20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ҳомии бонувон

 Bonu 10_2022___fmt

Шарафу мардонагии бонувони тоҷикро таърих дар ҳофизаи худ барои ҳамеша ҳифз намуда. Мисли ин, ки ба ояндагон ёдрас кардан мехоҳад, бонувони мо барои ҳифзи марзу бум, ободии Ватан на танҳо мардони шуҷоъ ба арсаи ҳастӣ овардаанд, балки худ низ ба муқобили душман, бедодгариҳои давр размидаву ҷон бохтаанд. Воқеан, бонувони шердилу бебоки тоҷик дар ҳама давру замон аз манфиатҳои миллат ҳимоя намудаву баҳри рушди Ватан мардона камар бастаанд.

      РАВЗАНАИ ТАЪРИХ

Дар ҷомеаи суннатии мо ба иллати таъсири хурофот ширкати бонувонро дар бисёр корҳо «айб» ё «нолозим» медонистанд ва фаъолнокии занон маҳкум мешуд. Ба таърихи дур не, балки як ё ду аср пеш бингарем, ки чи ранг бонувони диловари моро сиёсати ноадолати давр ситамгарона ҳукм намудааст.

Тақдири Саида, иштирокчии бузургтарин ҳаракати мардумии охири садаи XIX - шӯриши Восеъ (мутаассифона, дар бораи Саида ва қаҳрамониву мардонагие, ки ӯ дар ин набард нишон додааст, қариб маълумот намондааст), мисол буда метавонад.

Бори аввал бобати Саида баҳори соли 1939 экспедитсияи археологии бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки ҷониби Кӯлоб сафар карда буд, яке аз узви экспедитсия Тихон Гритсенко, маълумот пайдо намудааст.

Тихон Гритсенко дар Балҷувон бо бисёр одамон, аз ҷумла дар маҳаллаи Сурхакон, бо иштирокчии шӯриш бобои Қурбони 110 - сола, дар маҳаллаи Саримазор бо холаи Фотимаи синнаш аз 100 боло ҳамсуҳбат мешавад. Холаи Фотима 3 нафар зану духтари ҷасурро ситоиш карда, мегӯяд: «Ҳар сеи онҳо иштирокчии фаъоли шӯриш буданд. Номи ду нафарашонро дар хотир надорам. Аммо Саидаро то ҳанӯз фаромӯш накардаам. Магар метавон ӯро фаромӯш кард? Зан не, мард буд. Восеи паҳлавон ҷасорати ӯро ситоиш кардааст. Ӯ барои шӯришгарон ғизо низ ҷамъ меовард. Барои онҳо нону хӯрок мепухт. Дар ин кор ду зани дигар ба ӯ ёрӣ мерасонд».

Бо дастаи Бек задухӯрди сахт рух медиҳад. Саида дар ин задухӯрди мудҳиш бо падараш шуҷоату далерӣ зоҳир кард. Ӯ дар тан либоси мардона дошт ва шинохтани ин зани ҷасур осон набуд.

Шӯриш пахш мегардад. Ба Балҷувон чил нафар аз шӯришгарони асирафтодаро меоранд. Миёни мардум Саидаи далеру паричеҳраро ба дор меовезанд. Баъдтар дармеёбанд, ки яке аз шӯришгарон зан аст. Доду фарёди мардум бармехезад. Ин ғазаби Бек ва сарбозони ӯро меафзояд ва онҳо ҷисми беҷону овезони Саидаро аз дами теғ мегузаронанд.

Тақдири аввалин муаллимбонувони тоҷик, ки аслан ҳадафашон соҳибдониш намудани насли наврас, ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун сохтани онҳо ва бад-ин минвол рушд бахшидани фардои кишвар буд, низ андуҳовар меанҷомад.

Бале, Саидаро куштанд, аввалин муаллимдухтарони тоҷикро ба дор овехтанд, аммо боз ҳам ғуруру матонати зани тоҷикро аз ӯ рабуда натавонистанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бонувони тоҷик боз ҳам майдондорӣ карданд. Дар ин ҷанг Ойгул Муҳаммадҷонова – аввалин лочиндухтари тоҷик ба қасди душман дар шумори ҳазорон мардони гурд ба ҳимояи Ватан бархосту ба ҷаҳон рафт. Ҳузури ӯ дар ҷабҳа, балки хатти пеши размгоҳ, ки коршиносон даҳшатноктарин дар таърих шумурдаанд, ихтиёрӣ буд. Ойгул Муҳаммадҷонова дар қатори қариб сад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз он корзор барнагашт, аммо номаш чун фарзанди содиқу шуҷои Ватан барои ҳамеша дар таърих сабт гардид.

         АЗ БАРАКАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Агар замоне далерии бонуи тоҷикро ба марг маҳкум мекарданд, хомаашро мешикастанду дари дабистонро ба рӯяш мебастанд, алорағми ин ҳама, имрӯз бонуи тоҷик озод аст. Хосса дар замони истиқлоли Ватан, ки ба шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Замони истиқлол баъзе қолабҳои анъанавӣ, ки боиси қафо мондани бонувон мегардиданд, шикастанд. Лашкари зулмот саркӯб шуд. Пешвои миллат омаду ҳомии бонувон гашт ва дар сиёсати пешгирифтааш мақоми занро боло бурд. Барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани бонувон, хосса духтарони дурдасти кӯҳистон Квотаи президентӣ таъсис дод ва ҳамин тавр, дари саодат ба рӯйи бонувон боз шуд. Дар натиҷа садҳо нафар ҷавондухтарон аз навоҳии дурдаст маълумоти оливу ҳунарӣ гардиданд ва ҳоло аз рӯйи касбашон, ки ба шарофати ғамхориҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон соҳиб шудаанд, нон мехӯранд.

Дар ин росто грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории занонро наметавон сарфи назар кард. Ин аст, ки ҳоло бонувони тоҷик боз ҳам майдондоранд. Аммо ин майдон дигар майдони разм нест, балки майдони бозиҳои олимпӣ ва майдони илм аст. Зани тоҷик дар он мардонавор гом мениҳад ва Парчами Ватанро боло мебарад.

       ДАР КОРЗОРИ «РОҒУН»

Бонувон ҳатто дар сохтмони бузургтарини аср - иншооти НБО «Роғун», ки башорат аз фардои хуби миллати мост, доди кор медиҳанд. Аз нахустин рӯзҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бунёди Неругоҳи «Роғун»-ро ба миён гузоштанд, аз худ ташаббус нишон доданд. Соли 2010 Кумитаи кор бо занон ва оила бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт, Нуробод, Ёвон барои нафароне, ки дар умқи корзори НБО «Роғун» заҳмат мекашанд, озуқаворӣ, либоси гарм ва маводи доруӣ фиристоданд.

Алҳол дар майдони корзори НБО «Роғун» аз шумораи умумии беш аз 10 ҳазор размандагон 647 нафарашон бонувони покҷонанд. Бонувони соҳибасолати тоҷик дар ин мавзеъ, ки кӯҳу дарё ҳамбаста ва барои ҳастии НБО «Роғун» асос мегарданд, бо амри дил ба кор рафтаанд. Рафтаанд то қарзи инсониву фарзандии хешро пиёда созанд. Онҳо ба ҳайси муҳандис, иқтисоддон, муҳосиб, ронанда, ташхисгар заҳмат мекашанд. Бале, бонувони шуҷоъ дар баробари ба дунё овардану ба камол расондани фарзанд, дар бунёди бузургтарин иншооти аср, ки на танҳо аҳамияти бузурги минтақавӣ, балки байналмилалӣ дорад, саҳми муносиб мегиранд.

Воқеан, ҳар дастоварде, ки имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун ноил мегарданд, ба сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт мегирад. Агар ин сиёсат- баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии ҳуқуқи марду зан ва гузашта аз ин, истиқлолу ваҳдати комил намешуд, шояд зан - модари тоҷик ба мартабаи воло расида наметавонист. Зиҳӣ, Сарвари давлат, ҳомии бонувони тоҷик!

                                                                                                 Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 

 

 

 

:.  Сиёсат 28.10.2022 11:11 751

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz