Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 19 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шурои амният вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлонро ҳаматарафа баррасӣ намуда, ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷинояткории муташаккилона, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар падидаҳои номатлуби халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти миллӣ, решакан намудани ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вазифагузорӣ намуда буданд, аз ҷониби Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон як силсила чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла имрӯз санаи 20-уми феврал, дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Раёсати Вазоарти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабинии оммавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, директорони муаасисаҳои таълимӣ, роҳбарони бозору марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ, пирони рӯзгордида, масъулини мақомоти масъули самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва намояндагони соҳаҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ширкат варзиданд.
Тавре зикр гардид, суҳбату вохурии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо масъулону фаъолони шаҳри Бохтар дар доираи иҷроиши дастурҳои роҳбарияти олии кишвар ва бо назардошти эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", ҳамчунин, бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он таҳким бахшидани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Дар чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ муайян ва рафъи сабабу шароитҳои шомилшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидаткунанда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Нахуст сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, бо маърӯзаи таҳлилӣ ва истифода аз имкониятҳои техникӣ ва тасвир-слайдҳо баромад намуда, аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии як қатор лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар соҳаҳои инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустии кишвар, ки ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон нигаронида шудааст, ёдовар гардид.
Шариф Назарзода вобаста ба масъалаҳои дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар самти коҳиш додани вазъи нигаронкунандаи ҷинояткорӣ миёни сокинон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки фаъолони ҷомеаро мебояд, ки дар ҳамкории густурда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷиҳати тақвият бахшидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Мавсуф зимни суханронии хеш ҳамчунин аз дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон ёдовар гардида, иброз дошт, ки ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо, масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаро водор менамояд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, илмӣ ва ахлоқии насли наврас ва ҷавонон, тарбияи ин қишри ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама, дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, ба ҳама ҳастии хеш саъю талош намоем.
Зикр гардид, ки фаъолони ҷомеа, пирони рӯзгордида ва нафаронони обрӯманди маҳал ҳамчун қишри пешоҳанги ҷомеа ва неруи бузурги ояндасоз дар бунёд ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ва мубориза зидди зуҳуроти номатлуб саҳму нақши муассир гузошта метавонанд. Дар идомаи суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи муҳими даъват ва сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни милитсия ба ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз изҳори назар карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин чанд нафар аз фаъолони шаҳри Бохтар ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва саҳмгузорӣ дар бартараф намудани мушкилу масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ва пешгирӣ аз ҷинояткориву дигар падидаҳои номатлуб ва халадоркунандаи суботу оромӣ, ҳамкориҳоро бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тақвият бахшида, дар ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва амалисозии дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи Шурои амният таъкид намудаи Пешвои муаззами миллат, саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФОВ вилояти Хатлон