19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТОВАРДҲОИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ НАВИН

 

 6665JHVKJДар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи Модар тибқи қарори Раиси вилоят «Дар бораи таҷлили Рӯзи Модар» дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон» баргузор гардид.

Он бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону бонувон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми занону модарон дар ҷомеа баргузор гардида, дар он олимон, собиқадорони меҳнат, фаъолон, устодону донишҷӯён ширкат доштанд.

Конфронсро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастовардҳои солҳои охири занону бонувон изҳори андеша намуд.

Хуршеда Хоҷаева ҳамзамон бонуи сиёсатмадор, собиқадори меҳнат Муҳаббат Нозимоваро ба муносибати ҷашни 80-солагиаш муборакбод гуфта, табрикоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сарходими Институти илмҳои ҷомеашиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Умедахон Ғаффорова дар бобати «Саҳми занон дар рушди илм» суханронӣ намуда, нақши занону бонувонро дар рушди илму маориф, сиёсати давлатӣ фикру андешаи худро баён намуд. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз дар кишвар занҳое фаъолият менамоянд, ки бо саҳми густурдаи худ гули сари сабади ҷомеа гардида, дар рушди илми тоҷик заминаи воқеӣ мегузоранд.

Ҳамчунин, муовини директори Маркази солимии репродуктивии вилоят Мадинахон Саидхоҷаева оид ба «Дастовардҳои занон дар соҳаи тандурустӣ» ибрози назар карда, таъкид дошт, ки имрӯз баҳри саломатии модару кӯдак дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилоят тамоми шароит муҳайё аст. Собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова ба сухан баромада, изҳор намуд, ки ҳамаи дастовардҳои мо маҳз туфайли сулҳу ваҳдат ва оромии кишвар ба вуқуъ меояд. Аз ин рӯ, ҳар як зан, бонуи тоҷикро лозим аст, ки баҳри ободию осоиштагии кишвар саҳми боризе гузорад.

Дар охир донишҷӯён дар васфи зан, модар, олиҳаи ҳусну малоҳат шеъру таронаҳои ҷолиб қироат намуданд. Дастагули тарона пешкаши ҳозирин карда шуд.  

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

:.  Хабарҳо 07.03.2024 13:12 376

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz