Дар ағбаи Кабудҷар
Ронандаи ҷавонро ба ҷуз осемасар расондани мусофирон ба Рашт ва аз он ҷо бо мошини пурбор баргаштан, андешаи дигар дар зеҳнаш намеғунҷид, аз ин рӯ, бидуни риояи қоидаҳои ҳаракат дар шебу фарози ағбаи Кабудҷар эҳтимолияти рух додани ҳодисаи нохушро ба «насиб» ҳавола мекарду мо, журналистон, ронандаро ҳушдор медодем, ки оҳиста мошин ронад, то ба манзили умед бе ягон шикасту рехт бирасем.
- Аз афташ бори аввал ба водии Рашти мо сафар доред, - риштаи суҳбатро кушод пирамарди нуронӣ, ки кайҳо боз ҳолати руҳии моро зери назар доштааст. – Роҳҳо хеле обод шуданд дар солҳои соҳибистиқлолӣ. Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо дорои шоҳроҳу нақбҳо шудем. Метавонӣ ба осонӣ ба чор атрофи кишвар роҳат ба сафар бароӣ. Дар солу замони роҳбарии Саидумрон Абдураҳмонзода ноҳияи Рашт беҳад рушду пешрафт карда, дар баробари анҷоми корҳои бузурги ободониву бунёди иншооти замонавӣ, инчунин аз корманди одии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то масъулони соҳаҳои гуногун ҳисси баланди масъулиятшиносӣ доштанд, аммо имрӯз дилсӯзӣ ба кор камтар шудааст, акнун шумо, журналистон, бояд оид ба вазъи иҷтимоии ҷомеа, дарки эҳсоси масъулиятшиносии кормандони мақомоти маҳаллӣ нисбат ба вазифаҳояшон мақолаҳои бештар интишор намоед, то ки онҳо ба хоби гарон нараванд.
Ин лаҳза мошин дар назди дарвозаи рамзии ноҳияи Рашт таваққуф намуду намои он зеҳни моро ба худ кашид. Мӯйсафеди ҳамсафар гуфт: «Дидед, аз дарвоза танҳо ном мондааст. Ранг хира, таҳкурсии рехтаву валангор. Аз шикастапораҳои сангҳои ороишии сутунпоя ва роҳрави он муҳити атрофи замоне зеботарин дарвоза дар шоҳроҳи водӣ ҳоли табоҳ дорад. Масъулон мебинанду медонанд, аммо барои чораҷӯӣ ҳавсала надоранд, яъне ҳавсалаашон пир шудааст, онҳоро аз хоби гарон бедор бояд кард, ки ин ба дасти шумо барин журналистон аст».
Дӣ шаҳраки Ғарм дидаму дил сӯхтам
Муҳити имрӯзаи иншооти солҳои охир бун¬ёдгардидаи маркази маъмурии ноҳияи Рашт гувоҳи ҳол аст, ки дар баробари асароти гармиву боду боронҳои мавсимӣ, аз сӯи дигар, худ масъулон бобати рангубору ороишоти симои зоҳирии биноҳои маъмурӣ аҳамият намедиҳанд. Рӯбучину тозагии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳраки Ғарм куҷо, ҳолати шоҳроҳу роҳҳои пиёдагарди ҳудуди маркази маъмурӣ шабеҳи подараҳаро мемонад. Кӯчаи марказии шаҳраки Ғарм ба истгоҳи бетартиби мошинҳои гуногунтамға табдил ёфтааст, ҳамчунин, саҳару бегоҳ чорвои калон мегузарад. Аз гурси суми чорво роҳҳо ифлосу сангфаршҳои пиёдаравҳо кандаву валангор шудаанд.
Дар пешорӯи бинои муҳташаме, ки сохтмонаш солиён идома ёфта, баъдан онро барои истифодабарӣ ба Ҷамоати шаҳраки Ғарм, шуъбаи маориф ва дигар ниҳоди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузоштаанд, девори тунукагин бардошта шудааст, ки масъулон сар-сари он парчамҳои давлатиро насб кардаанд. Аммо андар пушти он парчамҳо манзараи ҳузнангез ба мушоҳида мерасад, ки ба ҳоли худ гузошта шудааст.
Чароғи маънавиёт хирасӯз аст
Бо ҳама тавсифу ситоиши шахсияти муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр, ки аз кору пайкори собиқ роҳбарон ва ашхоси соҳибэҳтиром тарбияву обутоб гирифтааст, имрӯз дастгоҳи идеологии ноҳия оид ба дастрасии воқеии мардум ба матбуоти даврӣ ва қиёси сатҳи хизматрасонии муҳимтарин василаҳои маърифатнокии аҳолӣ, аз ҷумла хизматрасонии соҳаи алоқаи почта нисбат ба 10 солу 5 соли пешин таҳлилҳои воқеӣ надорад. Зимни мушоҳидаҳои дурӯза ва суҳбат бо кормандони касбу кори гуногуне, ки доштем, мансабдорони имрӯза фишангҳои идеологиро бар замин гузоштаанд, зеро аҳли илму фарҳанги деҳкадаҳо ҳатто ба маҷаллаву дигар матбуоти дӯстдоштаашон дастрасӣ надоранд.
Барои таҳқиқи рафти обуна ба шуъбаи алоқаи почта ворид шудем, ки ин соҳаи ниҳоят муҳимро Шарифҷон Қараев бар зимма дорад. Ӯ моро бо чашмони хандон истиқбол мегирад. Аммо баъди шунидани эродҳои мо дар мавриди камбудиҳои эшон дар самти дастрасии сокинон ба рӯзномаву маҷаллаҳо оташин шуда, ному насаб ва нишонии нафаронеро мепурсад, ки ба мо ин гуна маълумот додаанд. Мо ба вай бастаҳои рӯзномаҳои ҳафтаҳо дар мизу ҷевонҳои идораи алоқаи почта хобидаро нишон додем, ки далели рӯшани шикояти мардум бобати сари вақт нарасидани матбуоти даврӣ ба хонандагон аст, ки аз мадди назари масъулон дур мондааст.
Зимни суҳбат бо сардори шуъбаи алоқаи поч¬та, омӯзгори собиқадоре ба ҳуҷра ворид гардида, аз Шарифҷон Қараев хоҳиш намуд, ки маблағи обунаи омӯзгорони як мактаби деҳоти Боқӣ Раҳимзодаро қабул намояд.
- Пагоҳ биёед, имрӯз вақтамон танг аст, меҳмон дорам, - гӯён Шарифҷон Қараев ба хоҳиши роҳбари муассисаи таълимӣ, ки ба хотири пардохти маблағҳои обунаи омӯзгорон 40 километр масофаро тай зада омадааст, эътибор надод. Баъди мисол оварданамон аз фаъолияти ғайриқаноатбахши масъулони шуъбаи алоқаи почта мудир ваъда медиҳад, ки маблағҳои обуначиёнро рӯзи дигар ба суратҳисоби маҷаллаву рӯзномаҳо ирсол хоҳад кард.
Рафти обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо дар ноҳияи Рашт низ аз мавзуи доғи соҳаи маънавиёт аст, масалан, обунаи кормандони соҳаи маориф ба маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ҳамагӣ 10 нусха пешбинӣ шудааст. Ҳол он ки ҳанӯз даҳ сол пеш омори хонандагони доимии ин маҷалла аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт беш аз 70 нафарро ташкил медод.
Аббосзода Додарбек, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, иброз дошт, ки кормандони соҳаи маориф, бахусус бонувони омӯзгор ба маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки муассисаш Президенти муҳтарами Тоҷикистон мебошанд, эҳтироми хоса доранд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем, ки новобаста аз нақшаи дастгоҳи идеологии ноҳия, аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба маҷаллаи маҳбуби занону духтарони кишвар илова ба нақша ба 60 нусха обуна шавем.
Роҳбар чӣ гуна - корманд намуна
Ба ростӣ, ҳадаф аз ифшои ин мисолҳо танқиди роҳбарияти ноҳия ва як собиқадори соҳаи алоқаи почта нест, балки инъикоси таъсири манфии муносибати хунукназаронаи масъулон ба соҳаи маънавиёт аст, ки дар натиҷа хизматрасонии алоқаи почтаи ноҳияи Рашт ба ин сатҳ коҳиш ёфта, вазъи таъмин ва дастрасии матбуоти даврӣ ба аҳолӣ нигаронкунанда аст.
Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар ин маврид чӣ андешаву мавқеъгирӣ дошта бошад. Бо ин мақсад ду рӯз ба суроғи раис рафтем, аммо дари қабулгоҳаш баста буду аз ёвараш низ дараке пайдо накардем. Гуфтанд: «Раис ба Душанбе рафтааст».
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФОВ,
ноҳияи Рашт