Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Фестивали “Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот” баргузор гардид, ки дар он намояндагони бахши соҳибкорӣ ва Филиалҳои бонку ташкилотҳои қарздиҳӣ ва Созмонҳои сармоягузориву дигар шарикони рушд ширкат варзиданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни Фестивал аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳибкорони вилояти Хатлон дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бахши хусусӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд ҳазорон нафар бонувони соҳибкори вилояти Хатлон бо бунёду таъсиси корхонаву коргоҳҳои хурду бузург дар рушди истеҳсолот ва таъмини ҷойи кор барои сокинони деҳот нақши бузург гузошта истодаанд.
Дар намоиши дастовардҳои бонувони соҳибкори вилояти Хатлон зиёда аз 100 номгӯи молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандони номвари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ инчунин Филилалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ, ки дар вилоят фаъолият доранд, намунаи дастовардҳо ва лоиҳаву барномаҳои қарздиҳии худро пешкаши иштирокчиён намуданд.
Маросими расмии Фестивали “Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот” –ро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ бахшида, бо ёдоварӣ аз нақши бонувон дар ривоҷу равнақи соҳаи соҳибкорӣ ва саҳми ташкилотҳои қарздиҳӣ ва шарикони рушд дар ин самт ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки чорабинии имрӯза ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот, ки ҳамасола санаи 25 октябр дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории Фестивали мазкур баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирии бонувон дар самтҳои соҳибкорӣ ва такмили донишу маҳорати бонувони ҳунарманд мебошад, ки дар пешрафту тараққиёти кишварамон ба хусус соҳаҳои мухталифи вилояти Хатлон нақши муҳим мебозанд.
Тавре ки зимни суханронии худ раиси вилояти Хатлон изҳор дошт, бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ҷиҳати дастгирии соҳибкорон иқдомҳои муҳим рӯи кор омада истодааст. Ҳамчунин, дар соли 2024 ҳаҷми умумии грантҳои раиси вилояти Хатлон як баробар зиёд хоҳад шуд.
Дар чорабинӣ инчунин, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, намояндагони Созмонҳои хариявӣ ва дигар шарикони рушд суханронӣ намуда, аз дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи соҳибкорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар идомаи Фестивал аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қатор соҳибкорзанон, ки бо татбиқи лоиҳаҳои угногуни тиҷоратӣ дар рушди истеҳсолот, таъмини ҷойи кор барои сокинони деҳот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулоти ватанӣ саҳми муносиб гузоштаанд, бо сипосномаҳо сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ ба даҳҳо нафар соҳибкорзанон ки дар самтҳои гуногуни рушди соҳаи тиҷорат ва бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду миёна лоиҳаҳои тиҷоратӣ пешниҳод намуда буданд, маблағҳои грантии раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Тибқи иттилоъ Фестивали “Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот” идома дошта, дар қисмати дуввуми имрӯз соҳибкорзанон самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкориро дар гуруҳҳо баррасӣ хоҳанд намуд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ,шаҳри Бохтар