Баъди шикасту пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва дар оғози соҳибистиқлолии давлатҳои навтаъсис мактабҳои олии ҳизбӣ, ки дар тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ нақши асосӣ доштанд, аз байн рафтанд. Дар Тоҷикистони мустақил низ, низоми муайяни таҳсили хизматчиёни давлатӣ амал намекард, аммо барои рушди минбаъдаи соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули ҷавҳари кадрии ин соҳа муҳим буд.
Дар навбати худ, ташкили низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ маҳаки асосии рушди захираҳои инсонии хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина ба такмилу таҳкими давлату давлатдории навини миллӣ мусоидат мекард.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 октябри соли 2002, № 926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Фаъолияти таълимӣ дар Донишкадаи мазкур аз ташкили аввалин курсҳои такмили ихтисос 26 майи соли 2004 оғоз гардид.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил собит намуд, ки барои баланд бардоштани неруи зеҳнию ақлонӣ ва инкишофи захираҳои инсонии хизматчиёни давлатӣ танҳо ташкили курсҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ кифоя нест.
Бинобар он, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 августи соли 2013, №1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Дар натиҷа Донишкада дар баробари азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ тайёркунии касбиро дар шакли бакалавриат ва магистратура (дар шаклҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти дуюм) ба роҳ монд.
Моҳи ноябри соли 2013 дар асоси тағйир ёфтани мақоми Донишкада имтиҳони қабули аввалин довталабон доир шуда, 82 нафар ба номи донишҷӯ мушарраф гардид ва аз моҳи январи соли 2014 дар таърихи Донишкада марҳилаи нав оғоз ёфт. Дар факултетҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил дар бакалавриат оғоз гардид.
Моҳи сентябри соли 2019 дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимию маъмурии Донишкада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи Оиннома муассиси Донишкада ба ҳисоб мераванд, ба ин даргоҳи илму маърифат ташриф оварданд. Дар суханронии хеш Пешвои миллат зикр намуданд, ки: «Барои таъмин намудани пешрафти бонизоми давлати миллӣ мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ниёз дорем. Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем…» Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 феврали соли 2020, №1463 «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил дода шуд.
Дар маҷмуъ, аз оғози фаъолият дар соли 2004 то ба имрӯз дар Академия беш аз 30 ҳазор нафар хизматчии давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва, ҳамчунин, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот донишу малакаи худро баланд бардоштанд.
Ҳадафи асосии Академия тайёр кардани мутахассисони касбии соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, инчунин, бунёди низоми доимоамалкунандаи муосири баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
-Дар Академия 307 омӯзгор фаъолият мекунад, ки аз ин 119 нафар омӯзгори асосӣ, 100 нафар ҳамкори дохилӣ ва 88 нафар ҳамкори беруна мебошанд. 150 нафар омӯзгор унвондор аст.
- Ҳайати профессорону омӯзгорони Академия таҷрибаи хуби илмӣ-педагогӣ дошта, бо тайёрии махсуси амалияи фаъолияти ташкилӣ, таълимӣ, илмӣ ва маъмурӣ-идоракунӣ мусаллаҳ мебошанд ва дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилотии хориҷӣ ва ҷумҳурӣ мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии Академия таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дар доираи онҳо анҷом додани корҳои илмӣ мебошад, - иброз медорад ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдухалил Ғафурзода.
Китобхонаҳои муҷаҳҳаз бо мавод ва адабиёти таълимию илмӣ, синфхона ва толорҳои ба воситаҳои техникии замонавии таълимӣ ва таҷҳизоти аудио-видеоӣ таъмин гашта, дар ихтиёри донишҷӯён, магистрантҳо ва шунавандагон мебошанд. Айни ҳол, хазинаи умумии Китобхонаи илмии Академия 279071 нусха адабиётҳои илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ, тахассусӣ, соҳавӣ, маҷаллаҳои илмӣ-сиёсии ватаниву хориҷӣ ва маводи электрониро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 22281 нусха хазинаи асосӣ ва 256790 нусха маводи электронӣ дар пойгоҳи фонди электронии Китобхона дастрас мебошанд.
Дар соли 2015 дар таърихи Академия боз як марҳилаи нав оғоз гардид. Бори аввал дар ҷумҳурӣ магистратура бо ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» созмон ёфт.
Айни замон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ташкили таҳсилу таҷрибаомӯзии кадрҳо Академияи мазкур бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Федератсияи Россия, Академияи миллии идоракунии назди Президенти Украина, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Беларус, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ӯзбекистон, Донишкадаи минтақавии идоракунии давлатии Орёл, Донишкадаи идоракунии Поволжйе ба номи П.А. Столипини шаҳри Саратов ва Донишкадаи идоракунии давлатии шаҳри Владимири Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Федератсияи Россия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон, филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи байналмилалии Эразмус ва ғайра ҳамкориҳои судманду фаъоли илмӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст.
Дар шароити рушди муосири ҷомеа ва раванди ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳиме, ки дар назди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии дорои донишу ҷаҳонбинии муосири ба талаботи ҷаҳони имрӯза ва идоракунии муосири давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ф. ВОСЕЕВА