20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Намояндагони ВАО аз бинои нави телевизиони «Сафина» дидан карданд

333-000LNMB

Имрӯз бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» беш аз 40 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар доираи пресс-тур аз бинои нави Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дидан карданд.

 Директори телевизиони мазкур Носир Саидов меҳмононро гарму самимӣ истиқбол гирифта, журналистонро бо шароиту имконоти дар бинои навбунёд муҳайёгашта аз наздик ошно намуд.

Бинои асосӣ аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, 8 студияи он бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳазанд, ки дар онҳо барномаҳои гуногуни телевизионӣ сабт мегарданд. Студияи алоҳидаи виртуалии муассиса, ки бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст, дар ҷумҳурӣ ягона буда, бори аввал коргардонҳо аз ин шева корбарӣ менамоянд. Мувофиқи талаботи барнома дар реҷаи воқеии вақт саҳна ва ороиши атрофи он тағйир дода мешавад. Ба иттилои Н. Саидов дар студияи виртуалӣ саҳнаҳои хурди филмҳоро низ наворбардорӣ кардан имконпазир аст.

Ҳуҷраҳои кории зебову барҳавои телевизион, ки барои роҳбарият, муҳаррирон, танзимгарон ва ҳайати техникии муассиса фароҳам оварда шудаанд, ба меъёрҳои аврупоӣ ҷавобгӯ буда, ба кормандон шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.

        Намои беруниву дохилии зебо, китобхона бо шумори 2 000 нусха адабиёти гуногун, гӯшаҳои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман», маҷлисгоҳ бо 100 нишастгоҳ, ошхонаи барҳаво, ҳуҷраҳои наттоқон ва пардозгарӣ, толори варзишӣ бо дастгоҳҳои муосири машқу тамрин дар ин ҷо фароҳам оварда шудаанд.

 Роҳбарияти муассиса тасмим доранд, ки соли равон дар ҳудуди телевизион радиои фарҳангии «Сафина»-ро бо пахши шабонарӯзӣ ифтитоҳ намоянд.

     Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» 3 сентябри соли 2005 ба фаъолият шурӯъ карда, 13 декабри соли 2023 ба бинои нав кӯчонида шуд.

                                                                                                            С. Ашӯрова

:.  Хабарҳо 06.02.2024 14:30 244

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz