20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Дар даҳ нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо камбудиҳо ошкор шуданд

 

0808--77nbfj

Нишасти матбуотии муштараки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Ширкати ҳавопамойии Сомонэйр», «Тоҷикэйр» бо ҷалби зиёди хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ имрӯз, 31 январи соли 2024 доир гашт.

Дар маҷмуъ қайд гардид, ки хадамоти ҳавопамойии ҷумҳурӣ соли гузашта то андозае фаъолияти худро хуб ба роҳ монд. Хусусан, теъдоди парвозҳо аз фурудгоҳи пойтахт тавассути як ширкати ҳавопаймоӣ ва дигар ширкатҳои хориҷӣ бамаротиб афзуд, агарчи аз самти Хуҷанду Бохтару Кӯлоб рақамҳо хушҳолкунанда нестанд.

Лоиҳаи созишномаҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҷаҳон дар ин бахш ба имзо расида, гуфтушунидҳо бо шоҳигарии Британияи Кабир ва давлати Ирландия дар ҳоли анҷомёбист. Дар соли сипаришуда бино ба маълумоти Исматулло Абдуллозода, директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соли 2023 аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ 2021 хатсайр ба роҳ монда шуд, ки бештар аз 3 миллион шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ аз он баҳравар шуданд ва 782000 нафари онҳо ба хатсайрҳои ҶСК «ШҲ Сомонэйр» рост меояд. Дар самти сайёҳию туризм бошад ду чархболи наву замонавӣ бо шароиту имконоти муосир хизмату дархости сайёҳонро бароварда намуд. Роҳбари ин ниҳод бо боварӣ қайд намуд, ки кормандони «Тоҷикэйр» низ дар ҳоли хозир маоши худро гирифта истодаанд ва бо фароҳам омадани шароиту имконияти мусоид, аз ҷумла дарёфти ҳавопаймоҳои нав ин ширкат парвозҳоро аз сар хоҳад гирифт.   Нуқтаҳои чиптафурӯшии пойтахт ва дар маҳалҳобуда аз ҷониби масъулони фурудгоҳ мавриди санҷиш қарор гирифта, дар даҳ нуқтаи фурӯш камбудиҳо ошкор шуданд.

   Хадамоти ҳавопаймоии ҷумҳурӣ соли нави омадаро бо фаъолияти пурсамар оғоз намуда, мақсад дорад, ки имсол ба як қатор давлатҳои ҷаҳон хатсайрҳои нав кушода, сифати хизматрасониро дар ин самт боз ҳам беҳтар намояд.

Р. НАЗИР

 

:.  Хабарҳо 31.01.2024 16:02 203

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz