03

Сентябр, 2025
Чоршанбе

03

Сентябр, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИНСОНСОЗ ВА ТАРБИЯТГАР

Муаллим. Замони кӯдакии ман ин вожа баъди вожаи модар муқаддастарин унвон ва мактаб маконе буд боз ҳам муқаддамтар аз хонаву дар. Октябр моҳест, ки дар он дар радифи иду ҷашнҳои дигар, ду иди бузург, яъне Рӯзи муаллим ва Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Модар нахус­тин омӯзгори забон ва муаллим такмилдиҳандаи он аст.

То кунун ҳарфҳои аввалини устоди нахустинам дар гӯшам садо медиҳанду то ҳанӯз онҳо бароям азизанд. Ҳар кадом устоде, ки аз фанне таълимам додааст, бароям соҳибқирон аст. Касеро аз онҳо барои лаҳзае ҳам наметавонам ба ҷуз аз камоли эҳтиром ба дидаи дигаре бубинам. Шояд ин аз он буд, ки муаллим ҳамеша пешаи хешро бо ишқи тамом интихоб мекарду бо муҳаббати хосае бо он адои рисолат мекард.

Устодон он замон медонистанд, ки бесавод мондани нафаре аз шогирдон нишонаи беэътибориву шармандагии эшон аст.

Муаллим эҳтироми хосае дошту саводу ахлоқи шогирдон маҳз дар пайвастагӣ бо ӯ. Чӣ шуд, ба оне, ки унвони ифтихории омӯзгорӣ дорад, вале наметавонад дар дили аксари шогирдон тухми муҳаббат ба савод ва бастагӣ ба ахлоқро сабз гардонад? Магар рисолаташ дигар шуда? Ва ё дарси омӯзгории омӯхтааш равияи хешро тағйир дода? Чист он сабабе, ки эҳтироми муаллимро дар ҷомеа коста? Омӯзгор коргари сохтмон шуданро барои хеш беҳтар медонад? Муаллим рӯ ба савдогарӣ меораду даст аз таълим мекашад. Чаро? Устод чашми ҳарисона ба кисаи шогирд медӯзаду эҳтироми хешро пеши ӯ хати бутлон мезанад. Барои аҳли хонадони шогирд ӯ дигар қарздор аст. Муаллими боғурур пешаи ифтихории муаллимиро бо чӣ қимате ба чунин хориву залилиҳо поён овард? Узр аз ҳамаи устодони азалӣ, ки то ҳанӯз садоқат ба ин пеша доранд. Ҳеҷ наметавон бовар кард, ки бо чунин инсонҳои фидоӣ, ки ба бахти аҳли маориф зиёд сари коранд, ин касб дигар билкул қимати хешро бохта.

Замоне сахтгиртарин шогирд будам ва чанд гоҳе сахтгиртарин устод. Ин ҳар ду давр бароям хеле азизанд. То ба ҳол ба кулли муаллимонам муҳаббат дораму пеши пояшон сари таъзим фуруд меорам. Ва дар чашмони кулли шогирдонам баъди солиёни зиёди ҷудоӣ ҳам зимни мулоқот эҳтирому муҳаббатро ба устод мехонам.

Мактаб бароям ҳамеша макони муқаддас аст. Он ҷо шахсиятҳои ояндаро тарбият медиҳанд. Ва меъмори ин нерӯҳои ояндасоз муаллим аст, ки бо ин пешаи бузургаш дар ташаккули инсонҳои комил саҳим хоҳад монд.

Ҳамеша иди муаллимон бароям арзиши хосе дорад, ки мехоҳам он рӯз ҳамаро муборакбод бигӯяму эътимод бар он дошта бошам, ки ин касб дигар хор намегардад ва устод ҳамеша бо нафси шикаста, сари баланд, ифтихор ва маърифати аз дигарон болои хеш, чун як инсони ифтихорӣ бо ин пешаи муборак барои ояндагон боқӣ хоҳад монд. Бонувони зиёде аз пайи ин пешаи муқаддас рӯзгори хешро обод медоранд. Онҳо рисолати дукаратаи тарбиятгарӣ доранд – модарӣ ва омӯзгорӣ. Ва бо ин рисолати фарҳехта эшон бар он хоҳанд кӯшид, ки устод, муаллим, омӯзгор-вожаҳои ҳаммаънои сарфарозиву эҳтирому эътиқоду эътимод хоҳанд монд.

Устод, муаллим, омӯзгор – вожаҳои (ҳаммаънои) сарафрозиву эҳтирому эътиқоду эътимод хоҳанд монд.

Идатон муборак, муаллимони гиромӣ!

 

Ҳуриннисо Ализода
:.  Сиёсат 28.10.2011 10:07 5525

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz