Муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Хуршед Раҳмонализода дар нишасти матбуотӣ, ки санаи 6 феврал баргузор гардид, аз фаъолияти бонувон дар ин соҳа ёдовар шуд. Номбурда зикр кард, ки аз шумораи умумии кормандон 611 нафар бонувон мебошанд, ки 43 %-ро ташкил медиҳанд. Шумори занони роҳбар дар соҳа 16 %-ро дар бар гирифта, дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот шумораи бонувони роҳбар 25 % мебошанд.
Онҳо дар пешбурди кори иттифоқ, махсусан дар ташкил ва бароҳмонии фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии “Таомҳои миллӣ”, “Зеби дастархон”, “Хӯришҳо ва шириниҳои миллӣ ва муосир”, ки дар Асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии “Боғи Ирам” баргузор шуд, саҳм доранд.