Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар назди давлату миллати тоҷик масъалаҳои зиёде ба миён омаданд, ки онҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ алоқаманд буданд ва масъалаи аввалине, ки дар ин маврид ба миён омад, баҳс атрофи ҳувияти миллӣ буд.
Имрӯз тақвият ва рушд бахшидани давлатдории миллии тоҷикон, густариши ҳувияти миллӣ аз омилҳои асосӣ ва бағоят муҳим ба шумор мераванд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ рушди давлатдории миллиро бе мустаҳкам намудани ҳувияти миллӣ тасаввур намудан номумкин аст. Дар баробари ин, тақвияти ҳувияти миллӣ метавонад сабаби наҷотбахшии кишвар ва давлатдории миллӣ аз ҳар гуна хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, радикализм, моҷароҳои қавмиву мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар шароити имрӯза гардад.
Дар ин замина, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» аз 5-уми октябри соли 2009, доир намудани ҷашнвораҳои «Бузургдошти 1100-солагии давлатдории Сомониён», «1150-солагии сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», эълони соли 2006 ҳамчун «Соли фарҳангу тамаддуни ориёӣ», таҷлили «2700 - солагии шаҳри Кӯлоби бостон», «Гиромидошти 1130 - солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазир дар ислом Имом Абуҳанифа», «5500 - солагии Саразми бостон», ҳамасола бо шукӯҳ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Рамазон ва Иди Қурбон, эҳёи ҷашнҳои миллии Сада, Тиргон ва Меҳргон аз чораҳои амалӣ дар самти мустаҳкам намудани ҳувияти миллии мо дарак медиҳанд.
Бо назардошти ин, барои насли ҷавон рӯйдоди муҳим дар фаҳми ҳувияти миллӣ ва масъалаи худшиносии миллӣ ба нашр расидани асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» мебошад.
Имрӯз бо назардошти пешрафти босуръати илму техникаи муосир, раванди глобализатсия ва интегратсияи кишварҳо ба омӯзиши забонҳое, ки дар саросари олам ҳамчун воситаи муошират ва муомилот эътироф шудаанд, афзалият дода мешавад. Ин аст, ки дар қатори омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ, макотиби таҳсилоти умумӣ ва олии мамлакат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад…
Мусаллам аст, ки глобализатсия, аз як тараф, ба равобити наздики халқу миллатҳо ва кишварҳою давлатҳоро вусъат бахшад, аз ҷониби дигар, фишори ин раванд ба сохторҳо, арзишҳои миллию фарҳангии халқҳо ниҳоят шиддат мегирад. Руҳияи бархӯрди тамаддунҳо нисбатан тақвият ёфта, арзишҳои куҳан қимати иҷтимоии худро бохта, ботадриҷ аз миён мераванд ва ҷойи онҳоро арзишҳои нав ва аксаран бегона мегиранд.
Пешниҳоди дигари пурмуҳтавои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бознашри китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва ба ҳар хонадон туҳфа кардани як нусха аз ин таърихномаи миллати тоҷик, ибтикори навбатии хирадмандона мебошад.
Паҳлуҳои гуногуни нигариш ба гузаштаи таърихи миллат, аз ҷумла рӯ овардан ба эҳёи хотираҳои таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, суннатҳои давлатдорӣ, ташаккул додани расму оинҳои миллӣ яке аз роҳҳои бозёбии симои аслии миллат аст. Соли 2001 дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда буданд, ки бағоят муҳиманд: «Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ мутеи тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Хизмати беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ, маънавӣ ва вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсӣ, ҳам пояҳои давлатдориро устувор гузоштанд ва ҳам мардуми сарсони мамлакатро зери парчами ваҳдату ягонагӣ муттаҳид намуданд.
Иқдомҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳёи таърихии навоҳои тамаддуни ҳазорсолаи тоҷикон – «Шашмақом» ва «Фалак», аз ҷониби ЮНЕСКО дар радифи бузургтарин падидаҳои маънавияти умумибашарӣ ба сифати мероси нодири фарҳанги шифоҳии ҷаҳонӣ пазируфта шудани «Шашмақом», мояи ифтихори миллати тоҷик гардид.
Паҳлуҳои гуногуни нигариш ба гузаштаи таърихи миллат, аз ҷумла рӯ овардан ба эҳёи хотираҳои таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, суннатҳои давлатдорӣ ва ташаккул додани расму оинҳои миллиро яке аз роҳҳои бозёбии симои аслии миллат дониста, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳои хирадмандонаеро роҳандозӣ намуданд, ки дар устуворсозии пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба арзишҳои меҳанпарастӣ нақши арзандаро иҷро карданд.
Бо назардошти ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашнҳои бостонии рӯ ба фаромӯшӣ ниҳодаи тоҷиконро, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Меҳргону Тиргонро дар роҳи ба хештаншиносии миллӣ расидани тоҷикон муҳим донистанд.
Шоёни зикр аст, ки дар раванди бозбинии мафкураи миллӣ, Пешвои миллат натиҷагирӣ карданд, ки моро мебояд ба расму оинҳои дар дарозои ҳазорсолаҳо аз ҷониби бегонагон ба замири тоҷикон роҳёфта, бознигарӣ намоем. Аз замонҳои қадим то имрӯз мардуми тоҷик соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд.
Зулфия АҲМАДЗОДА,
ноиби ректор оид ба идеология,
тарбия ва робита бо ҷомеаи
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон