Соли 2023 барои Тоҷикистон хушхабарҳои зиёде овард.
Соли пешорӯ аз он беҳтар хоҳад шуд.
Дуруд хонандаи гиромии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»!
Шуморае, ки дар даст доред, дар ин сол дувоздаҳумин аст. Ин чунин маъно дорад, ки боз бо як соли муҳими зиндагӣ, ки дар ҳаётамон нақши носутурданӣ гузошт, хайрухуш намуда, барои соли оянда дурнамои нав тарҳрезӣ мекунем.
Дар охири ҳар сол, одатан, аз соли рафта хулоса мебароранд, ки он ба мо чӣ дод ва мо чиро дар сафҳаи таърих аз худ боқӣ гузоштем. Маълум аст, ки ҳар сол бо ҳаводиси неку бади худ дар саҳфаи таърих ва ҳамин тавр дар ёди мардум мемонад.
Соли рафта соли 2023-юми давраи мо, соли 23-юми ҳазорсолаи сеюм, соли 23-юми асри XXI, соли сеюми даҳаи 3-юми асри XXI ба ҳисоб мерафт. Дар тақвими шарқӣ онро ҳамчун «мучал ё мӯлҷари харгӯш (заргӯш), соли харгӯш» медонанд. Харгӯшҳо табиатан ором, ҳассос, чолок, моҳир, меҳрубон, пуртоқат ва хеле масъулиятшиносанд. Тарс аз ин ҳам буд, ки онҳо метавонанд, якрав, осебпазир ва аз ҳад зиёд махфӣ бошанд, аммо коршиносон як махсусияти муҳими харгӯшро ошкор карданд ва, воқеан ҳам, дар соли 2023 он исботи худро ёфт: онҳо чӣ гуна ғолиб омаданро медонанд!
Инак, дар охири соли 2023, хеле боҷуръатона метавон гуфт, ки дарвоқеъ ҳам ба инсоният, хоса Тоҷикистони азиз, «соли харгӯш» ғалабаҳои зиёд овард. Аз ин ҷост, ки шакке боқӣ намемонад, то онро соли роҳкушоӣ ба сӯи ғалабаҳои бузург унвон додем.
Барои чӣ?
Агар се сол қабл тамоми дунёро даҳшати COVID-19 фаро гирифтаву аз худ маҳдудияти зиёде ба дунбол гузошта бошад, дар соли 2023 тамоми онҳо лағв шуданд, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ. Дар ин сол роҳҳои ҳавоиву заминӣ дигарбора фаъол шуданд. Акнун аз Душанбе ба тамоми дунё хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ боз гардид. Мошинҳои боркаш ҳам пас аз се соли маҳдудият ҳаракати худро сар карданд.
Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 12 моҳ на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки хориҷӣ низ муваффақиятҳои беназирро соҳиб шуд. Дар натиҷа, мавқеи Тоҷикистонро аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ шуниданд. Сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон, Россия, Чин, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон ва суханрониҳои Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо доираҳои мухталифи сиёсиву иқтисодии пуртаъсири ҷаҳон маънии ҷойгоҳи хоси кишвари моро дар сиёсатҳои ҷаҳони имрӯз дошту дорад.
Воқеан, суханрониҳои пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои «Чин + Осиёи Марказӣ» (моҳи май), иштирок дар Паради Иди Ғалаба (Россия, моҳи май), Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ (моҳи июл), Нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон (август), Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, вохӯрии сарварони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – ИМА» (моҳи сентябр, Ню – Йорк), вохӯрии раҳбарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон» (моҳи сентябр), Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ( моҳи ноябр, шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб) то ҳанӯз дар доираҳои ҷиддии илмиву сиёсии дунё, расонаҳои хабарии хабарсоз баррасӣ мегарданд ва аз онҳо иқтибос меоранд.
Чун солиёни пеш, пойтахти Тоҷикистони азиз – шаҳри гулбасари Душанбе макони баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ гардид, ки ин бори дигар мавқеву мақоми хосаи диёри арҷманди моро шаҳодат медиҳад. Махсусан, моҳи сентябр, пас аз таҷлили бошукӯҳи Истиқлоли давлатӣ, дар пойтахти Тоҷикистон доир шудани Вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ (14 сентябр), ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (15 сентябр), Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нишасти «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот» (27 -28 ноябр), агар аз як ҷиҳат кишвари амн будани Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд, аз ҷониби дигар, мавқеву мақоми роҳбарияти олии мамлакатро дар сиёсатҳои ҷаҳониву минтақавӣ бозгӯ менамояд.
Сафарҳои Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин (моҳи август) ва Қирғизистон (ноябр), санадҳои муҳими имзошуда дар ҷараёни ин сафарҳо ояндаи бобарори ин сиёсатмадори ҷавону дурбинро исбот намуданд. Хоса, натиҷаҳои пурмаҳсули иқтисодиву иҷтимоӣ дар Чин - 11 санади нав оид ба ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, ёддошти тафоҳум ва номаҳои табодулӣ аз як тараф ва маросими ифтитоҳи нимпайкараи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин, ки яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои таълимии Чин маҳсуб меёбад, аз сӯи дигар, бозтоби густурдае дар расонаҳои муҳими дунё пайдо намуд.
Дар бахши иқтисод ҳам муваффақиятҳои назаррас хеле зиёданд. Суръати рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин гашт ва дар ин замина дар ин сол даромади умумии пулии аҳолӣ 15 дарсад афзоиш ёфт. Таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё (БРАО) афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар нақшаи заминавӣ дар соли 2023 пас аз 7,5 фоизи соли аз ин пеш 6,5 фоиз пешгӯӣ карданд, ки миёни кишварҳои узви ин ниҳоди молӣ баландтарин ба шумор меравад.
Охирҳои сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 бо ширкати беш аз 600 нафар соҳибкору сармоягузорони Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои олам доир шуд.
Дар заминаи бизнес – форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон доираҳои тиҷоратии ду ҷониб созишномаҳо бо арзиши 82 миллион долларро имзо намуданд.
Шуруъ аз соли 2023 то соли 2025 дар мамлакат татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ мешавад.
Дар ҷараёни сафарҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёд ба истифода дода шуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам омаданд.
Махсусан, дастовардҳо дар бахши варзиш дар ин сол мафтункунандаанд. Маҳз дар ин сол як қатор роҳбарони созмонҳои муҳими ҷаҳонии варзишӣ ба Тоҷикистон сафар доштанд ва бо роҳбарияти олии мамлакат вохӯрӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, сафарҳои президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халиф, президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) Мариус Визер, баргузории чандин мусобиқаҳои байналмилаливу минтақавӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи варзиши кишвари моро дар ҷаҳон бамаротиб боло бурд. Варзишгарони мо дар Бозиҳои XIX Осиё бо гирифтани 7 медал - 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми 24-умро касб карданд. Ҳамаи варзишгарон бо туҳфаҳои пуливу молӣ, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ қадр шуданд.
Дар бахши фарҳанг дастовардҳо зиёданд. Дар охири сол Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, дар тарҳи мусиқии «Ну-ка, все вместе!» дар Россия соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Моҳи октябри имсол Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир шуд, ки дар он меҳмонони зиёде аз давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра ширкат варзиданд.
Шоир ва олими тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон барои силсилаи таҳқиқоташ дар робита ба рӯзгору осори Абурайҳони Берунӣ сазовори ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ дар Аврупо барои соли 2023 шуд, ки ин ҷоизаро «Нобели форсизабонон» низ унвон медиҳанд. Модели тоҷик Марям Шарапова дар озмуни моделҳо дар фестивали Beauty International 2023, ки рӯзҳои 7–14 октябр дар киштии Astoria Grande доир гардид, беҳтарин дониста шуд. Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Фестивали VII байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» баргузор гашт, ки дар он театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок намуданд.
Мутаассифона, дар ин сол як қатор талафоти фарҳангиву илмӣ низ доштем. Шахсиятҳои илмиву фарҳангие, чун Чилахон Холов, Ҳайдар Сафиев, Мирзо Муллоҷонов, Зафар Мирзоён, Саттор Турсун, Сабоҳат Қосимова, Пӯлод Бобоҷонов, Саидмуҳаммад Одинаев, Рафоат Абдусаломова, Муҳаббат Сатторӣ, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов моро тарк гуфтанд. Ёдашон гиромӣ бод!
Соли 2023 Тоҷикистон якчанд мавзеъҳоро барои шомил шудан ба Феҳристи мероси таърихию фарҳангӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод намуд ва қисме аз онҳо аллакай пазируфта шуданд. Аз ҷумла, мавзеи «Бешаи палангон». Масъалаи таҳия ва пешниҳоди номинатсияи «Ҳулбук — пойтахти Хатлони Қадим» ва ворид намудани он ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО идома дорад ва бовар дорем онҳо ҳам ба некӣ анҷом мепазиранд.
Як ҳодисаи хотирмони дигар, албатта, кушодани калонтарин масҷиди Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ аст, ки бо пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собитро гирифт.
Дар ин сол Ҳукумати Тоҷикистон иқдоме ҳам анҷом дод, ки дар ҷаҳон назир надошт. Моҳи май гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 104 нафар (29 оила) бо шумули занон, наврасон ва тифлон тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонда шуданд. Воқеан, бо дархости ҷониби Қазоқистон, ҳамчунин, панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ)-ро низ аз Сурия бароварданд. Раванди баргардондани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезаҳои Ироқу Сурия қарор доранд, ҳанӯз се сол қабл бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд, ки чунин иқдом беназир аст.
Дар соли анҷомёфта Тоҷикистон, ҳамчунин, нишон дод, ки дар баробари ғаму кулфати мардуми дунё бетараф буда наметавонад. Пас аз заминларзаи сахти рухдода дар Туркия, Сурия ва Афғонистон, ки боис ба ҳалокати зиёди одамон ва талафоти калони молиявӣ гардид, Ҳукумати мамлакат ба ин кишварҳо дар баробари фиристодани кумакҳои зиёд, инчунин, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро сафарбар кард, ки ба ҳамкасбони худ ёрии хешро дареғ надоштанд. Онҳо тавонистанд се одами зиндаро аз зери харобаҳо берун оваранд.
Хулоса, Тоҷикистон дар соли 2023 исбот намуд, ки як кишвари амн, тавонманд ва дар баробари мушкилот ғолиб аст. Аз ин ҷост, ки ба ҷумҳурӣ бештар аз як миллион сайёҳ ворид шуд. Хоса, омадани блогерҳо ва варзишгарони машҳури дунё ба Тоҷикистон, боиси таблиғи бештари кишвар гардид.
Маҳз дар ин сол Бонки рушди АвруОсиё ҳисоботеро нашр намуда, дар он Тоҷикистонро кишвари сабзтарини қитъа унвон кард. Ин маъноеро дорад, ки мавқеи Ҳукумати мо вобаста ба тадбирҳои экологӣ муҳим арзёбӣ мешаванд.
Инак, бо чунин муваффақиятҳо бо соли 2023 хайрбод хоҳем гуфт. Ва, албатта, саволи асосӣ дар рӯ ба рӯямон хоҳад омад: аз соли пешорӯи 2024 чиро интизор мебояд буд?
Дар сифатномаи «соли наҳанг», ки дар тақвими шарқӣ «соли харгӯш»-ро иваз мекунад, мехонем, ки наҳанг бисёр бовиҷдон буда, дар ҳама ҳолат рӯирост ва ҷасурона андешаи худро доир ба ҳолати бавуқуъпайваста баён медорад, адолатро барқарор месозад. Сахт боғайрат буда, барои ба ҳадаф расидан ба ҳама чиз тайёранд. Мағлубиятро намеписанданд ва маҳз ҳамин одаташон онҳоро ба мақсад мерасонад. Мо ба ин бовар дорем.
Соли Нав, муборак ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон