Дар Қасри фарҳанги Арбоб чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва беш аз 700 нафар занону бонувони касбу кори гуногуни вилоят ширкат намуданд.
Раиси вилоят аҳли толор ва тамоми модарони кишварро аз номи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод намуда, таъкид кард, ки дар сатҳи давлатӣ ва ботантана ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишони эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад.
Қайд гардид, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин рақам нисбат ба давраи гузаштаи интихобот зиёд мебошад. Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 16 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо дар татбиқи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона фаъолият мебаранд.
Бонувони вилоят таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари иҷрои рисолати модарии худ, яъне тарбияи насли ояндасоз баҳри пешрафту ободии диёри маҳбубамон ҳамчун сиёсатмадору олим, роҳбару эҷодкор, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, коршиносу соҳибкори муваффақ фаъолияти босамар доранд.
Дар вилоят бештар аз 1 миллиону 436 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд ва аз онҳо 22750 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1207 нафар дар мақомоти давлатӣ фаъолият доранд.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 21 нафар доктори илм ва 390 нафар номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият дошта, аз 49 ҳазору 910 нафар зане, ки дар соҳаи маориф кор мекунад, 3137 нафар роҳбар мебошад.
Соли 2023 занони фаъоли соҳаи маориф чун ҳамеша ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил шуданд. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 29-и ноҳияи Мастчоҳ Раҳима Ҳидоева дар озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва Марҳабо Бобоҷонова - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии № 4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни «Мураббияи соли Тоҷикистон» сазовори ҷойҳои намоён шуданд.
Тибқи Квотаи президентӣ ҳазорон духтарон соҳиби маълумоти миёнаву олии касбӣ гашта, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ фаъолият карда истодаанд. Алҳол аз 40 ҳазору 138 нафар духтаре, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамояд, 467 нафари онҳо тибқи Квотаи президентӣ машғули омӯўзиш буда, 581 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 71 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят мебошанд.
Дар соҳаи тандурустии вилоят аз 30 ҳазору 138 нафар кормандон 25 ҳазору 128 нафар занҳо ва аз 573 нафар роҳбари муассисаҳои тиббӣ 151 нафар занҳо мебошанд, ки 26,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар соҳаи бонкдорӣ аз 5615 нафар корманд 2474 нафар занҳо мебошанд, ки 44 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи фарҳанг беш аз 1100 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 278 нафар, коммуналӣ 336 нафар, сохтмон ва меъморӣ 397 нафар занон фаъолият менамоянд.
Ин нуктаҳо баёнгари онанд, ки модарони тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ занону модарони тоҷик бо ташаббусҳои созанда собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд.
Бо иқдом ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон, дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар саросари вилоят марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил шудаанд, ки имрӯз шумораи онҳо ба 288 адад расидааст. Инчунин, дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ беш аз 30 ҳазору 802 нафар зани ҳунарманд бо шуғл фаро гирифта шудаанд.
Густариш додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба дастгирии занону духтарон мебошад. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии занону модарони соҳибкор Грантҳои президентӣ ва Раиси вилоят ба роҳ монда шудаанд, ки бонувони мо бо истифода аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба соҳибкорӣ машғул гардида, дар ин самт ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд.
Соли 2023 18 нафар ба гирифтани Гранти президентӣ ва 60 нафар ба гирифтани Гранти раиси вилоят мушарраф шуданд. Дар маҷмӯъ, дар солҳои 2010 - 2023 бонувон зиёда аз 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардиданд. Ҳадафи асосии ин иқдом эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои кории нав, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.
Дар охир аҳли фарҳанги вилоят бо барномаҳои рангини худ бузургии модарро васф намуда, табиати зебои диёр, ҳусни диловези Ватани хешро таранннум намуданд.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
вилояти Суғд