20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “ Фарзанди Тоҷикистонам”

 

VBCD 111

Дуруд, хонандаи азиз! Шоҳид ҳастӣ, ки аз оғози соли равон масъулони маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ - «Бонувони Тоҷикистон», ки муассисаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» озмун эълон намуданд. Дар ин муддат бо мақсади ширкат дар озмун ба унвонии маҷалла беш аз 150 маводи гуногуни муаллифон ворид гардид, аз ин шумора 33 мақолаи беҳтарин рӯи чоп омад. Хурсандибахш аст, ки озмун моро бо хонанда боз ҳам қарину наздиктар намуд.

 

Маросими ҷамъбасти озмун 7-уми октябри соли 2022 дар толори бузурги Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар озмун аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ, олимон, адибон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистру журналистони касбӣ то хонандагони одии маҷалла фаъолона ширкат доштанд. Гуногунии муаллифон ба муҳтавои матлабҳои озмун ҷилои тозае бахшид.

Мақолаҳо дар жанрҳои гуногун таълиф шуда, аз рафти Иҷлосияи таърихӣ, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, нахустин мусоҳибаҳо бо вакилони иҷлосияи мазкур, қарорҳои қабулнамудаи вакилон ва дигар мавзуъҳо қисса менамоянд. Махсусан, мақолаҳое, ки дар онҳо вобаста ба таъкидҳои таърихии Пешвои миллат «Ман ба шумо сулҳ меорам!», «Тамоми гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам!», сухан меравад, таъсиргузоранд.

Дар 30 соли Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани маҳбуби мо ба пеш гомҳои устувор ниҳода, бо 180 кишвари дунё робитаҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ барқарор намуд. Шаҳрҳои мамлакат, пеш аз ҳама, пойтахти кишвар – Душанбе қабои нав ба бар кард. Садҳо иншооти таъиноти гуногун қомат афрохта, корхонаю коргоҳҳо дар тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум гом мебардоранд. Неругоҳҳои хурди барқи обӣ зиёд мавриди истифода қарор гирифта, ду чархаи НБО «Роғун», мисли Замини неруманд дар атрофи меҳвари худ чарх мезанаду чарх мезананд, то ба мардум монанди Офтоб гармӣ бидиҳад. Дастовардҳо ва дигар комёбиҳои истеҳсолию фарҳангиро дар зарфи 30 сол муаллифон ҳангоми таҳияи матлабҳояшон инъикос намудаанд. Дар мақолаҳое, ки ба унвонии идора ҷиҳати иштирок дар озмун ирсол гардидаанд, мо, қабл аз ҳама, симои одамонеро мебинем, ки ҳамзамони мо буда, дар ҷодаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мебаранд. Яке мусаввир асту дигаре телефончӣ, савумӣ ходими ҷамъиятию сиёсиву чорумӣ паҳлавондухтар.

Муаллифон дар нигоришҳо бештар симои бузург ва неруманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро таҷассум намудаанд.

Баъди машварат ва андешаҳои зиёд бо такя ба адолату инсоф ва таъмини шаффофият ҳакамон барои ҳамаи 33 матлаби нашршуда ҷойҳои ифтихориро муқаррар намуда, барои ғолибон туҳфаҳои моливу пулӣ ва сипосномаҳоро пешбинӣ намуданд.

Аз ҷумла, матлабҳои «Ҷаҳони гул дар Гулшан» (С.Ашӯрзода, н. Фархор), «Ватансозу ватаннозу ватандор» (Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ), «Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад» (Рухсораи Нур, ш. Душанбе), «Замина, қонуният ва тамоюлҳои рушди раванди Ваҳдати миллӣ» (М. Хидирзода), «Ширинии рӯзҳои талх» (Ҷӯрабеки Муъмин, рӯзноманигор аз Файзобод), «Президенти мардумӣ» (Гавҳар Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Соҳибмақом» (Муслима Раҳимова, рӯзноманигор, аз вилояти Суғд), «Талошгари розҳои само» (Фарзона Файзалӣ, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»), «Нолаи най» (Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, адиб), «Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини Тоҷикистон» (Маҳина Камолова, устоди ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино), «16 сессия: долгий путь к миру» (Лутфӣ Неъматзода, ш. Гулистон), «Мусаввири зиндагӣ» (Маҳистон Шокирова). «Қосиди Ваҳдат» (Амонҷон Мамадҷонов, донишҷӯй) ва дигар ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд.

Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ҷиҳати дастгирӣ ба ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, директори генералии ҶДММ “Рухом” Муфарраҳ Муҳаббатов ва роҳбари ҶДММ “Асрори санг” Далер Шарифӣ изҳори сипос менамояд.

Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» соли дуюм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам»-ро баргузор менамояд. Соли сипаришуда бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мазкурро роҳандозӣ ва ҷамъбаст намуда буд.

Бароятон сиҳатмандӣ, қалами сабз ва парвози эҷодиро хоҳонем.

                                                 «Бонувони Тоҷикистон»

 

 

 

 

 

 

 

 

:.  Сиёсат 28.10.2022 12:39 528

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz