19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ба Кумитаи давлатии идораи замин дар як сол сад ҳазор муроҷиат шудааст

 

3939--90jgbv

Масъалаи баҳси замину амвол, тақсиму барасмиятдарории он ҳамчун мушкилоти доғи рӯз ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Ба Кумитаи идораи заминсозии ҷумҳурӣ ва сохторҳои зертобеи он дар соли 2023 аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ 95679 аризаву дархост пешниҳод шуд, ки 4679 адади онро муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки кормандони соҳа соли гузашта то андозае муроҷиати мардумро ҳаллу фасл намуда, хоҳиши аксарият қонеъ карда шуд. Мавсуф иброз дошт, ки назорати мақсадноки замин аз самтҳои асосии фаъолияти кумита буда, 13447 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар соли рафта кормандони ин ниҳод ошкор намуда, барои бартараф намудани он 11389 қарори дахлдор қабул гардид. Барои вайрон намудани қонун иддае аз парвандаҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла 872 мавод барои рӯёндани ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаву партов, заминҳои обие, ки ҳамчун лалмӣ истифода бурда мешаванд ва аз худкунии заминҳои нав дар маҳаки кори асосии кормандони кумита ва зерсохторҳои он қарор дошт.

       Аввал ва нимаҳои соли 2023 як зумра кумитаҳои ноҳиявию шаҳрӣ фаъолияти худро дар биноҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз бо таҷхизоти замони муосир оғоз намуданд. Кормандони кумита сол аз сол сафи худро бо кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва кордон пур намуда, дар ин замина озмун барои ишғоли вазифаҳо ва аттестатсияи кормандон мунтазам гузаронда мешавад. Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қарори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати аввали соли 2024 омода шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол мегардад. Ориф Хоҷазода дар мавриди корҳои делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад бо хушнудӣ қайд намуд, ки аксари корҳо дар ин замина хуб анҷом пазируфта, қисми ками он, хусусан аломатгузории минтақаҳои боқимонда бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳоли анҷомёбист. Ва бо пурра ҳаллу фасл шудану ба мувофиқа омадани тарафҳо албатта он расонаӣ хоҳад шуд.

Р. НАЗИР

:.  Хабарҳо 09.02.2024 06:13 188

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz