Бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ заминаи воқеӣ гузошта шуд. Хӯроку хуришҳои миллӣ, ки имрӯз ифодагари расму оини мардуми куҳанбунёди тоҷик ба шумор мераванд, дар ҳар минтақа бо тарзу услуби хоса омода гардида, аз насл ба насл то имрӯз побарҷо боқӣ мондааст. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12-уми декабри соли 2023 бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ ва омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона Қарори Раиси вилоят аз 9-уми феврали соли 2024 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин”“ ба тасвиб расида буд.
Дар тарабхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” бо иштироки занону бонувони 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба бузургию заҳматнописандии Зан-Модар фикру андешаи худро баён намуд. Таъкид кард, ки ҳадаф аз баргузории озмун ҷалби занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пухтупази чанд намуди таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби бонувони 18 шаҳру
навоҳии вилоят аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи тайёр кардани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид. Баъди таҳлилу хулосабарориҳо ҳайати ҳакамон ғолибони озмунро муаррифӣ намуданд. Ҳамин тавр, дар бахши “Ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз” шаҳри Бӯстон ҷойи аввал, ноҳияи Спитамен мақоми дувум ва шаҳри Истаравшан ҷои сеюмро соҳиб гардиданд. Дар бахши “Омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом” ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Исфара, ноҳияи Деваштич, дар номинаи “Пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо” шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Зафаробод ва Ҷаббор Расулов, дар номинатсияи “Маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир” ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Конибодому Истиқлол, дар бахши “Малакаи омода намудани хуришҳо” шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ, дар номинаи “Маҳорати омода намудани намудҳои гуногуни шӯридани хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ” ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва шаҳри Хуҷанд лоиқ дониста шуданд.
Дар охир ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят тақдим карда шуд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА
Вилояти Суғд