Дар моварои фасли пойиз, фасли файзбору фаровонӣ, айёми самарҳову киштаҳову сариштаҳо фарзанде дида ба ҳастӣ рӯшан кард, ки сарнавишт бе ҳеҷ тардид ормонҳои садсолаҳо нуҳуфтаи миллатро бар дасти ӯ рақам зад, то дар синни камолот уқдакушо гардаду чун табиби ҳозиқу ҳакими нузҳатхоҳ ба дарди ҷонкоҳи миллат даво бахшад.
Ҳар боре, ки фарзанд бар остони падар по мениҳод, аз моми бузургу хирадмандаш дархости дуою ниёиш мекард, ки бидуни он рӯзи худро бебарору бебаҳра медонист. Модари шафиқ ба сӯи фатҳу кушоишҳо, ба таҳсилу донишандӯзии ҷигаргӯша дасти дуо мебардошту ниёиш, то пораи ҷонаш аз шарри офатҳо эмин бошаду мудом комёбу комгор. Бо сариштакориву дурбинӣ раҳтӯшаи писар меоросту панд медод: «Бихон, бачам, бихон!».
Силаи нарму табассуми фариштасони модар қуввати дили фарзанд буд, ки бояд хонаду умедҳоро бароварда созад. Ҷасорату матонати дар тору пуди ин фарзанди дилбанд сиришта варо имкон дод, ки қабои набарда ба бар ва масъулияти сангини ватансозиро ба гарави ҷони ҷавонаш бар дӯш гирад, то шабистони тираи сиёсати давронро ба субҳи умеду рӯзи рахшон бадал созад.
Аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ душманони миллат шеваи ҷанги Афғонистонро мехостанд ба сари мардуми тоҷик таҳмил ва Тоҷикистонро ба арсаи муноқишаҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ табдил диҳанд. Хушбахтона, набардҷавони арсаи сиёсат илоҷи корро на дар ҷангу пархош, балки дар роҳи мусолаҳа ҷуст ва бурд ҳам кард. Танини сулҳ дар кишвари тоҷик тавлиди на танҳо Тоҷикистони дар вартаи ҳалокат, балки тавлиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори бузурги қофиласолор, вориси ҳақиқию босипоси Тахти Сомон буд.
Сулҳу истиқрори деринтизор дар сарзамини тоҷик бар ивази ҷонбозиҳову фидокориҳои Сарвари ҷавон доман густурд, иқдомҳои созанда барои эъмори ҷомеаи навини мутамаддин рӯи кор омаданд, мардум гирди Пешвои миллати худ муттаҳид шуд, идеяи худшиносӣ дар зеҳну шуури ҳаммеҳанон маскун ёфт, панҷ ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи обу пиряхҳо вирди забони оламиён шуд…
Ба чӣ ивазеву арзише обрӯи Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳонӣ баровард, бо накуиҳо дили мардум ба даст овард, дар айёми ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ умр сарфи хидмати халқ кард, Сиёвуше буд барои хомӯш намудани алангаи оташи ҷанги таҳмилӣ. Аз рақибони аршади арсаҳо наҳаросид, рост ба чашмҳои онон дида дӯхт ва гуфт, ки хунро бо хун намешӯянд, балки оби сарди поку соф бар доғи хунин илоҷ аст, мебояд дасти ҳам фишорему кабӯтари сулҳу оштиро бар осмони нилгуни Ватан парафшонем!
Ҷозибаи сеҳри каломи ин марди роҳ қалбҳои сангинро чун мум нарму дили умедворонро ба зиндагӣ гарм намуд, ба орзуҳои ширини ошиқон боли парвоз дод. Чун Пешвои муқтадир миллати парешони худро ба ҳам оварду ба захми пайхораи миллат малҳам шуд ва халқро баҳри ободиву созандагии Ватан раҳнамун сохт.
Ин ҳама лаҳзаҳо модари нуроние ҳар дақиқаву ҳар сония аз тақдири писари ҷасуру далеру таҳамтансонаш хавотир мекашид, ки мабодо туъмаи нохалафони дадмонанд гардад, мабодо тири дайдуе миёни алангаи пархошҳо қалбашро нашикофад, мабодо лахти ҷигараш дар арсаи кашмакашиҳои сиёсии давр бенишону беасар тарки модар намояд. Чунин мабодо ва садҳо мабодои дигар дили маҳини модар мефишурду ба танг меоварду туғён, ки замоне тифли хуршедсонашро бо ҳазор орзуву умед рӯи даст гирифта, ниёише кард, ки умри дарозу ризқи фароз насибаш бод. Мехост, то фарзанд ҳамвора назди ӯ бошад, ба рухсораҳои офтобиаш бӯса ниҳад, меҳри бекарони модаронаро баҳраш нисор созад, аз суҳбатҳои ҷонбахшу шаккарини фарзанд лаззат барад, ифшои рози дили дарёияш кунад… Аммо, хуб медонист, ки фарзанди ӯ фаротар аз ин хостаҳост, ӯ фарзанди на як зан, балки фарзанди миллат аст.
Фарзандест, ки баҳри ормони ҳазорсолаи мардум талош меварзад, дар эъмори ҷомеаи навини тоҷикон гомҳои устувор мениҳад, миллати қадимиву соҳибтамаддуни худро аз вартаи нобудшавӣ мераҳонад, ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳдӯстиро ба кулли ҷаҳониён талқин месозад, бо гузаштҳои сиёсии хеш шуҳравар мегардад, арзишҳои миллиро муқаддас хонда, бо ҳазорҳо амали неку омӯзанда мафкурасози ҷомеа мешавад!
Ва дуо дод ба фарзанди меҳандӯсту ҷонфидои хеш, ки Илоҳо уқоби иқбол болои сарат парафшон бошаду дар паноҳи Ёри осмонӣ умри тулонӣ бинӣ ва бардаму тануманд соябони сари миллат бошӣ! Хостаҳои миллат аз хостаҳои як модар волотар аст, чун рисолати модариро ба ҷо оварду аз ин хурраму хушҳол, ки самари умраш наҷотбахши миллат гардиду падидаи нодиру беҳамтоеро барои тоҷикон фароҳам овард… Бар чунин ниёиши модар шоире аҷаб зебо суруда:
Ҳар як дуои модар чатри сари ҷаҳон аст,
Зеро ки меҳри модар хуршеди осмон аст.
Инак, дар ин фасли пойиз фарзанди тоҷвар солгарди умри пурбаракати хешро таҷлил менамояд. Бошад, ки ин абармарди арсаи сиёсат садсолҳои дигар соябони сари миллат бошаду кохи баланди миллат, аз ҳеҷ боду борон газанде наёбад.
Шоҳона ОДИНАЗОДА