Мусоҳибаи ихтисосӣ бо сиёсатшинос
Дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» бо раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, профессор Сайфулло Сафаров суҳбате анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони маҷалла мегардонем.
Аксар бар онанд, ки мафкураи истиқлолхоҳии тоҷикон решаи қадим дорад…
- Бале, Истиқлол маънои мустақил буданро дорад ва дар забони тоҷикӣ онро соҳибихтиёрӣ мегӯянд. Барои ман ин эҳсос замоне зуҳур намуд, ки пас аз хатми мактаби миёна ба пойтахт раҳ гирифтам. Модарам бароям дуои сафар дода, дар охир афзуданд: «Писарам, акнун фақат фарзанди ман нестӣ, фарзанди миллат бояд шавӣ».
Ин сухан дар вуҷуди ман табаддулотро ба вуҷуд овард. Саволи «Чӣ гуна фарзанди миллат шавам?», доимо дар сарам чарх мезад. Мехостам модарамро хурсанд ва ин гуфтаашро амалӣ созам. Ин андешаҳо фаҳмиши маро дар бораи давлат, миллат ва оҳиста– оҳиста дар мавриди истиқлол дигар намуданд. Замони донишҷӯиям (1971–1976) дар байни мо бачаҳое буданд, ки дар назар ором метофтанд, лекин дар зеҳни онҳо истиқлолхоҳӣ эҳсос мегардид.
Вақте дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба омӯзиши масъалаҳои миллӣ оғоз намудам, ин мафкура дар ман тақвият ёфт, ки то давлат набошад, ҳеҷ чизи муҳиме, созандае, бунёдкоронае пайдо намешавад. Лекин, агар давлат бошаду истиқлолият надошта бошад, пас он давлат барои миллати худ ҳеҷ коре карда наметавонад. Барои мисол, Афғонистон ва рухдодҳои онро овардан мумкин. Шояд, чунин андешаҳо ҳоло сода намоянд, аммо дар он замон хеле хавфнок ҳам ба назар мерасиданд, истиқлолият аз шахс ҷасорат мехост.
Зимнан, решаҳои истиқлолияти мо бениҳоят қадимиянд. Онро, ҳатто бояд ба 16 аср пеш бурд. Китоберо бо номи «Наврӯзнома», мутааллиқ ба садаи IV милодӣ, дар Китобхонаи асарҳои хориҷии шаҳри Москва хондам. Аввалин чизе, ки диққати маро ҷалб намуд, мавҷудияти таъбири «тоҷиконшоҳ» буд, ки чанд андешаро дар зеҳн ҷо мекард:
Нахуст, будани миллатеро дар он замон бо ин ном, баъдан, ин миллат шоҳе доштааст бо номи худаш.
Ин далелҳоро дар китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров ва дар осори устод Айнӣ барнахӯрдам. Онро аз забони паҳлавӣ Содиқи Киё ном олими шинохтаи эронӣ тарҷума карда буд. Барои абадӣ гардондани ин ном дӯсте писарашро Миртоҷиконшоҳ номид, ки ҳоло дар пойтахт ҳамчун ҷарроҳ фаъолият мекунад.
Хуллас, мафкураи истиқлолхоҳии мардуми тоҷик решаи қадим дорад. Давлати Сомониён нишонаи беҳтарини тафаккури мардуми тоҷик мебошад, ки руҳияи истиқлолхоҳии моро дар як давлати бузург дар амал нишон додааст.
Заминаҳои ҷиддии истиқлолият соли 1924 гузошта шуданд. Замоне, ки тоҷикон хостанд аз аморати Бухоро ҷудо шуда давлати худро дар Душанбе ташкил намоянд. Ин раванд торафт қувват гирифт ва тоҷикони шимоли кишвар низ, бо як ангезаи худшиносии миллӣ ба он пайваста, пеши роҳи қатораи сарвари ҳамонвақтаи СССР М.И.Калининро дар истгоҳи Конибодом ғав баста, аз ӯ мусоидати ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуданро талаб карданд.
Бобати мафҳуми «тоҷикистонӣ», ки таҳаммулпазириаш қавӣ гардидааст, сухане чанд ироа доред.
- Гоҳ – гоҳ мешунавем, ки тоҷикон гӯё истиқлолиятро муфт соҳиб шудаанд. Дуруст аст, ки Иттиҳоди Шуравии бузург аз байн рафт ва мо барои соҳибистиқлолӣ имкони хубе пайдо намудем. Аммо, фаромӯш набояд кард, ки раванди миллатсозиву давлатсозии мо ҳамеша дар ҳаракат буд. Масъалаи аз тафаккури бегонапарастӣ озод кардани миллати тоҷик аз замони Аҳмади Дониш сар шудааст ва ин мавзуъ дар эҷодиёти маорифпарварон ва ҷадидон мақоми махсусро молик буд. Устоди миллатпарвару миллатсози тоҷик Садриддин Айнӣ исбот намуданд, ки тоҷикон аз аҳди қадим як миллати ҷудогона буданду бо дигар миллатҳо омезиши кам доранд. Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» маҳз ба хотири таъкид кардани мавҷудияти миллати алоҳидае бо номи «тоҷик» навишта шудааст.
Ин ҷониб, дар рисолаи илмиам, дар мавзуи «Давлатдории миллӣ ва фарҳанги миллӣ», ки ҳанӯз соли 1985 ҳимоя шуда буд, таъкиде дорам: «Дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 17 фоиз тоҷик асту бо ҳамин сабаб театру фарҳангу санъати мо рушди бештар надорад ва дар онҳо руҳияи миллӣ эҳсос намешавад…». Ин сухани андак набуд, хосса дар рисолаи илмӣ ва хосса дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ. Аз ин хотир, дар атрофи ин андеша вақти ҳимоя баҳсҳое пеш омаданд, аммо маро дуруст фаҳмиданд. Яъне, мақсад инкор кардани дастовардҳои замони шуравӣ набуд, мо танҳо масъалаҳои миллиро пеш гузошта, манфиатҳои миллии худамонро ҳимоя карданӣ мешудем. Барои ҳамин СССР – ро бояд ҳамчун як порчаи таърих, ҳамчун як зинаи таърихии истиқлоламон дар хотир дошта бошем ва ҳуқуқи худро барои худмуайянкунии миллӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем.
Оғози солҳои 90-ум дар Тоҷикистон руҳияи миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар байни мардум қавӣ гашт ва мо яке аз аввалинҳо шуда дар маҳдудаи Иттиҳоди Шуравӣ 22 июли соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон»- ро қабул кардем. Муборизаҳои дигари истиқлолхоҳӣ низ, аз масоили миллӣ оғоз меёфтанд. Дар натиҷа Тоҷикистон ба маркази тоҷикони дунё табдил ёфт. Намояндаҳои ҳар миллати дигар, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданду баъдан ба макони дигар рафтанд, то ҳанӯз худро тоҷикистонӣ меҳисобанд. Зеро, мафҳуми «тоҷикистонӣ» дар тафаккури мардуми тоҷик ва онҳое, ки ин ҷо зиндагӣ кардаанд, хеле қавист…
Чанде қабл сухани аҷиберо аз чиниҳо шунидам. Онҳо дар бораи тоҷикон ҳарф заданду мо гуфтем, ки мувофиқи омор 40 ҳазор тоҷик дар Чин умр ба сар мебарад. Инкор кардаву афзуданд, ки ба ҷуз аз он, ки меъмори Пекин тоҷик буд, ба ғайр аз он, ки яке аз маликаҳои Чин тоҷик буд, боз 1 (як) миллион тоҷик дар ин сарзамин зиндагӣ дорад, ки онҳоро бо номҳои гуногун мешиносанд…
Нисбат ба хулосаи «Истиқлоли давлатии воқеӣ пас аз Иҷлосияи таъхрихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ёфт», чӣ андеша доред?
- Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон душвориҳои зиёд, мушкилоти фаровонро оварданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ на танҳо хисороти зиёди моливу ҷонӣ бар ҷой гузошт, балки ба руҳияи одамон низ, бетаъсир намонд. Чӣ ҷои пинҳон кардан, баъзе кӯтоҳандешон ба истиқлолият ҳатто ба нафрат менигаристанд. Дар тафаккури бархе идеологияи шуравӣ ҳамоно побарҷо ва ғолиб буд. Андешаи профессор Иброҳим Усмоновро ҷонибдорам, ки гуфтааст: «Истиқлолияти асосиро Тоҷикистон пас аз иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон соҳиб шуд».
Воқеан, маҳз дар ин ҷаласа тамоми самтҳои давлатдории тоҷикон муайян шуданд. Рамзҳои асосии давлат: Парчам, Нишон ва баъд Суруди миллӣ қабул гардиданд. 6 ноябри соли 1994 соҳиби Конститутсия шудем. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ қабул гардид ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим шуда, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф ва мақоми худро устувор намуд.
Дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Хушоянд аст, ки то имрӯз 5 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, зиёда аз як миллиард одамон соҳиби оби тозаи ошомиданӣ шуданд ва ҷони садҳо ҳазор нафар аз марг раҳо ёфт.
Хизмати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз вай пас аз зимоми давлатдориро ба даст гирифтан, пеши роҳи нобудшавии миллату давлатро гирифт, оташи ҷанги таҳмилии дохилиро хомӯш кард, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё сохт, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонд. Заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ намуд. Дар натиҷа руҳияи истиқлолхоҳии мардум, ки дар гирудори солҳои 90-уми асри ХХ кос¬та шуда буд, дубора устувор гашт.
Барои ҳамин инсофан мегӯянд: «Эмомалӣ Раҳмон поягузори Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст»… Умедворем, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониҳо, зина ба зина зиндагии аз ин ҳам шоистатарро ба даст меоранд ва дар кулли соҳаҳо Тоҷикистон давлати калидии минтақа мегардад.
Ташаккур барои суҳбат.
«БонувониТоҷикистон»