Ӯ яке аз он нафаронест, ки дар таъмини амнияти давлатӣ ва бунёди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои шоёну мондагор ба ҷо оварда, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳм гирифтааст.
Худойқул Ҳамроқулов ҳамчун вакили Шурои Олӣ дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона варзида, дар қабули қарору қонунҳои дархӯри ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлол, махсусан дар таҳия ва қабули Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми бориз гузоштааст.
Вазъи мураккаб
- Аз ҳавзаи интихоботии № 173-и ноҳияи Данғара ба вакилии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудам. Он овон парламенти доимоамалкунанда набуд ва барои баррасии масъалаҳо гоҳ-гоҳ ба сессияҳои Шурои Олӣ даъват мешудем. Аз моҳи майи соли 1992 нооромиҳо сар заданд ва нахуст вакили Шурои Олӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода рӯи ҳавлии парлумон аз ҷониби нохалафон тир хӯрда, кушта шуд. Тахминан дар масофаи 3 – 5 метр аз ӯ қарор доштаму шоҳиди ин ҳодисаи хунин гаштам. Ҳадафи душманон вазъи кишварро ноором кардан буд…
Дар ҳамин ҳол беш аз 200 вакил аз гӯшаву канори мамлакат даъват гардид ва дар толори Институти хоҷагии қишлоқ ҳама машварат оростанд, ки чӣ бояд кард? Сипас, иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ доир шуд. Бидуни ҳузури аз се ду ҳиссаи вакилон, қарорҳои қабулгардида расми қонунӣ намегирифтанд. Миёни вакилон нофаҳмиву пархошҳо ҷой доштанд, намояндагон вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия фикрҳои гуногун ва мавқеи ноустувор доштанд.
- Дар ҳудуди кишвар ҷангу низоъ, хунрезиву ғоратгарӣ авҷ мегирифт. Садҳо нафар сокинони водии Вахш дарёи Омуро убур карда, ба Афғонистон гуреза шуданд. Мардуми ӯзбекзабон тариқи ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён ба Ӯзбекистон рафтанд. Дар ин марҳалаи ҳассосу беназмӣ фирориён ҳазорҳо сар чорвои калону хурди дар тавозуни давлат қарордоштаро бо худ бурданд. Он овон ҳамчун муовини сардори РКБД дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа фаъолият доштам ва бевосита шоҳид гаштам, ки чӣ гуна авзои кишварро беҳокимиятӣ ва беҳуқуқӣ хароб карда буд.
МУАРРИФИНОМА:
Худойқул Ҳамроқулов зодаи деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент, хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Сад¬риддин Айнӣ). Муддати се сол дар ноҳияи Ғарм (Рашт) ҳамчун омӯзгор фаъолият бурда, хидмати аскариро дар ҳавзаи Закарпатия ба ҷо овардааст.
Ҳамчун афсари Кумитаи бехатарии давлатии (КБД) назди Шурои Вазирони ҶСШ Тоҷикистон, корманди ваколатдори РКБД-и вилояти вақти Кӯлоб дар ноҳияи Ленинград (Муъминобод), ёрдамчии сардор, муовини сардори РКБД дар вилояти Кӯлоб, муовини сардори РКБД дар вилояти вақти Қӯрғонтеппа, ёрдамчии сардори РКБД дар вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурӣ, муовини вазири амнияти ҷумҳурӣ, мудири шуъба оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият бурдааст. Ҳоло роҳбари ҶММ «Ориент Адвентур» мебошад.
Барои хизматҳои арзанда дар назди халқу Ватан вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12, мушовири давлатии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дараҷаи 3 (генерал-майори Хадамоти гумрук), генерал-майори амният, номзади илмҳои иқтисод Худойқул Ҳамроқулов бо ордени Спитамен ва 11 медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Истиқлолиятро ба Тоҷикис¬тон Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД
Иҷлосия
- Моҳи октябри соли 1992 вазъият рӯз аз рӯз вазнин мегашт. Баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ бағоят муҳим буд. Вакилон аз омадан ба Душанбе, ки макони тазоҳуроту даргириҳо буд, ҳарос доштанд. Пешниҳод шуд, ки иҷлосия дар Ӯзбекистон ё дар Панҷакент гузаронда шавад. Аз ваҷҳи маҳдудияти шароит баъди муҳокимаҳои зиёд вакилон билохира ба хулоса омаданд, ки иҷлосияро дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир намуда, макони будубошро дар шаҳри Хуҷанд қарор диҳанд.
Қариб 15 рӯз масъалаи ташкил намудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва даъвати вакилон ба шаҳри Хуҷанд баррасӣ шуд. Баъди ба шаҳри Хуҷанд рафтан, шумораи вакилони ҷамъомадаро ба назар гирифта, ба хулоса омаданд, ки кворум (шумораи муайяни аъзои маҷлис, ки барои қабул кардани қарорҳо кифоят мекунад) ҳаст. Аз ояндаи норӯшани вазъи сиёсии мамлакат вакилон хаставу асабӣ буданд, агар 5 – 10 нафари онҳо иҷлосияро тарк мегуфт, наметавонистем қароре қабул кунем ва гузарондани иҷлосия ҳам маънӣ намедошт.
Кӣ Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб мегардад, кӣ вазиру раис? Ҳама дар изтироб буданд ва аксарият иқрор мешуданд, ки дар чунин вазъи мураккаб намехоҳанд вазифа ва масъулияти сангинеро бар дӯш гиранд.
- Қарорҳои муҳим, ҷавҳари иҷлосия он буд, ки нахуст вакилон сохтори ҳокимияти президентиро барҳам дода, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуданд. Вакилон ба симати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Таърих собит сохт, ки онҳо воқеан ҳам Сарвари ҷонсӯзи Ватанро интихоб кардаанд. Дар ин росто, сохтори Шурои Олиро низ тағйир дода, муовинони Раиси Шурои Олӣ ва роҳбарони вазорату кумитаҳо низ интихобу тасдиқ шуданд. Пас аз ин, иҷлосия ба кори асосӣ шуруъ карда, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд. Ба ин тариқ, вакилон аз субҳ то бегоҳ дар толори Қасри Арбоб ҷамъ омада, қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав қабул ва баррасӣ менамуданд.
Гумруки навтаъсис
- Аз моҳи январи соли 1992 маро ба вазифаи сардори Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Мақомоти навтаъсис на бино дошт, на мизу курсӣ, на мошин ва на дигар лавозимоти корӣ. Дар собиқ Вазорати хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ барои мо чор ҳуҷра ҷудо намуданд. Корро аз сифр шуруъ карда, низомнома ва санадҳои муҳимро тартиб додем ва аз дигар сохторҳо кормандонро ба кор ҷалб сохтем.
Бо кумаки мутахассисон радиомодем (дастгоҳ барои интиқоли маълумоти рақамӣ тариқи радиоканал) насб карда, шабакаи алоқаро таъмин намудем, ки дигар сохторҳои қудратии кишвар аз чунин васоит бебаҳра буданд. Вақте ки Сарвари давлат бо мақсади баргардондани гурезаҳо ба Афғонистон сафар карданд, ин шабакаи алоқа барои ноил гаштан ба ин мақсад хеле ёрӣ расонд. Дар бартараф намудани низоъ миёни мухолифин ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шабакаи мазкур басо муҳим буд. Барои тавсеаи фаъолияти ин ниҳоди навтаъсис вазифаҳои зиёде дар пеш меистоданд: барои узви созмонҳои ҷаҳонӣ шудани соҳаи гумрук ба хориҷи мамлакат сафар кардан, дар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат ва намояндагӣ намудан, аз вазъи иттиҳодҳои гумрукӣ воқиф гардидану ба онҳо шомил шудан ва даҳҳо вазифаҳои дигар моро дар пеш буд.
Сохтори фалаҷгардидаи мамлакатро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати шабонарӯзӣ, бо неруи халқи баҳамомада оҳиста – оҳиста устувор карда, ваҳдати миллиро фароҳам оварда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ва воҳид дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Самари он заҳматҳоро наслҳои имрӯз чашида истодаанд…
С. АШӮРОВА