Бо пешниҳоди иҷрочиёни Хадамоти иҷро бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 398 нафар қарздорон аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Имрӯз ин нуктаро дар нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Барно Саидвализода таъкид намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ҳамин замина саркаши накардани онҳо аз пардохти алимент барномаҳои таблиғотӣ таҳия гардида, тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шудааст.