19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Бонувони дармонбахш

 

Bonu 08_2023__6_0_fmt

 Бонувони Тоҷикистони азиз ҳамчун машъали мунаввар дар роҳи имрӯзу фардои ҷомеа бо шуои маърифату ҷилои муҳаббат тамоми самту соҳаҳои зиндагиро нурборон мекунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониашон аз саҳми боризи занон дар рушди кишвар таъкид месозанду барои баланд бардоштани нуфузашон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун номаи рушди ҳар як бону гувоҳи он аст, ки баланд бардоштани мақоми занон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ягон соҳае нест, ки дар он занону духтарон фаъолияти пурсамар надошта бошанд, ки ин худ далели возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа ба шумор меравад.

Махсусан, саҳми занон дар рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидист, назаррас мебошад. Қариб 68 % кормандони соҳаро маҳз занону духтарон ташкил медиҳанд, ки ин аз ғамхориву боварии раҳбарияти олии кишвар нисбат ба бонувони соҳибтахассус дарак медиҳад.

Бонувони дармонбахши тоҷик бо малакаи баланди касбӣ, дониши амиқ ва маҳорати хос дар рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим фаъолона ширкат меварзанд. Шифокоранду саодатбахш ва тарбиятгари кадрҳои нави соҳа.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бонувон на танҳо духтуру ҳамшираанду озодакор, балки зиёде аз онҳо ба ҳайси роҳбари муассисаҳои тандурустӣ ва шуъбаҳои зерсохтори он заҳмат кашида истодаанд. Нақши онҳо дар таъмини солимии аҳолӣ чашмрас аст ва ин нуктаро Сарвари давлат низ борҳо таъкид кардаанд.

Бонувони соҳибхирад дарк сохтаанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати офарандагиву парварандагии занонро қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузоранд.

Тандурустӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад ва бонувони зиёде дар ин соҳа пайи хидмати халқ камар бастаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол маблағгузории ин соҳаи иҷтимоиро ҳамасола зиёд намуда, то 2,1 миллиард сомонӣ расондааст.

Заҳмати бонувони дармонбахш дар соҳаи тандурустӣ ҳам аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва ҳам аз тарафи ҷомеа дар тамоми гӯшаву канори кишвар қадр карда мешавад. Дар дурдасттарин деҳаҳои Тоҷикистон дар доираи тантанаҳои Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки бонувони шифобахшу муҳаббатофар дар онҳо фаъолияти самаранок доранд.

Дар кишвари азизамон ҳамасола Рӯзи касбии табибон, ки ба зодрӯзи машҳуртарин табиби башарият Ибни Сино рост меояд, таҷлил карда мешавад. Фариштагони хилъатсафеди дармонбахш тавонистаанд ҳамчун ворисони арзандаи Сино дар таъмини саломатии ҷомеа, ки боигарии асосии давлат аст, нақшгузор бошанд.

:.  Сиёсат 17.08.2023 08:29 373

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz