Чаро Рӯзи Президентро дар Тоҷикистон бошукӯҳ ва самимӣ таҷлил менамоем?
Бидуни шак мардуми Тоҷикистон ва берун аз он ба хубӣ медонанд, ки бо чӣ сабаб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф шудаанд. Мутмаинем ин маъноро солҳои баъдӣ амиқтар дарк хоҳанд кард.
Ин воқеият аст, ки дар раванди таърих барои ҳар як халқу миллат шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки метавонанд ҳаёти хушбахтонаву босаодати мардумро таъмин созанд. Тасодуф нест, ки барои ба ин саҳна ворид гардидан ва минбаъд байни мардум чун Пешво эҳтиром пайдо кардани онҳо ба ин шахсиятҳо воқеаву ҳодисоти таърихӣ мусоидат мекунанд.
Дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кишвари мо Сарвари воқеиро муаррифӣ намуд ва моҳи ноябри соли равон 31-солагии ин воқеаи барои тоҷикистониён тақдирсоз таҷлил мешавад, таҳқиқоти зиёде сурат гирифтаанд ва бовар дорем дар оянда пажӯҳишҳои муҳимтар анҷом хоҳанд ёфт. Ҳоло ҳам, вақте сухан дар бораи ин Иҷлосияи таърихӣ меравад, мисли ҳар ҳодисаи муҳими дигар, дар бораи асрорҳояш зиёд мегӯянд. Дар бораи асрорҳои сеҳрангези Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд. Аз ҷумла ин ки Қасри Арбоб 16 сутун дошт, оғози ин Иҷлосияи таърихӣ ба 16 ноябр рост омада, он 16 рӯз идома ёфт, дар қатори 116-ум номнавис гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил ва ғайра…
Баъдтар ҳам рақами 16 нишон дод, ки дар зиндагиву фаъолияти Пешвои муаззами миллат ва ҳамин тавр тамоми мардуми Тоҷикистон фоли нек аст. Дар натиҷа, аввалин савгандёдкунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 1994 сурат гирифт, аз 16-уми нояб¬ри соли 2016 Рӯзи Президент ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Нуктаи муҳимтарин ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соли 1930–юм 16–умин роҳбари давлати Тоҷикистон аст.
«Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифт, бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон аз 16 ҳикмате бигӯяд, ки ба шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шудем.
1. Асосгузор
Соли 1992 Тоҷикистон на танҳо дар шароити ҷанги бародаркуш қарор дошт, балки амалан бе роҳбар монда буд, зеро дар натиҷаи фишор ва амалҳои ғайриқонунии мухолифин Президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва ҳама вазирон истеъфо доданд. Маҳз дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ҳукумати нав таъсис ёфт, барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард, суботи комил ба даст омад ва имсол сокинони мамлакат 31-солагии онро ботантана чун иди умумимиллӣ таҷлил намуданд. Ин иҷлосияро беҳуда таърихӣ ва тақдирсоз намегӯянд. Муҳимтарин дастовардҳои он ба назари аксари таҳлилгарон он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба симати Сарвари давлат - Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва мамлакат соҳиби рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ гашт.
Воқеан, то баргузории ин Иҷлосия Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия надошт. Роҳбари ҷавону дурандеш ҳамчунин тавонист дар муддати кӯтоҳ бо душвориҳои зиёд артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро созмон диҳад ва устувор гардонад. Тоҷикистон бевосита пас аз ин Иҷлосия ва раҳбарии кишварро ба зимма гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Аз ин рӯ, таҳлилгарон бар ин назаранд, ки истифода бурдани вожаи муҳиму муқаддаси Асосгузор дар баробари номи Эмомалӣ Раҳмон хеле мантиқӣ ва асоснок аст, зеро маҳз ӯ пояҳои асосии як давлати мустақилро замина гузошт.
2. Сулҳпарвар
«Ман ба шумо сулҳ меорам!» нахустин шиор ва ваъдаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардумро дар атрофи худ гирд оварду дар ниҳоят ба ваъдааш вафо кард. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани 26-уми ноябри соли 1992» дар Иҷлосияи таърихӣ қабул ва бо ҳамин раванди барқарорсозии сулҳ дар мамлакат оғоз шуд.
Ҳамватанон ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунанд, ки баъди музокироти бисёр мушкили беш аз чилмоҳа, сар аз соли 1994 ниҳоят 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон нобасомониҳо хатм шуд. Тамоми раванди музокироти тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи ҷиддии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар 6 музокироти сатҳи олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита ширкат варзида, зери Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ имзо гузоштанд, ки ин амр ба нақши созандаву барозандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди сулҳу оштӣ таъкид меварзад.
Дар назардошти ҳамаи ин Муншии умумии Соз¬мони Милали Муттаҳид Кофи Аннан чунин ибрози андеша намуд: «Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашида, тарзи ҳал кардани зиддияти дохилимиллиро нишон дод».
3. Содиқ ба аҳд
Яке аз хислатҳои муҳими Пешвои воқеӣ содиқ мондан ба аҳд аст. Аз ибтидои ба сари қудрат омадан то имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳар қавле, ки ба мардум доданд, ҳатман иҷро намудаанд.
Бо гузашти солҳо борҳо аз рӯзҳо ва ваъдаи содиқонаи хеш ёдовар шуда, Пешвои миллат изҳор медоранд, ки: «Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Ҳамон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ба номи халқи бузургвори тоҷик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардона дода будам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи сулҳу суботи пойдори Ватанам, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам».
4. Қонунмеҳвар
Маълум аст, ки роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд. Аз ҷумла, бо ин ки на ҳамаи гурӯҳҳо барои сари мизи музокирот нишастан омода буданд. Аз хотир намебарорем, ки тақрибан ҳар рӯз як рӯйдоди фоҷиабору даҳшатнок, кушторҳои бераҳмонаи ходимони давлатию нобиғаҳои касбу кори гуногун, ғасби шаҳру навоҳии мамлакат ва нофармонии баъзе қумондонҳоро мешунидему медидем.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз «зӯрони давр» даъват менамуд, ки дар доираи қонун амал кунанд, ба хотири сулҳу субот гуноҳи андаки бархеҳо бахшида шуд. Ниҳоят ҳар касе ҳарфи қонун ва Пешворо шунид, даст ба кор шуд. Ҳар касе «аз зӯрии худ миннатдор» шуданӣ буд, ҷазои сазовор гирифт.
5. Инсондӯст ва одил
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки вазифаи давлат фақат аз муҷозот намудани ҷинояткорон иборат нест. Дар баробари ҳифз намудани шаҳрвандон аз ҷинояткорони ашаддӣ ва тақвияти қонунмандӣ, вазифаи мақомоти давлатӣ пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил ва ислоҳ шудану тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, андешаҳои давлатмеҳварӣ, шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. Инро рамзи гӯёи амалишавии принсипи инсондӯстӣ низ меноманд.
Дар даврони истиқлолият тақрибан 20 маротиба Қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба ҳудуди 200 000 нафар татбиқ гардида, маҳбусон аз адои ҷазо озод шуданд. Ҳамзамон бо ин, дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба Қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки он ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат кард.
6. Дардошно
Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷуз талафоти ҷонии беш аз 150 ҳазор нафар ва зарари иқтисодии беш аз 10 миллиард доллар, ҳамчунин, беш аз 1 миллион гурезаро дар пай дошт. Барои ноил шудан ба мақсадҳои неки худ ва малҳам шудан ба дарди ҳар як фарзанди миллати тоҷик, ки дилашон аз ҷабри ғарибӣ реш буд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда, бо иродаи қавӣ ваъда дода буданд: «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар азоби ғарибӣ бубинад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» ва «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд».
Сарвари давлат ба ин суханҳои худ вафо карда, мардуми ғамзадаро аз ғурбат раҳо намуданд.
7. Ҷасоратманд
Роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, аз ҷумла ҷасорати шахсии як Пешворо тақозо менамояд. Мухолифини саропо мусаллаҳ бо ҳар роҳу восита мехостанд ниятҳои неки Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таъхир афтад. Барои ҳамин, дар ҳар музокирот талабу дархостҳои нав ба нав пеш мегузоштанд. Яке аз талабҳои онҳо дар мавзеи Хосдеҳи давлати ҳамҷавор доир намудани гуфтушунид буд. Бархе аз мушовирони Президент ин талабро хуш напазируфтанд, зеро дар он айём мавзеи Хосдеҳи Афғонистони ҷангзада макони хеле хавфнок буд. Сари ҳар қадам марг таҳдид мекард, ҳатто имкони фурудоиву ба замин нишас¬тани чархбол мавҷуд набуд. Шояд роҳбарияти иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик бо чунин талаб мехостанд иродаи Президенти Тоҷикистонро имтиҳон кунанд. Дар натиҷа Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои ҷасоратманд аз азми қавию роҳи пешгирифтаашон нагаштанд.
Ин ҳамаро дида, Аҳмадшоҳи Масъуд боре дар ҷавоби ин пойфишориҳои Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Ба давлати шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед».
Чунин мисолҳоро аз фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ фаровон овардан мумкин аст, ки ҳатто ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон– маконҳои хеле ноамн сафар карда, бо мардум суҳбатҳои самимӣ анҷом додаанд. Борҳо мавриди суиқасди нохалафон ҳам қарор гирифтанд. Аммо Сардори ҷасоратмандро аз роҳаш боздошта натавонистанд.
Яъне, ҳанӯз дар замони нооромиҳо ва музокироти сулҳ Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат буданашонро амалан собит намуданд.
8. Арҷгузор
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳёи таърих, суннат, анъанот, оинҳо ва мероси бостонии миллӣ ҳамеша авлавият медиҳанд. Ҳатто замоне, ки мардум ва давлат дар ҳоли буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ қарор доштанд, дар андешаи зинда кардани таърихи миллӣ ва эҳёи суннатҳои дерини бумиро дар зеҳни худ парварда, роҳҳои барқарор намудани ҳофизаи таърихии миллатро ҷустуҷӯ мекарданд.
Дар ин раванд Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва СММ онро ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд. Ҳамчунин, таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили анҷуманҳои байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675-солагӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996, 2020), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва амсоли инҳо барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин, шинохти ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти бағоят муҳим дорад.
Қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони барӯманди миллати тоҷик инъикос мекунад.
Бо ташаббуси Роҳбари давлат зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700- солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва ғайраҳо гузаштаи миллатро ба имрӯзи мо пайванд месозад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо таъкид намудаанд: «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад… Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».
9. Ободкор
Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Дӯстӣ», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма - Қароқурум, роҳи оҳани паҳнбари Қӯрғонтеппа - Кӯлоб аз иқдомҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд, ки боиси пешрафту тарақ¬қиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо ёфтанд.
Акнун имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дарсад беҳтар гардад.
Сохтмони аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин лоиҳаи Сарвари давлат аст, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ба он сахт иртибот дорад.
10. Ислоҳотгар
Дар солҳои басо душвори 90-ум, ки ба мардуми кишвар гуруснагӣ таҳдиди воқеӣ дошт, бо фармонҳои Сарвари давлат, аввал моҳи октяб¬ри соли 1995-ум 50 ҳазор гектар ва бори дуюм моҳи декабри соли 1997-ум 25 ҳазор гектар замин ба сокинони кишвар тақсим карда дода шуд. Ин заминҳо, ки онҳоро ҳоло халқ «замини Президентӣ» унвон додаанд, сабаб шуданд, ки мардуми Тоҷикистон аз гуруснагӣ раҳо ёбанд.
Ҳамин тавр, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба миён омад, ки дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон бисёр муҳим ва саривақтӣ буд.
11. Ташаббускор
Дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Борҳо аз минбари баланди СММ сухан ронда, дар баробари муш-килоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи давлати Афғонистон, масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб кардаанд.
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид. То ин замон панҷ пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби созмони муътабартарини дунё - СММ пазируфта шудааст.
Аз ҷумла, ташаббуси панҷум 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо тарафдории 153 кишвари аъзо дар соҳаи обу иқлим пазируфта шуд. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол, рӯзи 21-уми марти ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.
12. Қонунсоз
Коршиносон мегӯянд, қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад. Ба вуҷуд овардани низоми ҳуқуқи миллӣ бо таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ - «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» яке аз дастовардҳои нодир дар роҳи бунёди давлати миллӣ буд, ки маҳз бо ташаббус ва ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд.
Гуфта мешавад, низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон аз ҷониби тамоми мардум, давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи дунё ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.
13. Ҳимоятгари зан – модар
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахус¬тини фаъолияти худ ҳамчун Сарвари давлат ба занону духтарон ҳамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуданд. Борҳо зимни суханрониҳо ишора кардаанд, ки дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, махсусан занон, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шудаву барои роҳандозии сиёсатҳои халқпарварона ёрии хешро дареғ надоштанд.
Хизматҳои бонувон ҳеҷ гоҳ аз мадди назари Сарвари давлат пинҳон намондаанд. Дар натиҷа алҳол 3 зан аъзои Ҳукумат, 5 нафар роҳбари мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар дар вазифаи раиси шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.
То ин замон 11 500 духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар маҷмуъ, 222 ҳазор духтар муассисаҳои олии касбиро хатм намуда, ҳоло 100 ҳазор нафар дар ин муассисаҳо таҳсил дорад. Аз 42 ҳазор донишҷӯ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил дорад, зиёда аз 8 ҳазораш духтаронанд.
Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, ки ин тадбир низ ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон дар тамоми манотиқи кишвар арзёбӣ мегардад.
14. Тарбиятгари ҷавонон
«Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд» - гуфтаанд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсати калон замоне омаданд, ки ҳамагӣ 40 сол доштанд. Он ҳам дар давраи душворе, ки тақдири миллату давлат ҳал мешуд. Қатъи назар аз ин, аз рӯзҳои аввал такя ба ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати марказӣ қарор дошт. Дар натиҷа, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои тарбияи ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро кабул намуд, ки барои фаъолияти озодона ва комгор гаштани онон шароити васеъ фароҳам овард. Махсусан эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон аз таваҷҷуҳи хоси Президенти кишар нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад. Инчунин, созмон додани Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, боис¬теъдоду соҳибкасб равона гардидаанд.
Ҳамзамон, муқаррар намудани стипендияҳои президентӣ барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, ҷалби ҷавонон дар фаъолияти идоракунии давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ғайра далели гуфтаҳои болост. Худи ҷавонон Эмомалӣ Раҳмонро идеали хеш дониста, аз «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бошавқ сабақ мегиранд.
15. Рамзи боварӣ
Пешвои муаззами миллат ҳоло ба рамзи боварӣ ба оянда низ табдил ёфтааст. Мардум ба ӯ бовар мекунанд, эътимод доранд, ки дар ҳар иқдому ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ояндаи миллату Ватан дар назар гирифта шуда, суботу оромиро таъмин менамояд. Чунин эътимод ҳанӯз аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегирад. Вақте Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихӣ Парчами кишварро, ки маҳз ҳамон рӯзҳо қабул карда буданд, бӯсида, савганд ёд кард ва бо иштирокдорони Иҷлосия рӯ оварда, гуфт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».
16. Эътирофшуда
Алҳол мафҳумҳои Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам муродифанд. Дар бораи Пешвои тоҷикони ҷаҳон сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳарф мезананд ва истеъдоди фавқулодаи сарварии ӯро эътироф мекунанд.
Дар замина, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷ аз кишвар низ мавриди эътироф қарор гирифтаанд. Ҳоло, аз рӯи ҳисобҳо, Президенти Тоҷикистон бо бештар аз 50 мукофот, ҷоиза ва унвонҳои муътабари сатҳи ҷаҳонӣ қадр шудааст. Аз ҷумла, Ситораи тил¬лоии Алберт Швейтсер, медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳ Масъуд», ордени Александр Невский, нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Мукофоти сулҳи СММ, Ҷоизаи «Пешвои асри 21».
Тақрибан 30 сол пеш Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон иқроре дошт, ки рӯз ба рӯз моҳияти хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон равшантар мешавад. Сиёсатмадоре, ки аз умқи сиёсатҳои дунё огоҳӣ дошт, дар мавриди Сарвари давлати тоҷикон хеле қотеона гуфт:
«Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем».
Ин ҷумла ва, албатта, маҳбубияти мардум гувоҳи он аст, ки чаро ҳамасола 16 ноябр – Рӯзи Президентро дар Тоҷикистон мутантан ва хеле самимӣ таҷлил менамоем.
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон