Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Куруши Кабири пойтахт "Намоиш - фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ" оғоз гардид, ки аз санаи 16 то 19-уми апрели соли равон идома меёбад.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Бунафша Файзиддинзода ҳунармандонро ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ташвиқу тарғиби расму оинҳои миллию мардумӣ даъват намуд.
Ҳунармандони чирадасти тоҷик аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дастранҷҳои худро дар намоишгоҳ пешкаши ҳаводорон намуданд. Сокинону меҳмонони пойтахт ба эъҷози дастони моҳири ҳунармандон баҳои баланд дода, маҳсулоти писандидаи худро бо нархҳои нисбатан арзон ба даст оварданд.