Шаббодаи нарму махмалӣ маҳин-маҳин пайкари хурду бузургро навозишкорона, гӯё мепалмосиду зарраҳои серуни фаввораҳои сершумор баъди гашти рӯзи тамуз марҳаме ба ҷони раҳгузарон буд.
Майдони бузургу муҳташами «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шомгоҳон садҳо тамошогару гардишгаронро дар оғӯши худ ҷой дода, баҳри фароғату тафреҳи сокинон макони марғубу дилписанд аст.
Ҷолибтарин иншооти дар маркази майдон қоматафрохта Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» аст, ки бо фарозии 121 метр аз дуриҳои дур тоҷи муҷаллои болои он ба назар мерасад. Аён аст, ки бунёдкорони маҷмаа бо муҳаббати зиёд рӯи ҳар як ваҷаби ин иншооти зебо, ки рамзи истиқлолу озодии миллати тоҷик дар он таҷассум ёфтааст, бо сидқ заҳмат кашидаанд. Қисми бунёдии маҷмаа 30 метр аст, яъне сӣ соли Истиқлоли давлатӣ ва болои он 91 метр- соли соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони маҳбуб. Тоҷи зебои болои он рамзи истиқлол ва давлатдориву соҳибтамаддунии тоҷиконро ифода намуда, қисми поёни иморат ҳашт кунҷ ва ҳафт даромадгоҳ дорад. Даври бораҳои он чаҳордаҳ деворнигора таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷиконро инъикос карда, марҳилаҳои гуногуни таърихиро бо рамзу тасвирҳо ва навиштаҷот бозгӯӣ месозад.
Майдон ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар масоҳати беш аз 30 гектар замин доман густурдааст. Ин макони тамошобоб ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин ҷашни мутантану бузург бо иштироки беш аз 30 ҳазор талабагону донишҷӯёни мактабу коллеҷу донишгоҳҳои пойтахт, кормандони ниҳодҳои гуногун, меҳмонони воломақоми хориҷӣ сурат гирифт, ки барномаи ҷолибу рангини ҳунармандон ва устодони санъат фазои идонаро танинандоз месохт. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат мардуми Тоҷикистонро ба ин муносибат таҳният гуфта, нуктаи ҷолиберо ба ҳозирон таъкид сохтанд:
«Шумо хушбахтед, ки дар чунин чорабинии таърихӣ ширкат меварзед. Баъди солҳо бо ифтихор хоҳед гуфт, ки шоҳиди бевоситаи ифтитоҳёбии ин маҷмааи бузурги миллат будед».
• Сайре ба маҷмаа
Тамошогар ҳини шиносоӣ бо деворнигораҳои маҷмаа хаёлан ба замони гузаштаи ниёкон мепайвандад ва рӯи ҳар бора ба марҳилаҳои гуногуни таърих ғӯта мезанад. Каюмарс ва Ҷамшед, шоҳони аввалини қавмҳои ориёӣ, тасвири китоби муқаддаси Авасто, шаҳомати шоҳи ҳахоманишӣ Куруши Кабир, набарди Спитамен бо Искандари Мақдунӣ, давлатҳои абарқудрати Аҷам, мисли Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён, қаҳрамонони халқи тоҷик, намунаҳо аз санъату ҳунари воло, шоирону адибон, шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразму Панҷакенти қадим, Самарқанду Бухоро, Марву Хуҷанд, Балху Нисо, Ҳулбуку Ҳирот, Қалъаи Ҳисор ва ғайра рӯи ин деворнигораҳо наққошӣ шудаанд. Давоми силсилаи деворнигораҳо таърихи нави тоҷикон, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ: Қасри Арбоб, Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони аср - НБО «Роғун»-ро бо шаҳомати хосса ба риштаи тасвир кашидаанд.
Қабати аввали маҷмаа ҳафт толори зебову барҳавои намоишгоҳ ва толори синамои замонавии 5Д-ро дар худ ҷой додааст. Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе дар қабати дувуми маҷмаа мақом ёфта, аз намоишгоҳ, дафтарҳои корӣ, маҷлисгоҳ, тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомони иборат мебошад. Дар осорхона бозёфтҳои бостоншиносон, ки зимни ковишҳо аз ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанду ба асри санг мутааллиқ аст, нигораҳо мувофиқ ба марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, аз таърихи Душанбеи қадим то давраи муосир маълумоти муфассал гирд оварда шудааст, мақом ёфтаанд.
Тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки «Тахти тоҷикон»- ро ифода менамояд, бо назардошти арзишҳои таърихӣ бо унсурҳои миллӣ зинат ёфтааст. Болои тахт тоҷест, ки аз тиллои холиси истеҳсоли ватанӣ сохта шуда, бо сангҳои гаронбаҳои алмос, ёқут ва лаъл тазйин ёфтааст. Рӯи тахт фарри шоҳии заррин бо 68 шуои зардӯзӣ ҷой гирифтааст, ки ишора ба эҳёи Тоҷикистон ва 68 шаҳру ноҳияҳои онро менамояд. Аз ду ҷониби тахт шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгиранд, ки ба чунин шакл офаридани онҳо маъниеро дар худ ниҳон дорад. Чунин шери болу минқордорро ба шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё дарёфт кардаанд, ки миёни мардуми Бохтари қадим рамзи нигаҳдорандаи тахт ва қудрат буд. Нигораҳои зиёди намунавӣ ва ёдгориҳои гаронарзиши дигар низ дар ин осорхона маҳфузанд.
Дар баландии 94 метр, дар ошёнаи 14-уми маҷмаа майдони тамошои даврашакл мавҷуд буда, дар чор самти он дурбинҳои бузурги назоратӣ насб гардидаанд, ки сокинону меҳмонони пойтахт тариқи онҳо метавонанд намои зебои шаҳрро аз баландии парвози уқобон тамошо намоянд.
Мардум метавонанд роҳат аз дарвозаҳои марказӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ вориди майдони муҳташам гарданд ва аз зебоиҳои нотакрори маҷмаа, фаввораҳои рангоранг, деворнигораҳо, гулгаштҳо ва боғу роғи нодири сояафкану ороишии майдон баҳравар гарданд.
Заҳмати нафароне, ки дар бунёд намудани муҷассамаи бошукӯҳ ва майдони зебои он саҳм гирифтаанд, шоистаи таҳсину ситоиш аст. Дар озмуне, ки моҳи майи соли 2018 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии ин муҷтамаи бузург фармон ба тасвиб расид, миёни 32 лоиҳаи пешниҳодгардида лоиҳа бо рамзи «Тоҷ»-и гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳои баланд ва ҷойи аввалро сазовор гашт. Лоиҳа бо бартариҳои зиёд таърих ва тамаддуни оламгир ва рамзҳои давлатдории тоҷиконро дар худ таҷассум намуда, рамзи тоҷро ба рамзи «дарахти ҳаёт» шабоҳат додаанд. «Дарахти ҳаёт» рамзи зиндагии абадӣ, устуворӣ ва сарсабзии ҳаётро ифода намуда, пояи он рамзи пойдорӣ ва бардавомии тоҷро дорад. Ҳафт гунбази атрофи муҷассама рамзи ҳафт қабати Замину Осмон, ҳафт иқлим, ҳафт ранги асосии табиат ва ҳафт зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсоният¬ро ифода менамоянд.
Дар ин мавзеи бошукӯҳ беш аз 200 нафар шаҳрванд, ки қисми зиёди онҳо бонувон мебошанд, масруфи коранд.
Зимни ифтитоҳи ин макони мароқангез Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихори бузург тазаккур доданд, ки ҳадаф аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад.
Дарвоқеъ, бо вуруд гардидан ба ин майдони бузург ва назораи маҷмаа касро ҳисси аҷибе фаро мегирад: ҳисси бузурги ифтихор аз ватандорӣ, ифтихор аз шаҳрванди ин кишвари нозанин будан, ки саросари дунё парвозгаҳи тамаддуни оламшумулаш аст. Бо итминон метавон гуфт, ки Майдон ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» туҳфаи беҳтаринест барои сокинони мамлакат. Онро зодаи Истиқлоли Тоҷикистони азиз унвон додан раво бувад.
Омина ХОҶАЕВА