Муҳовара бо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷумъахонзода
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои пешоҳанги ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мегуфтед, ки самтҳои асосии фаъолияти Марказ аз чиҳо иборатанд?
- Маркази тадқиқоти стратегӣ асосан ба масъалаи стратегияҳои рушди кишвар дахл намуда, мушкилоти ҷойдоштаи тамоми самтҳо- сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва масъалаҳои экологиро меомӯзад. Мавзуъҳои илмӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол тасдиқ мешаванд. Ҳамчунин, ҳамасола самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯхта, оид ба мушкилоти ҷойдошта ва имкониятҳои рушди ҷумҳурӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот ирсол менамоем. Кормандон ҳамчун мушовирон дар гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои кишвар ширкат меварзанд, то дар таҳия ва тасдиқи барномаҳо ва консепсияҳо самтҳои стратегии давлатро пайгирӣ намоянд. Умуман, тамоми самтҳои асосие, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 дарҷ гардидаанд, аз ҷумла ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро таҳқиқ менамоем.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз барои рушди ҷумҳурӣ зарур арзёбӣ мегардад, рақамикунонӣ мебошад. Дар ин самт Марказ тадқиқот анҷом додааст. Оид ба натиҷаҳои он мегуфтед.
- Тадқиқоти охирин дар бораи вазъи пардохти ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ моҳи январи соли равон гузаронда шуд. Боиси зикр аст, ки то ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, № 586 ин ҷараён дар ҳолати рушд қарор дошт. Масалан, дар шаҳри Душанбе 80 дарсади мағозаҳо ва соҳибкорон хизматрасониро бо усули ғайринақдӣ ба роҳ монда буданд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», ки аз 1-уми августи соли равон ба ҳукми амал даромад, қадами аввалин ва устуворест дар роҳи рақамикунонии кишвар. Ният аст, ки ин масъаларо дар минтақаҳо низ, омӯзем ва мушкилоти ҷойдоштаро дар мавриди иҷрои фармони мазкур муайян созем.
Чуноне огоҳем, саноатикунонии кишвар ва мушкилоти ҷойдоштаро Марказ низ, пайгирӣ менамояд. Ба андешаи Шумо, ба рушди кадом самтҳо мебояд афзалият дод?
- Дар ин бобат Марказ мавзуи густурда - рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистонро меомӯзад. Дар ин самт пойгоҳи устувор дорем ва метавонем онро ба қуллаи рушд расонем. Масъалаи мушкилии норасоии нуриҳои маъданӣ ба миён гузошта шуд ва дар ин самт, яъне истеҳсоли чунин нуриҳо Тоҷикистон аллакай қадамҳои аввалинро гузошт. Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ имкон фароҳам меорад, ки сектори аграрӣ ба таври васеъ рушд намояд. Дар сурати истеҳсоли ашёи хом дар оянда метавонем фаъолияти корхонаҳои саноатиро вусъат бахшем.
Дар сафаре. ки чанде пеш ба қитъаҳои нави коргоҳи Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстайл дош¬тем, масъалаи бо шуғл фарогирии занон ва ҷавононро омӯхтем, ки то чӣ андоза ифтитоҳи корхонаҳои нав ба рафъи мушкилоти иҷтимоии ҷавонон мусоидат менамояд. Миёни духтарону занон пурсиш гузарондем, ки барои чӣ маҳз шуғлро дар коргоҳ ихтиёр карданд, дар ҳоле ки метавонанд дар хона бо дӯзандагиву пазандагӣ маблағ ба даст оранд. Посух доданд, ки мавҷудияти маоши доимӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки ба неруи худ бовар намоянд. Дар ин коргоҳ бештар қишрҳои осебпазири ҷомеа фаъолият мекунанд, ки дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои ҳунар омӯхта, қисми зиёди онҳо аллакай дар вазифаҳои роҳбарианд. Маоши онҳо аз ҳаҷми кор вобаста буда, шогирдон аз 1500 сомонӣ ва бо зиёд гардидани таҷрибаи корӣ то 4 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст меоранд.
Дар масъалаи рушди соҳибкорӣ миёни бонувон чӣ натиҷагириҳо кардед?
- Дар таҳияи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он кормандони Марказ ба таври фаъол ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба самаранокии моддаҳои он ва рушди минбаъдаи соҳибкорӣ баён доштанд. Хушоянд буд, ки ҳаҷми андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз ба 20 фоиз расонда шуд. Кам кардани панҷ дарсади андоз барои соҳибкорон, бахусус бонувон, хеле сабукиҳо овард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои ҷомеа бонувонро дастгирӣ намуда, барои рушди соҳибкорӣ миёни занон имкониятҳои густурдаро фароҳам овардаанд. Камина аъзои гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошам ва дар ин самт масъалаҳои зиёдеро баррасӣ менамоем.
Иддае бар онанд, ки дар масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳанӯз мушкилиҳо ҷой доранд…
- Таҳсилдида ва соҳибкасб будани занону духтарон барои рушди онҳо бағоят муҳим аст. На ҳама волидон дарк месозанд, ки духтар ба таҳсил ниёз дорад ва соҳибдиплом гардидан ояндаи ӯро метавонад дурахшон намояд. Ҳоло дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ миёни корфармоён таҳқиқ бурда истодаем, ки кадом ихтисосҳоро махсус барои занону духтарон метавонанд пешниҳод созанд. Бонуе, ки ихтисосманд аст, метавонад дар ҷомеа мавқеи худро ёфта, худ ва фарзандонро аз лиҳози иҷтимоӣ ҳифз намояд.
Сарвари давлат ҳамеша таъкид медоранд, ки бо босавод шудани зан-модар миллат низ босавод мешавад ва барои соҳибмаълумот ва соҳибкасб шудани занону духтарон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Солҳои истиқлоли давлатӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар мактабҳои олӣ, литсейю омӯзишгоҳҳои касбию техникиро таъсис додаанд ва донишҷӯдухтарон аз лиҳози иҷтимоӣ ҳифз мегарданд. Мисоли возеҳи он дар пойгоҳи муассисаҳои олию миёнаи касбӣ таъсис додани хобгоҳҳо барои духтарон худ гувоҳи ин аст. Ҳатто тамоюли дар хориҷи мамлакат таҳсил кардани духтарон рӯ ба афзоиш дорад.
Дар форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Занон дар сиёсат» ширкат ва маъруза доштед. Назари ҳамкорони минтақавӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи афзудани сафи бонувони роҳбар дар Тоҷикистон чӣ гуна буд?
- Ҳине, ки дар форум бонувони роҳбар аз Тоҷикистон, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ фаъолият мебаранд, бо рутбаҳои баланди ҳарбии генерал ва полковник ширкат варзиданд, барои мо боиси ифтихори бузург буд. Масъалаи зиёд гардидани сафи вакилбонувон, дар тамоми сохторҳои ҷумҳурӣ дар ҳайати роҳбарикунанда фаъолият бурдани занон ва дастгирии таҳсили духтаронро омӯхта, меҳмонон аз Осиёи Марказӣ иқрор омаданд, ки дар ин самт Тоҷикистон қадами бузурге ба сӯи пеш ниҳодааст. Тоҷикистон аз аввалин кишваре буд, ки миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ниҳоди махсус - Кумитаи кор бо занон ва оиларо созмон дод. Боиси сарфарозист, ки таҷрибаи рушд ва пешрафти бонувони Тоҷикистонро имрӯзҳо ҳамсоягон аз мо меомӯзанд ва ин дастоварди бузурги Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ аст.
Имсол 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем. Аз ин давра кадом бардоштҳо дар лавҳи хотири Шумо нақш бастаанд?
- Дар конфронси байналмилалие суолам карданд, ки нақши Президенти шумо дар ҷомеа чӣ гуна аст? Гуфтам, ки Президенти Тоҷикистон барои мо, пеш аз ҳама, кафили сулҳу суботи мамлакатанд. Ҳамчун иқтисодшинос мегӯям, ки, агарчи кишварҳои дигари собиқ шуравӣ меросе, захирае аз он давр доштанд, дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тамоми сохторҳо, бахусус иқтисодиёти кишварро пурра хароб сохт ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин давлатро аз сифр шуруъ кард. Масалан, дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои бузурге анҷом ёфтанд. Шуруъ аз моҳҳои октябр - ноябр дар натиҷаи боришоти зиёд ағбаҳо зери барф монда, роҳҳои кӯҳии байни вилоятҳои Суғду Бадахшон маҳкам мешуданд. Маҳз баъди сохтмони нақбҳову роҳҳои босифати аҳамияти байналмилалидошта ин мушкилӣ ҳалли худро ёфт. Ин дастоварди бузург натиҷаи заҳмати содиқонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Яке аз иқдомҳои бузургтарини Президенти кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аст. Дар аҳди шуравӣ системаи таъминоти неруи барқ тавре бунёд ёфта буд, ки тамоми ҷумҳуриҳо аз якдигар вобастагӣ доштанд. Агарчи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз неругоҳҳои «Норак», «Бойғозӣ», «Сарбанд», «Варзоб» бо неруи барқ таъмин мешуданд, вилояти Суғд дар фасли зимистон пурра аз неруи барқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста буд. Тавассути кӯҳҳои гардунсо хатти барқи баландшиддат кашидан кори саҳл набуд. Сохтмони неругоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва дигар неругоҳҳо, бунёди сохтмони аср – НБО «Роғун», ки ояндаи Тоҷикистонро дурахшон мегардонад, маҳз аз ташаббусҳои беназири Президенти мамлакат маншаъ мегиранд. Дар ҳоле ки масъалаи «иқтисоди сабз» мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён аст, дар оянда метавонем молу колои худро, ки дар асоси «энергияи сабз» истеҳсол мегардад, вориди бозори ҷаҳонӣ гардонем…
PS: Саодат Ҷумъахонзода хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аспиранти факултети идоракунии иқтисоди миллии Донишгоҳи мазкур буд. Таҳсилдидаи Мактаби тиҷоратии амрикоӣ (риштаи маъмуриёти мактаби амрикоии NBA), ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон (2002–2010), муовини декан дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, мудири кафедра дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, директори Институти илмӣ-тадқиқотии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва аз соли 2020 инҷониб ҳамчун муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Коршиноси байналмилалӣ дар риштаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ буда, барои дар сатҳи байналмилалӣ таҳияву омода кардани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳа саҳм дорад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
Ситора АШӮРОВА