19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ…

 u 310Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23-юми декабри соли 2022 сарфи назар аз тањаввулоти дар иктисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иктисоди миллӣ, дар натиҷаи татбики самараноки ислоҳоти иктисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иктисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

 Сарфи назар аз мураккабиҳо ва муш¬килоти замони муосир, таҳдиди хатарҳои беруна ба иқтисоди миллии кишвар, дар натиҷаи амалӣ намудани як қатор тадбирҳо, аз ҷумла татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва амалӣ намудани стратегияҳову барномаҳо дар сатҳи милливу маҳаллӣ рушди солонаи иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2021, дар соли 2022 ин нишондиҳанда ба 8 фоиз баробар гардид, - гуфт зимни суҳбат Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин, дар ин муддат сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонда шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Тавре номбурда иброз намуд, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дас¬туру супоришҳои роҳбарияти кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» таҳия ва тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 25 майи соли 2022, №724 ба тасвиб расид, ки дар асоси талаботи санади мазкур минбаъд тамоми стратегияву консепсияҳо, дурнамоҳои давлатӣ, барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати сатҳи милливу соҳавӣ ва маҳаллӣ таҳия ва амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, Вазорат вобаста ба татбиқи вазифаҳое, ки аз Паёми соли 2022 ва Қонуни зикр¬шуда бармеоянд, айни замон дар самти саросар ҷорӣ кардани раванди банақшагирии стратегӣ дар кишвар фаъолиятро ҷоннок намуда истодааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амали он барои се давра таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №483 маъқул дониста шуд.

Дар самти амалӣ намудани санади мазкур ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, омода намудани кадрҳои соҳа, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун дар асоси принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият, баробарҳуқуқӣ ва содагардонӣ, баланд бардоштани неруи зеҳнӣ ва дар ин замина фароҳам овардани заминаи зарурӣ барои баланд гардидани сатҳи зиндагонии шаҳрвандони ҷумҳурӣ корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ва Нақшаи амали он дар марҳилаи аввал таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №483 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Дар иқтисоди «сабз» ба фаъолияти он хоҷагидорие афзалият дода мешавад, ки дар баробари таҷдид ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба баланд шудани сифати ҳаёт ва беҳбудии муҳити зист мусоидат намояд. Дар ҳуҷҷатҳои расмии кишварҳои мухталиф ҳадафҳои иқтисоди «сабз» аз ҳам тафовут доранд. Масалан, барои кишварҳои рушдёфта ҳадафи асосӣ - рақобат ва таъмини ҷойҳои корӣ ва дар ҳуҷҷатҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳадаф - расидан ба рушди устувор, коҳиш додани масоили камбизоатӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Вале дар ягон ҳуҷҷат қазияҳои экологӣ, бахусус маҳдудияти экологии рушд дар мафҳуми иқтисоди «сабз» ишора нагардидааст. Ин исботи он аст, ки омили асосӣ дар иқтисоди «сабз» - худи иқтисод ва соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, иқтисоди «сабз» ба таъмини талаботи инсон бо назардошти алоқамандӣ бо муҳити зист ташаккул меёбад.

Мақсад аз таҳия ва қабули санади мазкур, ин мутобиқшавии ҷумҳурӣ ба тағйирёбии иқлим, кам намудани партовхои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби технологияҳои каммасраф ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи амалӣ гардидани он барои рушди мунтазами иқтисодӣ, мувозинати экологӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди дарозмуҳлати иқтисодӣ заминаи зарурӣ муҳайё мешавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, ҳамоҳангсози корҳо оид ба мониторинг ва амалисозии барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди «сабз» - ро дар кишвар анҷом медиҳад.

Рухшона Насриддинзода гуфт, ки дар соҳаи рушди иқтисоди рақамӣ низ якчанд ҳуҷҷатҳои стратегӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011, №643), Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2019, №642), Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26 октябри соли 2021, №460).

Иқтисодиёти рақамӣ - маҷмуи муносибатҳоест, ки ба технологияҳои навин асос ёфта, дар ҷараёни истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмол ба вуҷуд омадаанд ва барои таъмини талабот ба неъматҳои ҳаётӣ равона гардидааст. Он дар навбати худ ташаккули усулҳо ва тарзҳои нави хоҷагидориро пешниҳод ва воситаҳои таъсирноки танзими давлатиро талаб мекунад

Мақсади Барномаи мазкур тезондани суръати рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба модели нави рушди иқтисоди рақамии оянда дар дурнамои дарозмуҳлат мебошад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо минбаъд низ ҷиҳати саривақт ва самаранок дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Далер САФАР

:.  Сиёсат 01.02.2023 07:01 1702

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz