Бинобар нишондоди натиҷаи даври фаъоли сессияи имтиҳонӣ сифати таълим дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 37,9 % ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 % баланд аст. Пешрафт бошад 82,7 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ дар Донишгоҳ раванди таълим аз рӯи 94 ихтисос ба роҳ монда шуда, 14 факултет ва 43 кафедра амал менамояд. Донишгоҳ дорои 9 бинои таълимӣ, 1 бинои маркази компютерӣ ва китобхонаи электрониву анъанавӣ иборат аз 192 аудиторияи дарсӣ, аз ҷумла, 41 кабинети фаннӣ, 28 озмоишгоҳ, 3 толори хониш, толори варзишӣ, 4 майдонча ва як маҷмааи варзишӣ мебошад. Дар умум дар ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ зиёда аз 1000 компютер, 254 тахтаи электронӣ, проектору пардаҳои проексионӣ ва 36 адад смартэкранҳо самаранок истифода бурда мешаванд.
Бо мақсади такмили касбият, густариши ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули таҷриба миёни устодон, аспирантҳо ва магистрон, шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси созишномаҳо ва дар доираи татбиқи лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмии дигар донишгоҳу ташкилотҳо ҳамкориҳоро густариш мебахшад. Дар ин замина устодону омӯзгорони ҷавон, унвонҷӯёну магистрон ва донишҷӯён аз усулҳои муосири таълиму тарбия, таҷҳизоти илмиву истифодаи усули таълими навин баҳравар гардида, донишу таҷрибаи хешро дар фаъолияти илмиву омӯзгории хеш мавриди истифода ва омӯзиши дигарон қарор медиҳанд.
Айни замон дар Донишгоҳ 132 нафар донишҷӯён аз кишварҳои хориҷ таҳсил доранд, ки 125 нафари онҳо аз Ҷумҳурии Узбекистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон, 3 ҷавон аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва 2 нафар аз Федератсияи Россия мебошанд.
Зимни суолу ҷавоб бо намояндагони Воситаҳои ахбори омма роҳбарияти ДДБ ба номи Носири Хусрав иброз доштанд, ки танҳо дар соли хониши 2022 - 2023 дар самти илм 32 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд ва илова бар ин, дар нимсолаи дувуми соли 2023 ба неруи илмии Донишгоҳ 22 нафар илова гардид, ки ин нишондоди қаноатбахш мебошад.
Дар як соли охир аз ҷониби ҳайати илмии Донишгоҳ 26 монография, 8 номгӯи китобҳои дарсӣ, 121 дастури таълимӣ, 359 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ва 240 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои РИНҚ нашр гардидааст. Инчунин, устодону олимони ДДБ ба номи Носири Хусрав бо 502 мақолаҳои илмӣ дар Конфронсҳои байналмилалӣ ва 438 мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 633 мақолаҳои дохилидонишгоҳӣ дар рушди илми муосир ва баррасии мавзӯъҳои гуногуни илмӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2023 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 32 нафар аз ҷумла, 6 нафар сазовори ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дувум ва 13 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуда, 5 тан соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин давра аз тарафи раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявиро бо маблағи 140,1 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонид.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФОВ
вилояти Хатлон