19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Хатлон: Афзоиши шумораи бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ

 

555--999kgng

Ҳамасола 21 адад беҳтарин лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи бонувони вилояти Хатлон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна сазовори гранти раиси вилояти Хатлон мегарданд. Дар ин бора Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ тайи солҳои таъсис ва пешниҳоди грантҳои раиси вилояти Хатлон садҳо нафар занону духтарони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолиятҳои гуногуни тиҷоративу соҳибкориро роҳандозӣ намуда, бо истеҳсоли молу маҳсулоти гуногун дар рушди соҳибкорӣ миёни бонувон, афзоиши истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи мардум ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, ба хусус занону духтарони деҳоти дурдаст саҳми ниҳоят муҳим мегузоранд.

Бинобар иттилои манбаъ, айни замон шумораи занони соҳибкор, ки дар мақомоти андоз ҳамчун соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, 23 ҳазору 540 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 2 654 нафари онҳо бо шаҳодатнома ва шартҳои махсус, 1 160 бонуи соҳибкор ба шаҳодатнома дар низоми махсус 7 445 нафар бо патент ва 835 бонувон бо роҳбарии шахсонӣ ҳуқуқӣ ба фаъолиятҳои гуногуни соҳибкорӣ машғуланд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар шаҳру навоҳии вилоят барномаву лоиҳаҳои гуногун амалӣ гардида истодаанд. Ба гуфтаи Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, ба хотири дастгирии занону духтарон ва роҳнамоии онҳо ба фаъолиятҳои гуногун аз ҷумла, фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар маркази вилояти Хатлон бунёди Маркази машваратӣ-дастгирии соҳибкорзанон таъсис дода мешавад. Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо Бонки Осиёии Рушд амалӣ гардида, давоми соли ҷорӣ Маркази машваратӣ-дастгирии бонувон ба фаъолият оғоз намуд. Роҳбарияти вилояти Хатлон итминон дорад, ки бо оғози фаъолияти Маркази мазкур дар ҳалли масъалаҳои зиёди ҳалталаб ва омӯзишу роҳнамоии бонувони вилоят дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

Мавриди зикр аст, ки шумораи занону бонувони вилояти Хатлон ба 1 миллиону 780 ҳазору 54 нафар мерасад, ки ин 49 дарсади аҳолии вилоятро ташкил медиҳад. Аз 188 ҳазору 603 нафар бонувони коргар 13 ҳазору 887 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Дар умум, саҳми занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, аз ҷумла дар соҳаи маориф 27865 нафар, тандурустӣ 25602 бону, саноат 3407 тан, бонкҳо 1171 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ 162 ҳазору 34 нафар бонувон кору фаъолият дошта, аз ин 11 ҳазору 359 нафари онҳо роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда доранд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

Далер ШАРИФОВ

вилояти Хатлон

:.  Хабарҳо 15.02.2024 11:42 327

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz