Бардоште аз сафарҳои Пешвои муаззами миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ
Ҳар сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таърихӣ ва созанда буда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии Помир, ки Боми Ҷаҳон мехонем мо, такони ҷиддӣ мебахшад.
Дилро ба дил раҳест…
Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 августи соли равон ба ВМКБ бори дигар итминон пайдо намудам, ки ин маъмани зебоманзару биҳиштосо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу зебо гардида, ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфтан дорад…
Сарвари давлат дар маросими ба фаъолият оғоз намудани даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, маъмурӣ, сарҳадӣ, хизматрасонӣ, инчунин, якчанд коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ширкат варзиданд.
Таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон сохтмони бузург маҳсуб ёфта, боздиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни кор дар ин ҷо оғоз ёфт. Сохт¬мони ин қитъаи роҳ, ки дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма амалӣ шуда истодааст, 109 километрро дар бар мегирад. Набудани роҳи замонавӣ ва бехатари мошингард яке аз мушкилоти бузурги сокинони вилоят ба шумор рафта, Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро барои сохтмони ин роҳ сафарбар намуд.
Баъди ифтитоҳи қитъаи Шкев – шаҳраки Қалъаи Хумби шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – сарҳади давлати Чин ду сол қабл муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёду азнавсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшида буданд. Акнун бо пурра таҷдид гардидани роҳ он 17 километр кӯтоҳ гардида, дар маҷмуъ, 92 километр роҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилаӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Маблағи лоиҳа 2,5 миллиард сомонӣ буда, дар ҷараёни татбиқи он беш аз ҳазор нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Зикр шуд, ки сохтмони роҳ хароҷоти зиёд талаб мекунаду танҳо барои таҷдиду азнавсозии қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон маблағи баробар ба буҷети қариб панҷсолаи ВМКБ масраф мешавад.
Таҷдид ва азнавсозии роҳ то минтақаи ба¬ландкӯҳи Мурғобу сарҳади Чин идома хоҳанд ёфт, зеро ин роҳ на танҳо барои аҳолии минтақа аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, балки дар ояндаи наздик ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – шимоли Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо истифода мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудаанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳамзамон, барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, бо ин мақсад беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо гаштааст ва 870 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 193 пул таъмиру азнавсозӣ гардидаанд. Инчунин, дар ин давра барои вилоят 70 техникаи роҳсозӣ харидаанд.
Саноат дар масири рушди устувор
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ ба фаъолияти корхонаи пойафзолбарории «Сандал», коргоҳи истеҳсоли мебел ва корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлии «Помир-энергосервис» ифтитоҳ бахшиданд.
Бо ширкати Сарвари давлат дар Хоруғ корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ ба фаъолият оғоз намуд. Он дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмониро истеҳсол ва ба фурӯш пешниҳод менамояд. Дар корхона бо истифода аз технологияи нав¬тарин коркарди 8 намуди санги «Гранит», 2 намуди санги «Сланес», 2 навъи «Офикалсит» ва 3 намуди санги «Мармар» ба роҳ монда шудааст.Дар минтақаи саноатии Теми шаҳр, ки корхона дар ин ҷо сохта шудаст, бунёди боз 4 корхонаи дигар ба накша гирифта шуд.Маҳсулоти корхона барои ороиши биноҳо, роҳравҳо, кӯча ва хиёбонҳо ба таври фаровон истифода бурда мешавад.
Танҳо дар соли 2022 дар шаҳр 11 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмону барқарорсозии 22 корхонаву коргоҳи саноатии дигар ба нақша гирифта шудааст.
Бино бар арқоми оморӣ, дар шаш моҳи соли равон, корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 75 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 88 корхонаи саноатӣ фаъол буда, корҳо дар самти таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати сабук ва хӯрокворӣ идома доранд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони НБО «Себзор»-воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа, ки имрӯзҳо босуръат идома дорад, дидан намуданд. Тавоноии ин Неругоҳ 11 ҳазор киловатт буда, дар доираи он сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВт «Себзор-Хоруғ» дар масофаи 18 км ба анҷом расид.Сарвари давлат ҳанӯз моҳи марти соли 1994, дар ҳоле ки Бадахшон аз гурезаҳои дохилӣ пур буда, дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, дар маҳалли Танги ноҳияи Шуғнон чархи аввалини НБО «Помир-1»-ро ба кор дароварданд. Сипас, дар маросими фаъолшавии неругоҳҳои хурд дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва НБО «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ширкат варзиданд.
Имрӯз дар вилоят мустақилияти энергетикӣ таъмин буда, бо анҷоми сохтмони «Себзор», ки тирамоҳи соли 2024 дар назар аст, барои рушди саноати минтақа заминаи беҳтар муҳайё мегардад.
Дар сафарҳои қаблӣ бо ширкати Пешвои миллат дар ноҳияи Шуғнон корхонаи ордбарорӣ ва дар ноҳияи Дарвоз як қатор корхонаҳои истеҳсолии коркарди санг ва меваву сабзавот ба фаъолият оғоз карданд. Дар маҳаллаи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб корхонаи коркарди нуқра фаъол гашта, ба рушди саноати кӯҳкоркунӣ дар минтақа оғоз бахшида шуд.
Тазаккур бояд дод, ки Тоҷикистон аз сарватҳои табиии зеризаминӣ бой буда, бисёре аз маъданҳо, аз ҷумла металлҳои нодир, ба мисли литий, тантал, ниобий, бор, нуқра, ки талаботи рӯзфзун дар бозори ҷаҳонӣ доранд, дар ҳудуди ВМКБ зиёданд ва саноати кӯҳкоркунӣ дар минтақа рушд хоҳад ёфт.
Президенти мардумӣ ва созанда
Дар Хоруғ бо ширкати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бинои истиқоматии 12-ошёна мавриди истифода қарор гирифт, ки намунаи бунёдкориҳои бемисли даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷо Сарвари давлат ба 12 хонаводаи бар асари тармафуроӣ зарардидаи шаҳр калиди хонаҳои навро тақдим намуданд. Дар маҳаллаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа 10 хонаводаи аз сел зарардида соҳиби манзил гардид.
-Бар асари сел бехона мондем. Ҳеҷ боварамон намеомад, ки дар муддати 35 рӯз соҳиби манзилҳои истиқоматӣ мегардем. Айни ҳол ба хонаҳои навбунёд менигарему қалбҳоямон аз миннатдорӣ ба Сарвари оқилу ғамхор Эмомалӣ Раҳмон лабрез мегарданд, - баён дошт Малоҳат Лайлиева, яке аз нафарони хонаи нав гирифта. - Ҳар ташрифи Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон саҳифаи нав ва фаромӯшношудании ҳаёт аст. Президенти мо сулҳовар, ободкору созанда аст. Сарвари давлат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон шахси басо хоксору самимӣ аст. Ба ниёзмандон кумак мерасонад, пиронро эҳтиром мегузорад.
-Дар ноҳияи Шуғнон, ёд дорам, пас аз анҷоми мулоқот ба назди собиқадорон омада, дастамонро фишурду бо дуои хайри мӯйсафедон барояшон иқбол ва давлати бардавом хостем. Бовар дорам, ки кишварамон бо роҳбарии чунин шахсияти оқилу доно ва арзанда ба қуллаҳои баландтарини тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегардад, - гуфт собиқадори меҳнат аз ноҳияи Шуғнон Маснавшо Мирзобеков. Сарвари давлат дар Хоруғ ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳо тақдим карданд.
Ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ба истифода супурда шуда буд, ба муносибати 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёду азнавсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст, ки ба боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят мусоидат менамоянд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ