Соҳаи маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як кишвари мустақили рӯ ба тараққиро ташкил медиҳад, зеро ҳамаи афроди ҷомеа танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсилот вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорату бозаргонӣ ва низомӣ мегарданд. Аз ин рӯ, соҳаи маорифро метавон модари ҳамаи соҳаҳои дигар номид.
Яке аз роҳҳои рушду тавсеа бахшидани ҳар соҳа ин, пеш аз ҳама, дастгирии молиявӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони он мебошад. Дар панҷ соли охир тамоюли боло бардоштани андозаи маоши кормандони соҳаи маориф ба як раванди устувор табдил ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 23 декабри соли 2022, таъкид карданд, ки ҳадафи роҳбарияти олии мамлакат аз амалисозии ин тадбир, пеш аз ҳама, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеътари истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ дар соҳаҳои илму маориф мебошад.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки Сарвари давлат зимни баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф пайваста ба он дахл мекунанд, масъалаи забономӯзист. Роҳҳои ҳалли проблемаи мазкурро низ нишон доданд, ки яке аз онҳо ҳамасола доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷалби ҳарчи васеътари аҳли ҷомеа ба он ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, омӯхтани таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишварро аз зумраи вазифаҳои муҳим унвон карданд.
Соли 2021-ро ҳамчун соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон махсус бояд таъкид кард. Дар даврони истиқлол дар мамлакат 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд. Аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 дарсад зиёд карда шуд.
Дар Паём, ҳамчунин, натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи мамлакат дар панҷ соли охир таҳлилу натиҷагирӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло ва саросар соҳибкасб гардондани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.
Ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки ояндаи дурахшони миллату давлат ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим вобаста мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ ба маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Умеда ВОҲИДЗОДА,
номзади илмҳои иқтисод