20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Тантанаи футболи тоҷик!

 

 55--88njgnvb

Футбол бе чуну чаро машҳуртарин навъи варзиш, ки беш аз 1 миллиард бозингар ва 4 млрд мухлис дорад, нисфи аҳоли сайёраро ташкил медиҳад.

Дар бозии таърихии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо АМА дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё 2023-2024 санаи 28-уми январ шумори мухлисони футбол ба маротиб зиёдтар гашт. Дар ҳар хонадоне, ки ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ҷузъи асосии тарбия аст, садои УРА, ТАБРИК, ШУКР, ГОЛ танинандоз буд. На танҳо ҷавонони пурэнержӣ, аз кӯдакон то мӯйсафедони тоҷик бозигарии шермардони майдондорро мухлисӣ мекарданд.

Дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муштарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамоии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, малакаву маҳорат ва омодагии футболбозон, ҷаҳду талоши гурӯҳи мураббиёну сарпарастон ва дуои беохири модарони тоҷик боис шуд, то ба даври 1/4 ниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон роҳххат ёбад.

На танҳо тоҷикистониён, балки тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯстони кишвари мо ин футболро тамошо карданду ба пирӯзии тими милии Тоҷикистон шодишарик буданд.

Дар Ютубканали Ҷоми Осиёwww.youtube.com/@AFCAsianCup наздик ба як миллион одам дар давоми 9 соат гузориши кутоҳи ин бозиро бо ҷолибтарин лаҳзаҳои голзанӣ тамошо кардаанду беш аз 2200 нафар дар зершарҳи ин видео аз тамоми гӯшаву канори олам тоҷиконро бо ғалабаи таърихӣ шодбош гуфтаанд.

Дар расонаҳои ҷаҳонии футбол низ, ки муштарии зиёд доранд, бо суханони руҳбаландкунанда бозии пурҳаяҷони тими Тоҷикистонро инъикос кардаанд.

Данил Зайнулин дар сомонаи www.metaratings.ru чунин нигоштааст:

“Баъд аз бозӣ тамоми аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар назди минбар то дер чунон мерақсиданд, ки хастагии бозии қариб сесоаташон ба назар намерасид”.

“Ашкҳои сӯзони Ҳанонов, занандаи нахустин голи кишвараш ба Аморот аз хурсандӣ буд”, - менигоранд хабарнигорони сомонаи www.khabaronline.ir

“Ғурриши шерони порсӣ ларза ба пайкари иморотиҳо меандозад”, - бо ифтихору сурур мегӯяд шореҳи эронӣ.

Дар пушти шишаи мағозаҳои Қатар парчами Тоҷикистон ҳар ҷо насб шудаву арабҳо “Тоҷикистон, ба пеш!” – мегӯянд.    

Табрикоти самимиву суханони пурмуҳаббати аҳли сайёра ба муносибати пирӯзии дастаи милии Тоҷикистон бешумор асту умед мебандем, ки бо дуоҳои “Бонувони Тоҷикистон” ин муборакбодҳо бардавом бошад!

 

 

:.  Хабарҳо 29.01.2024 16:32 208

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz