Дар соли 2023 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 ададро ташкил додаанд, ки аз ин 51 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грантро дар бар мегиранд. Маблағи умумии онҳо 49,3 млрд. сомонӣ (4,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси Кумита Султон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 13 феврал доир гардид, иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 32,9 млрд. сомонӣ (3,0 млрд. доллар) ё 67,1 фоиз, маблағҳои қарзӣ 15,0 млрд. сомонӣ (1,37 млрд. доллар) ё 29,7 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,34 млрд. сомонӣ (122,0 млн. доллар) ё 2,6 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 62,9 млн. сомонӣ (5,7 млн. доллар) ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ 25,8 млрд. сомонӣ (2,35 млрд. доллар) маблағҳо азхуд гардидааст.