҷмуъ, дар масири Даштак бо мутахассисони чинӣ ва коргарони маҳаллӣ суҳбати самимона доир менамоянд.
Ин ободкорӣ ва тозакориҳо дар соҳаи роҳдорӣ ва дигар самтҳо ба хотири ободии Бадахшон ва осудагиву зиндагии шоистаи сокинони ин мавзеи зебо ва пурганҷ равона карда шудааст. Чи хуш аст, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят 18 августи соли 2023 дар шаҳри Хоруғ аз корҳои баҷоовардашуда, раванди амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру навоҳии Боми ҷаҳони тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор карданд, ки: «Бадахшон ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст».
Имрӯзҳо дар километри 109-уми шоҳроҳи Қалъаихумб-Ванҷ-даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон корҳои сохтмонӣ бо истифодаи зиёда аз 200 техника хуб ҷараён дорад. Барои роҳсозон муҳайё кардани шароити кору зист аз вазифаҳои муҳими роҳбарон ва дигар масъулони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон ба шумор меравад. Ёдовар бояд шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шафати шоҳроҳ, дар шаҳраки Қалъаихумб, рустоҳои Кеврон, Ҷорф, Вишхарв, Курговад, Лугад, Сурхсангов, Хехак, Дашти Язгулом чойхона-ошхона, қаҳвахонаҳо ва меҳмонхонаҳо сохта шудаанд ва дар чор фасли сол шабу рӯз кор мекунанд. Ҳоло кормандони ҳамаи ин муассисаҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки аксар бонувон мебошанд, ба коргарон ва мутахассисони хориҷӣ ва маҳаллие, ки қитъаи шоҳроҳи мазкурро месозанд, хизмати арзанда мерасонанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор