Меҳринисо аз зумраи бонувони хирадманди тоҷик аст. Ӯ бо ақлу идроки ҳамида, ҳунару истеъдоди наҷиб, матонату садоқат, муҳаббати бепоён ба Ватан ба деҳоти наздисарҳадии кишвар, Ворухи шаҳри Исфара, роҳбарӣ мекунад. Бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва азму иродаи қавӣ баҳри ободию бунёдкории ин гӯшаи диёри арҷманд заҳмат мекашад.
Ҳамеша дар байни мардум асту обрӯю эътибори хосса дорад. Бале, ин сатрҳоро иншо менамояму пеши назар симои муҳаббатомези муаллим Меҳринисо Раҳматова ба ҷилва меояд. Тули чанд соате, ки бо ҳам суҳбат доштем, аз каломи гуҳарбораш дарёфтам, ки ҳақиқатан зани оқилаву меҳнатқарин аст. Аз сахтиҳо намеҳаросад, мушкилиҳоро паси сар мекунад, сангарҳоро убур намуда, ба пеш қадам мениҳад. Аз дарди Ватан мегӯяд, аз муаммои он ғусса мехӯрад, ба сӯи дастовардҳои наку гом мезанад. Аз ободию озодию истиқлоли ҷумҳурӣ, меваҳои шаҳдбори даврони соҳибихтиёрӣ ҳарф мезанду ифтихор низ, мекунад.
Меҳринисо дар деҳаи зебоманзари Ворух Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, сипас, Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд)-ро аъло хатм кард. Дар маҳфили «Мухбирони коргару деҳқон»-и назди идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд») таҳсил намуд. Аз шоирон Аҳмадҷони Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз боби шеъру шоирӣ оламе бардоштааст.
Фаъолияти худро ҳамчун мудири кӯдакистони №32-и Ҷамоати деҳоти Ворух оғоз намуд ва ғоибона соли 1997 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кард. Солҳои 2002–2013 муовини директор оид ба таълим ва тарбияи МТМУ №53, 2013–2018 директори МТМУ №60-и Ворух буд.
Меҳринисо тавонист назди роҳбарияти давр мақоми худро дар зинаи роҳбарӣ нишон диҳад. Сабурӣ, чашмикордонӣ, муносибати хубу самимӣ ва ҷасуриашро ба назар гирифта, ӯро раиси деҳоти Ворух таъин намуданд. Ин боварӣ ба вай болу пар бахшиду аз пайи амалисозии нақшаҳояш гардид. Духтаре, ки дар оғӯши табиати зебои диёр ва дарёю чашмасорон тавлид ёфта, ба камол расидааст, дар аввалин рӯзи таъин шуданаш ба ин вазифа ба худ аҳд намуд, ки зодгоҳашро ба гулистон табдил хоҳад дод. Бале, муҳаббати самимӣ ба Ватан, заҳмати пайвастаи суботкорона самари хуб оварданду рӯз ба рӯз Ворух ободу зебо гардид. Мардуми Ворух Меҳринисоро дӯст медоранд ва ба ӯ бовар доранд. Аз ин рӯ, аз ҳавзаи интихоботии №11 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб карданд.
Соли 2018 бо ёрии соҳибкорон ҳафт километр роҳи деҳаро мумфарш намуд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 48 иншооти гуногунро ба нақша гирифт. Аз он ифтихорманд аст, ки дар ифтитоҳи 10 иншооти ҷашнӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Ворух солҳои охир ба куллӣ симои худро дигар кард. Бунёди Қасри фарҳанг, 8 синфхонаи иловагӣ барои МТМУ №23, МТМУ №74 дар маҳаллаи Сангтӯда барои 720 хонанда бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба деҳот ҳусни иловагӣ бахшид. Аз тарафи соҳибкори ватандӯст Сорбон Савриддинов Маркази фароғатӣ-варзишӣ, сайёҳии «Ширин» мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон, Маркази хизматрасонии «Наврӯз» аз ҷониби соҳибкор Зиёвиддин Зокиров, хатти оби нӯшокӣ бо маблағгузории МИҲД-и вилоят ва аҳолӣ бунёд ёфтанд. 500 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Ӯ соли 2020 ба шаҳрҳои Барнаул, Москва, Новосибирски Федератсияи Россия сафар намуда, бо соҳибкорон вохӯрд. Имрӯз дар ҳар кӯча, корхона, муассисаҳои давлатӣ нақши дастони соҳибкорони ватандӯст бармалост. Бо саҳми онҳо беморхонаи марказии деҳоти Ворух бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд ва гирду атроф ва саҳни беморхона низ мумфаршу сафолакпӯш гардиданд. Инчунин, дар маҳаллаи Сари Дашт барои бозиҳои волейболу футбол майдони варзиш сохтанд. Бояд тазаккур дод, ки бо ҷалби соҳибкорон Парпиевҳо бинои дуошёнаи Маркази саломатӣ бо ҳуҷраҳои модару кӯдак, хатна ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон сохта, ба истифода дода шуд.
Ҷамоати деҳоти Ворух соли 2021 дар озмуни «Ҷамоати деҳоти беҳтарин» дар вилояти Суғд ҷои аввал, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷои дуюмро соҳиб шуд. Чунин ғалабаҳою сарфарозиҳо дар ин макони кӯҳистон тез-тез ба амал меоянд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозии 55 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Бунёди миллии Тоҷикистон, Лоиҳаи дастгирии КАСА-1000 дар Ворух ба бунёди толори варзишӣ, таъмиру таҷҳизондани бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатӣ машғул аст. Бо дастуру супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди таваллудхонаи дуошёна бо усули муосир барои 20 кат бо тамоми таҷҳизот сохта шуда истодааст, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, 20 километр роҳҳои дохили деҳот мумфарш гардиданд. Кӯчаҳои Ворух пурра чароғон шуданд. Зиёда аз 15 километр хатти об навсозӣ гардид. Симчӯбҳову панҷ километр обравҳои бетониии маҳаллаҳо нав карда шуданд.
Ба амалҳои сомондодаи Меҳринисо дида медӯзему аҳсан мегӯем. Зеро, ӯ тавонист дар муддати на он қадар тулонӣ деҳотро ба як маъвои хушманзару обод табдил диҳад. Хизматҳои ин роҳбари чашмикордон аз назар пинҳон намонданд. Соли 2021 дар мулоқот бо ду ҳазор аҳолии ноҳия Пешвои миллат ӯро ситоиш намуда, арз доштанд: «Корҳое, ки ин зан иҷро менамояд, баъзе мардҳои роҳбар карда наметавонанд».
Хизматҳои шоёни Меҳринисо бо медали Хизмати шоиста (2019) қадр шудаанд.
Моҳи феврали соли равон барои ҷасорату матонат дар ҳифзи марзу буми кишвар ба Меҳринисо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи лейтенанти калонро дод. Шоёни зикр аст, ки аз соле, ки Меҳринисо раиси деҳоти Ворух интихоб шуд, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мунтазам иҷро мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Меҳринисо пайваста заҳмат мекашад, то корҳояш ҳадафи худро дошта бошанд.
Меҳринисо алҳол дар лаби дарёчаи шӯхоби Ворух фароғатгоҳу ҳавзи моҳӣ месозад. Мегӯяд, ки Ворух ҳаёту мамоти мо, марзи нангу номуси мост. Ҳар ниҳоле, ки дар ин мавзеъ мешинонем, барои ояндаи ҷавонони деҳот ва Тоҷикистони азиз аст.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
Ҷамоати деҳоти Ворух