03

Сентябр, 2025
Чоршанбе

03

Сентябр, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОГАҲӢ ВА ОЗОДӢ

     Андешамандони олам бар ин назаранд, ки «додани огаҳӣ аз додани озодӣ болотар аст». Зеро танҳо шахси соҳибиттилову бохабар метавонад ҳам озодии хешро таъмин кунаду ҳам озодии дигаронро эҳтиром.

Мусаллам аст, ки танҳо шахсе метавонад ба озодии воқеӣ бирасад, ки аз озодии зеҳнӣ бархӯрдор бошад. Ва ҷои ҳайрат нест, ки ба шаҳодати таърих ҳатто дар давраи ғуломдорӣ низ нафароне кам набуданд, ки соҳибистиқлол маҳсуб мешуданд, зеро рӯҳи озод ва андешаи орӣ аз фишору побандиҳои замон доштанд.

     Инсонро ақлу заковат ва тафаккур раҳнамоӣ мекунад ва оё нафареро, ки андешаву афкораш озод нест, метавон соҳибистиқлол номид?

     Аз ин рӯ, месазад, ки ҷомеа дар тарбияи афрод ба озодандешӣ таваҷҷӯҳи махсус дошта бошад. Хоса дар мавриди занон, ки бар асари побарҷоии қолабҳои шахшуда ҳамеша ба маҳдудаҳои бешуморе гирифторанду бахусус дар баёни андешаву назар аз эътимоди камтар бархурдор. Сухани таҳқиромези «зана чиву гапаш чӣ?!» барои қисме аз мардон шиор шудааст.

     Агар суоле ба миён гузорем, ки маъмулан мардҳо соҳибиттилоянд ё занҳо, посухи мардҳо ин хоҳад буд, ки албатта, занон. Зеро онҳо зиёд ҳарф мезананд, бо ҳамдигар имкони зиёди радду бадали андеша доранд ва агар аз қавли мардум бигӯем: «занакои лави ов аз ҳама гап бохабаранд». Вале, табиист, он хабар, ғайбат, суханҳои рӯзмаррае, ки бонувони хонашин радду бадал мекунанд, иттилои сатҳиест, ки манфиати кам андар кам дорад.

     Иттилои дақиқ, фаррох, муҳим, саривақтӣ ва пешбаранда он иттилоест, ки кас перомуни сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, маориф, фарҳанг, тиб, воқеоти муҳими байналмилалӣ мегирад. Ва шахсеро соҳибиттилоъ метавон гуфт, ки аз чунин навгониҳоро бархурдор аст, на андармони хабарҳои пучу бемаънии кӯчагӣ.

     Сарчашмаи иттилои муфиде, ки инсонҳоро ба рушду инкишоф раҳнамоӣ мекунад, воситаҳои ахбори оммаанд. Инсони ҳушманд ҳамеша мекӯшад, ки аз тозатарину муҳимтарин хабарҳои ҷомеаи хеш ва ҷаҳон пайваста огоҳ бошад, то ки соҳибиттилоотӣ ба соҳибтафаккурӣ, соҳибандешагӣ ва гирифтани тасмимоти дуруст раҳнамоиаш кунад. Ва маҳз чунин нафаронро метавон ашхоси огоҳ ва озоду бархӯрдор аз истиқлолияти зеҳнӣ шумурд. Нафаре, ки рӯҳу афкори озод надорад, зӯран соҳибистиқлол буда наметавонад. Мутаассифона, бо гузашти нуздаҳ сол аз истиқлолияти кишвар кам нестанд одамоне, ки ҳанӯз ба истиқлолияти зеҳнӣ нарасидаанд.

     «Бонувони Тоҷикистон», ки аз файзи истиқлолияти Тоҷикистон, аз ҷониби Президенти мӯҳтарами кишвар барои модарону хоҳарони арҷмандамон чун як манбаи иттилоотӣ пешкаш гаштааст, низ рисолати ба хонандаи хеш огаҳӣ додан дорад. То ӯ битавонад аз ин огаҳӣ ба озодии воқеӣ, ба истиқлоли рӯҳу андеша ва афкору пайкор бирасад ва хешро як фарди воқеан соҳибистиқлоли Тоҷикистони соҳибистиқлол бишуморад. Аз ин рӯ ба маҷаллаи «Боувони Тоҷикистон», ки минбар ва сарчашмаи иттилоотии шумост, обуна шаведу онро пайваста мутолиа намоед. Ғизои маънавӣ ва давои рӯҳу ҷонатон ҳатман шуморо ба озодии афкору андеша хоҳад расонид, ки он яке аз шартҳои ҷомеаи демократист.  

:.  Сиёсат 10.10.2010 12:22 2237

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz