6-уми ноябр Низорамоҳ Зарифова, ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ, баҳори 100-умин солгарди рӯзгори хешро пешвоз мегирад. Як садсола зистан, як садсола бо мардум будан худ қаҳрамонист. Рӯзгори ибратбахш, барои дигарон оинаи ҳаёт будан на ба ҳар кас муяссар мешавад. Аммо Низорамоҳ Зарифова хушбахттарин бонуест, ки тӯшаи ғании як асрро, чи дар сиёсат ва чи дар илму фарҳангу маърифат барои мо эҳтиёт намудаанд. Суҳбати мо ба дарозо рафт. Чанде аз ёддоштҳои бонуи боиқболро бо чеҳраҳои намоёни фарҳангу адаби тоҷик манзури хонандагон мегардонем.
Қабл аз ҳама мехостам аз устоди бузургвор Садриддин Айнӣ ёд оред?
- Бори аввал сардафтари адабиёти советии тоҷикро дар маҷлиси Совети Вазирони ҷумҳурӣ дида будам. Вақте ки ба толор ворид мешуданд, ба муовини Раиси Совети Вазирони кишвар Солибоев ишора карда «марҳамат гузаред» гуфтанд. Солибоев «не, аввал Шумо гузаред» гӯён худро қафо кашид.
Ҳамин тавр, онҳо чанд дақиқа байни худ баҳс карданд ва баъд хандида якдигарро сахт ба оғӯш гирифтанду якҷоя ба толор ворид шуданд. Солҳои баъд устод Садриддин Айниро чандин маротиба дидам, аммо он замон саломатияшон он қадар хуб набуд. Бениҳоят хоксору меҳрубон буданд…
Соли 1954 бо қатора аз Москва ба Душанбе меомадам. Духтаре рӯзномаеро ба дастам дод ва хабари марги устодро расонд. Бениҳоят ғамгину дилшикаста шудам. Он касро дар Боғи марказии пойтахт ба хок супурданд, то ба мардум наздик бошанд. Тақрибан 8 сол пас Ҳукумат ба хулосае расид, ки марқади Айниро иваз кунанд. Он замон котиби Комитети Марказии ҲК Тоҷикистон будам. Мо ҷои мусоид кофтем ва аз боғи имрӯзаашон дида, ҷои беҳтаре пайдо накардем. Дар он ҷо мақбараи устод бунёд ёфт. Вақте ки устодро аз хок берун карданд, агарчи аз миён чандин сол гузашта бошад ҳам, чун пештара чеҳраашон ҳеҷ осебе надида буд. Устод Айнӣ инсони худодод буданд…
Бо шоири маҳбуби пролетарӣ Абулқосим Лоҳутӣ ошноӣ доштед?
Соли 1937 дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Сталинобод таҳсил мекардам. Хабар расид, ки ба назди мо шоири маҳбуб Абулқосим Лоҳутӣ меояд. Ҳамроҳи мо намояндагони миллатҳои гуногун: қазоқ, қирғиз, ӯзбеку тотор ва дигар миллатҳо таҳсил мекарданд. Ин хабар ҳамаро шод кард. Ҳамон сол алифбои мо иваз шуда буд ва то як дараҷа мушкилӣ ҳам мекашидем. Устод Лоҳутӣ бо мо ҳам дар ин бобат ва ҳам мавзуъҳои дигар суҳбати хуб гузаронд. Дар охир шеърҳои нави худро қироат кард. Баъдҳо, вақти дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштан, устодро бо ҳамсарашон Силсилабону зиёд медидам ва аз дидори аввалинам ёд мекардам. Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ дӯстони қарин буданд. Баъди маргашон мактубҳои дӯстонаву бисёр самимияшон дар рӯзномаҳо чоп шуда буданд.
Ҳамроҳи Бобоҷон Ғафуров солҳо кор кардед. Бешак, хотираҳои зиёде дар ёди Шумо маҳфузанд…
- Ҳанӯз панҷ моҳ пеш аз хатми мактаби олии партиявии Москва, Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки дар Душанбе ҷои кори ман омода аст. Он вақтҳо мутахассис намерасид. Аз Тоҷикистон ман дуюмин зани тоҷик будам, ки ин мактаби олиро хатм кардам.
Чун ба Ватан баргаштам, маро мудири шуъба таъин карданд. Инсони бениҳоят бузург буданд. Барои чопи китоби «Тоҷикон» монеагарӣ ва душманиҳо зиёд шуд. Хиёнатҳои бисёр диданд, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ин китоби бузург ба дасти хонанда расид. Бобоҷон Ғафуров барои миллати тоҷик хизматҳои бузург кардаанд…
Шумо чанд сол дар манзиле зистед, ки пештар он ҷо Бобоҷон Ғафуров умр ба сар мебурданд…
Бале. Соле, ки Бобоҷон Ғафуровро дар Москва ба вазифаи нав таъин мекунанд, пеш аз сафар мегӯянд, ки хонаи маро ба Низорамоҳ Зарифова диҳед. Ҳам худаш арзанда ва ҳам шавҳараш.
То ин дам дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи «Душанбе» дар ҳамсоягии шоири маҳбуб Мирсаид Миршакар мезистем. Маро барои дидани хона бурданд. Ҳавлӣ калону барҳаво буд ва рӯйи он мурғҳои зиёд мегашт. Аввал розӣ нашудам, зеро ҳавлӣ дар назарам бениҳоят бузург намуд, аммо чун ин ҷо қадамҷои Бобоҷон Ғафуров буд ва худашон пешниҳод карда будаанд, пазируфтам. Устод 50 мурғро ҳам ба ман ҳадия намуданд. Ҳар рӯз чанд қуттӣ тухм гирифта, тақсим мекардам. Аҷаб замонҳое буданд. Мо дар он хона панҷ сол зиндагӣ кардем. Пушти хонаи мо маҳбас буд. Чандин маротиба маҳбусон гурехта, дар ошхонаи мо пинҳон шуданд. Як - ду бор даруни хона ҳам даромаданд. Ростӣ, тарсидам ва ба ин манзил (ҷои зисти ҳозираашон) гузаштам. Аз Бобоҷон Ғафуров хубиҳои зиёд дидаам. Ин хел ғамхорӣ кӣ мекунад? Ҳеҷ кас! Бобоҷон Ғафуров ҳамин хел инсони бузург буданд ва ман як умр аз он кас сипосгузорам.
Шумо бо аҳли адаби замони хеш қаробат доштед. Бегумон, саҳифаҳои хотироти Шумо аз ин боб рангинанд…
- Ман аз устодони забардасти адабиёти тоҷик Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода хотираҳои зиёде дорам. Ин ҷо якеро мегӯям…
Боре қанди Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода баланд шуд ва ҳардуро дар беморхона хобонданд. Ман ба дидорбинӣ рафтам. Аз ширингӯиҳои Боқӣ Раҳимзода хеле хандидем. Дар миёни суҳбат сухан аз қурутоб рафт ва бо ҳасрат гуфтанд, ки кайҳо боз қурутоб нахӯрдаанд.
Ман поён фуромада, аз як корманди беморхона, ки мешинохтамаш, хоҳиш кардам, ки як қурутоб омода кунад.Ӯ бо хушнудӣ розӣ шуд. Чун фардо ба беморхона рафтам, духтуру ҳамшираҳоро сарсон дидам. Сабаб пурсидам. Гуфтанд: «Муаллимаҷон, қанди ҳама беморон яку якбора баланд шудааст. Сабабаш номаълум»…
Ҳайрон ба ҳуҷра даромадам. Рӯйи кат Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзодаро дидам, ки хомӯш менишастанд. Чӣ шуд?, - гӯён пурсидам. Хандида гуфтанд. «Қурутоби низорамоҳӣ хӯрдем»… Маълум шуд, ки он бонуи азиз дар як табақи калон қурутоб овардаст. Устодон дигар беморҳоро низ зиёфат додаанд ва қанди ҳама баланд шудаст.
Шунидам, ки Шуморо Малика Собирова зиёд дӯст медоштааст…
Ман ҳам Маликаро бисёр дӯст медоштам. Фикр мекунам, нафаре набуд, ки ӯро дӯст надорад. Бо истеъдоди фавқулодаи хеш фарқкунанда буд. Малика ва боз чанд балеринаи дигарро, ки нав донишгоҳро хатм карда баргашта буданд, КМ ҲК Тоҷикистон зери назорат гирифта буд ва барояшон шароити мусоид фароҳам овардем. Баъдан Малика Собирова вакили Совети Олӣ интихоб шуд. Дар маҷлисҳо аз боло ба ӯ менигарис¬там. Ҷисман ин ҷо буду руҳан дар театр. Баъзан бо ангуштонаш ҳаракатҳои маҳин мекард. Боре аз ин бора гуфтам. Ӯ бо нигоҳи бисёр хоси худ гуфт:- Нина Зариповна, это заметно, да?…
Бори охир Малика Собироваро дар куҷо дида будед?
- Ману Ибодат Раҳимова дар Москва будем. Ҳамон шабу рӯз саломатии Малика бисёр вазнин буд ва ӯ он ҷо табобат мегирифт. Айни бозгашт бо Малика дар як ҳавопаймо будем. Гирду атрофи ӯ пур аз духтурон буд. Ӯ бетоқат шуда, аз паҳлу ба паҳлу мегашт. Дард ба ӯ зӯрӣ мекард. Дили ман ба дард омад. Аз тирезаи ҳавопаймо ба рӯйи абрҳои сафед чашм дӯхтам. Дар назарам чунин намуд, ки Малика сари по аст ва сабук болои ин абрҳо мерақсад. Ин вақт Малика маро нидо кард. Дастамро сахт дошта гуфт: Нина Зариповна, фаҳмидам, ки Шумо инҷоед. Дӯстатон медорам.
Ман худамро ба даст гирифта, ӯро тасалло додам. «Ман ҳам туро дӯст медорам. Ту духтари моӣ», - гуфтам: «Ҳоло ту сиҳат мешавӣ ва боз рӯйи саҳна мебароӣ. Мухлисонат интизори туянд». Баъд аз чанд рӯз Малика даргузашт. Ин дидори охирини мо буд…
Аз рӯзгори Туҳфа Фозилова кадом лавҳаеро дар хотир доред?
- Туҳфа Фозилова ҳунарманди нотакрор буд. Ёдам меояд, боре Туҳфаапа ба ман занг зада гуфт:-Шиштам, шиштаму гуфтам, ки Шуморо ин бегоҳ ба хона даъват кунам. Ману шавҳарам ба меҳмонӣ рафтем. Муҳаммад Осимӣ, Юсуфбеков ва Ибодат Раҳимова ҳам будаанд. Ошпаз ҳунарманди Теат¬ри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ Маҳмудҷон Тоҳирӣ буд. Он шаб то субҳ базми рақсу суруд, латифагӯиҳои намакин давом ёфтанду шикамсерӣ хандидем. Туҳфа Фозилова ҳамроҳи Маҳмудҷон Тоҳирӣ барои меҳмонон чанд нақш офариданд. Бо хоҳиши мо соҳибхона сурудҳояшро такрор ба такрор хонд. Он сурудҳои Туҳфаапа то ҳол дар гӯши ман садо медиҳанд. Ҷавонони мо аз ин гуна ҳунармандон сурудхониро бояд биомӯзанд.
Мегӯянд, ки Шумо бо шоири тавонои мо Аминҷон Шукӯҳӣ ҳамсоягӣ доштед?
-Бо Аминҷон Шукӯҳӣ ҳамсол, ҳамсоя ва ҳамкурс будам. Дар ҳини таҳсил дар Москва аз ҳама шеърҳои навиштааш огоҳӣ доштам. Ба баъзе шеърҳои лирикиаш бо ҳазл эрод мегирифтам, ки чӣ ҳамсаратро фаромӯш кардӣ? Завҷаашон бисёр бонуи дарёдили меҳрубон буданд. Аминҷон Шукӯҳӣ ҳамеша бо кулоҳ мегашт. Баъзан лабҳои кулоҳаш қат мешуд. Мегуфтам, дока монда уту кун, рост мешавад. Бо табассум даст меафшонд. Дар ҳақиқат зиёии асл буд. Бениҳоят хоксору раҳмдил. Мо дӯстии хуб доштем…
Апаи азизу меҳрубон, дар арафаи 100 -- умин баҳори умри хеш барои хонандагон чӣ дуруде доред?
-Ҳама аз байни халқ месабзад. Аз ҷумла, шоиру нависандагон ҳам. Барои ҳамин зиёд вохӯриҳои эҷодиро ташкил кардан зарур аст. Ҳам нависандаҳои бузург, ҳам ҷавонони эҷодкор бояд дар суҳбати мардум бошанд. Зиёд китоб хонанд. Ман романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзодаро дӯст медоштам ва такрор ба такрор мехондам. Ҳоло аз нав тавассути радио гӯш мекунам ва ҳаловат мебарам.
Баъди нобасомониҳои солҳои 90-ум, харобаҳои мулкро обод кардан осон набуд. Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вақти бағоят сангин Роҳбари давлат интихоб шуданд. Хушбахтона, барои сокинони кишвар сулҳ оварда, Тоҷикистонро ба гулистон табдил доданд. Мақоми давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштанд. Аз хурд то бузург бояд ба дастовардҳо эҳтиром гузорем. Ба қадру қимати заҳматҳои Сарвари давлат бояд расид!
Сайидо ШАРАФӢ