19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва нумӯи Тоҷикистон

 

1891lhmbjv

 Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 14-уми ноябр дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва нумӯи Тоҷикистон” баргузор гардид.

Конфронс бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят доир гардида, дар он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъулони дастгоҳи идеологӣ ва маънавиёти шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯёну сиёсатшиносон ва ҷавонони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, бо ёдоварӣ аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар таъмини сулҳу осоиштагӣ, барқарорсозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкиму ташаккули рукнҳои давлатдорӣ ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки фаъолияти пурсамари сиёсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои сиёсатшиносону ҷавонони худогоҳи Тоҷикистон, балки барои ҷомеашиносон, сиёсатмадорону пажуҳишгарони кишварҳои гуногуни олам ҳамчун мактаби беназири сулҳовариву давлатсозӣ арзёбӣ мегардад.

- Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аз ҷониби вакилони мардумӣ роҳбари ояндаи кишвари дар гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандӣ мондаро интихоб намуда буданд, Сарвари ҷавони мамлакат дар нахустин суханронии хеш ба мардуми азияткашида Паёми сулҳро ироа намуд. Ҳамин тавр, Иҷлосияи тақдирсоз сарчашмаи таҳкими қонуният ва барқарорсози ҳокимияти давлатӣ гардид, ки минбаъд санаи 6 ноябри соли 1994 ҷиҳати баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаи қонунӣ фароҳам овард ва мардум якдилона нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.

Дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва нумӯи Тоҷикистон” декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хуҷамурод Сафарализода, муовини сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед оид ба хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши таърихиву тақдирсози Пешвои муаззами миллат дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини сулҳу осоиштагӣ, наҷоти миллату давлат аз парокандагӣ ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки маҳз бо ҳидояту роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули 31 соли баъди Иҷлосияи сарнавиштсози миллат Тоҷикистон ба рушду тараққиёти беназир ноил гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пешрафтҳои беназир мушоҳида мегардад.

Дар ин давраи муҳими миллату давлатсозӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари амну осоишта рушду пешрафтҳои бузург дошта, Сарвари давлат бо ташаббусҳои муҳим дар самти ҳалли мушкилоти глобалии сайёра миллату давлати моро миёни оламиён муаррифӣ менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ шоир Амиршоҳи Хатлонӣ бо қироати порчаҳо аз достони “Ҷаласаи қисмат” хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

Шаҳри Бохтар

 

          

:.  Хабарҳо 14.11.2023 12:34 266

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz