20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёдгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон

 

3300nkjgnvbf

 Дар арафаи ҷашнҳои фархундаи кишвар - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдаввсӣ Конференсияи сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёдгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар оғоз меҳмонону иштирокчиён аз намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 ноҳияи Фирдавсӣ ороста шуда буд, дидан намуданд.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ Саодат Шукурова, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, оғоз бахшида, иброз дошт, ки ёдоварӣ аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва хизматҳои бузургу беназири Президенти кишвар дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёдгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба тарбияи маънавии ҷомеа, ба хусус, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату ватандорӣ нигаронида шудааст.

Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони зимоми давлатдориро ба ихтиёри Сарвари ҷавону хирадманд вогузоштанд, ки бо нахустин Паёми сулҳофаринаш ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумро бовар кунонид, ки бо иттиҳоду сарҷамъӣ, сабру таҳаммулпазирӣ ва бахшиши ҳамдигарӣ метавон Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот бахшида, садҳо ҳазор ҳамватанони дар ғурбат уфтодаро ба Ватан бозгардонид.

Дар чорабинӣ ҳамчунин узви КМИРТ доктори илмҳои фалсафа профессор Махфират Хидирзода, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Одиназода оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолиятҳои сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки таҷрибаи сулҳофарии Сарвари давлат ва ҷаҳду талошҳояшон дар масири бунёдгузории давлати соҳибистиқлол мактаби муҳими тарбия барои сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Дари идомаи чорабинии сиёсии зери унвони “Нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёдгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон” филми мустанади “Наҷотбахши миллат”, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон таҳия гардида буд, пешкаши иштирокчиёну меҳмонон гардонида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони маъруф ва дастаҳои ҳунарии кишвар бо барномаи идонаи худ хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Далер Шарифов ноҳияи Фирдавсӣ

 

:.  Хабарҳо 14.11.2023 13:36 281

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz