19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ҷойгоҳи мактабу маориф дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат

 

Bonu 12_2023__10297574_fmt

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон масъалаҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро пеш овард, ки яке аз онҳо ислоҳоти соҳаи маориф буд. Ислоҳот дар шароити вазнин шуруъ гардид. Дар ин давра вазъи ноором барои пешравии соҳаи маориф имкон намедод. Нобасомониҳо дар баъзе минтақаҳо боиси қатъшавии раванди таълиму тарбия шуданд. Аз тарс хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб намеомаданд, иштирок ба дарсҳо хеле суст гардид. Дар чунин шароити душвор дар рафти Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ дар Қасри маданияти «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб шуданд, ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид ва садҳо проблемаҳои пешорӯи роҳбарияти нави кишвар омаданд, ки яке аз онҳо соҳаи маориф буд.

Роҳбари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои тараққиёту азнавсозии соҳаи маориф кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то дар ҳамаи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ дарсҳо шуруъ шаванд. Ин бузургтарин муваффақият барои ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Маҳз ҳамин талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сар аз солҳои 1993 – 1994 вазъи соҳаи маориф оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ҷалби хонандагону омӯзгорон ба мактаб бештар шуда, сатҳу сифати таълим беҳтар гардид.

Шуруъ аз соли 1999 Ҳукумати ҷумҳурӣ ба такмили сохтори соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо китобҳои дарсиро, ки яке аз масъалаҳои душвор ба шумор мерафт, ҳал кард. Ҳукумат барои чопи китобҳои дарсӣ 16,5 млн сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ ҷудо намуд. Ин имкон дод, ки муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои нави дарсӣ таъмин гарданд. Барои шароити мусоиди таҳсили хонандагон пайваста чораҳои амалӣ андешида шуда, дар солҳои минбаъда масъалаи сохтмону барқарорсозии иншооти соҳаи маориф яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат ба шумор мерафт ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сол аз сол барои рушди пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ маблағгузорӣ зиёд мегардид.

Мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи рӯз мутобиқ гардонда шуданд. Барои ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ намудани раванди таҳсилот омӯзишгоҳҳо ва техникумҳо тадриҷан ба коллеҷҳои мустақил ва сохтории муассисаҳои таҳсилоти олӣ табдил дода шуданд.

Дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷуҳ афзун гашта, муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва майли ҷавонон аз нав ба омӯзиши илм бештар гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму маориф дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (1998) ва як қатор созишномаҳо, аз қабили «Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ», «Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва ғайраро ба тасвиб расонд.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои мазкур омилҳои пешрафти соҳаи илм дар кишвар гардиданд. Солҳои охир фаъолияти аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ хеле боло рафт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат ҳисобида, соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуданд.

Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 боиси рушди соҳаи маориф, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд шудани донишу малакаи хонандагон гардид. Оре, дар ҷаҳони муосир он мамлакате ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ дар амал татбиқ менамояд.

Аз натиҷаҳои ислоҳоти дар соҳаи маориф гузарондашуда бармеояд, ки кормандони соҳаи маориф соҳиби ҷойи хуби корӣ ва шароити муосири фаъолият дар самти таълиму тарбия гаштанд. Ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омӯзгор тадриҷан боло рафта, афрӯзандагони илму дониш ва чароғи маърифат бо масъулияти бештар рисолати касбии хешро иҷро менамоянд.

Маҳҷабин ҲУСАЙНЗОДА,

мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб

 

:.  Сиёсат 01.01.2024 16:37 571

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz