Санъати миллии гулдӯзии тоҷикӣ «Чакан» дар намоишгоҳи «Эҷоди ҷаҳони беҳтар», ки бахшида ба рӯзи таъсиcи Созмони Милали Муттаҳид 24 октябр аз ҷониби Директори генералии Дафтари Созмон дар Женева Татяна Валовая ифтитоҳ гардид, муаррифӣ шуд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар намоишгоҳ «Чакан» – санъати миллии гулдӯзиро, ки соли 2018 ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид шудааст, муаррифӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эътирофу дастгирии аҳамияти ҳунарҳои мардумӣ дар саросари ҷаҳон ва таблиғи фарҳанг ҳамчун василаи муколама байни миллатҳо мебошад.
Меҳмонон дар намоишгоҳ бо анъанаҳои миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки «Чакан» ҳамчун як навъи ҳунари мардумӣ дорои таърихи бисёр қадимӣ буда, бо рӯзгор, расму оин ва ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик иртиботи зич дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»